Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос аз Кумитаи иҷроияи ИДМ

 

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил А. Смагулов номаи сипос омад.

Дар матни нома ҷаноби Смагулов аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Вазири фарҳанг ва аҳли кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи XXXIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, меҳмондӯстӣ, барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ изҳори сипос менамояд.

Боиси зикр аст, ки Ҷаласаи XXXIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ 18-19 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазирони фарҳанг, муовинони аввал, муоивонон ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ аз кишварҳои ИДМ баргузор гардида буд.