Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид

3 октябри соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Забон – моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол ” ба вуқӯъ пайваст.

Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ташкил гардид, намояндагони мақомоти мазкур, Кумитаи забон ва истиҳот, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, муассисаҳои олии таълимии тобеи Вазорати фарҳанг, забоншиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, оид ба аҳамияти забони давлатӣ ва пос доштани он ҳарф зад.

Ходими калони илмии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” Меҳроб Ҷумаев дар мавзӯи “Забон – муҳимтарин рукни матбуоти миллӣ” маъруза ироа намуд.

Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар васфи Ватан, Забони модарӣ ва Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияии Шоҳмансур сипосномаҳо супорида шуд.