Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Адолати таърихӣ довар аст

Мардуми тоҷик аз қадимулайём, аз он рўзе, ки худро мешинохт ба қадри сухан, зиндагӣ ва пеш аз ҳама ба қадри инсонҳо, новобаста аз мавқеъ, забон, макони ў дар ҷамъият мерасид. Аз хурд то калон барои расидан ба зиндагии шоиста, серию пурии қавму миллати хеш меҳнати самарабахш менамуданд. Ба расму ойин ва тамаддуни дигар миллатҳо арҷ мегузоштанд. Агар ба таърихи башар назар афканем, аён мегардад, ки миллати тоҷик дар тўли ин солҳо ҳеҷ гоҳ барои ғасб кардани мулки аҷнабӣ кўшиш ба харҷ надодааст. Ин миллат дар ҳама давру замон баҳри ободии хона, деҳа, шаҳр ва дар маҷмўъ мулки хеш шабу рўз пурсамар меҳнат менамуд.

Гузаштагонамон барои зиндагии шоиста дар ҳама шароит бо ҳамсояҳо, дигар миллатҳо роҳҳоеро меҷустанд ва онҳоро амалӣ месохтанд, ки зиндагиашон самар орад, деҳаҳо, шаҳрҳо ободу зебо гарданд. Миллати тоҷик бо дигар миллатҳои ҳамсоя - ўзбекҳо, қирғизҳо, русҳо, қазоқҳо пайваста дар иртиботи дўстӣ ва ҳамзистӣ қарор доштанд. Ҳамин сарчашмаҳои боэътимоди зиндагӣ буд, ки фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон ташаккул ёфт.

Мақоми таърихии миллати мо дар пайвастагӣ бо пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки халқҳои ҳамсоя, бахусус қирғизону ўзбекон тақвият ёфт. Аллакай то бунёди давлати абарқудрати ҷаҳон - Иттиҳоди Шўравӣ (СССР) муносибати тоҷикон оҳиста – оҳиста бо ҷойи зист, забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фархангӣ ва усули давлатдории дигар халқиятҳо ба монади қирғизҳо тағйир меёфт.

Тоҷикон бо як меҳру муҳаббати беандозаи инсонӣ қирғизонро барои зисти муқимӣ дар заминҳои худ ҷой медоданд. Ё худ ба заминҳои маскун гардидаи қирғизҳо рафта, хона сохта, сокини муқимӣ мегаштанд. Дар Тоҷикистон мулкҳои қирғизнишин бунёд гардиданд. Аз ҷумла, ҳоло бештари сокинони ноҳияҳои Мурғоб, Ҷиргатол қирғизҳо мебошанд, ки гузаштагони онҳо дар ин ҷойҳо зиндагӣ карда, муқимӣ шудаанд. Ҳоло дар шаҳрҳои Ҷалолободу Хуҷанд, Бишкек, Панҷакент, Ўш, Конибодом, Бодканд, Исфара, Лайлак даҳҳо ҳазор нафар тоҷикону қирғизон дўстона дар пешрафти ҷомеаи навин саҳм мегузоранд. Ба ҳамин васила робитаҳои фарҳангӣ байни тоҷикону қирғизҳо торафт густариш ёфта, ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт, саноат, фарҳанг, бахусус мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ ва ғайраҳо мубаддал мегаштанд.

Ҳамин ба ҳамойии фарҳангҳо боис шуд, ки миёни тоҷикону қирғизҳо робитаҳои дўстӣ боз ҳам қавитар гардид. Айни замон ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи тамаддуни тоҷикону қирғизҳо густариш меёбанд. Хушбахтона, дар асри 21-ум бо шарофати шаклҳои гуногуни гуфтугўҳо дар сатҳи роҳбарони олии мамлакатҳо арзи ҳастӣ карда, робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дучанд мегарданд. Аммо бо сабаби баъзе нофаҳмиҳо чанд муддат аст, ки муноқишаҳои марговар байни тоҷикони марзӣ-ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қирғизони ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ба назар мерасад. Барои ҳалли мусолиматомези даргириҳои марзӣ аз ҳар ду тараф ҳам кўшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд. Ин аст, ки сари ҳар чанд вақт мутаассифона, шоҳиди танишҳое мегардем, ки дар бисёр мавридҳо боиси ҳалокат ва захмин шудани сокинони маҳаллӣ ва марзбонони ду тараф мешаванд, ки ягон заминаи воқеӣ надоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки бештари он аломатгузорӣ карда шудааст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Қирғизистон аксияи Ҷавонони тоҷику қирғиз барои коҳиши танишҳои марзӣ идома доранд. Ҳадафи асосии ин иқдом наздик кардани сокинони ду кишвар барои коҳиши танишҳо дар минтақа арзёбӣ мегардад. Ин чорабиниҳо ба таври васеъ дар минтақаҳои марказӣ ва дур аз маҳалли даргириҳои марзӣ мегузаранд. Зеро тибқи гуфтаи баргузоркунандагон, дар ин ҷойҳо сокинони маҳаллӣ ба далели дурӣ аз минтақаҳои пуртаниши марзӣ бештар таҳти таъсири овозаҳо ва маълумоти нодуруст қарор доранд. Аз ин рў, ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки бори дигар ҳар ду мардум дарк намоянд, ки тоҷикону қирғизҳо дар ҳама давру замон бо ҳам дўсту бародар буданд ва ин анъанаҳои бузургниёгонамонро бояд насли имрўз содиқона идома диҳанд.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид намудаанд: «Мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ, шовинизми миллӣ ё бузургдавлатӣ надорем, ба арзишҳои миллӣ, мероси таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии бародарони ҳамзабон ва ҳамсояҳои дуру наздики худ аз рўйи тамаъ ё ғарази ноҷо муносибат намекунем. Бигузор ҳақ ба ҳақдор бирасад ва адолати таърихӣ миёни мо довар бошад». Ин гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ бори дигар моро водор менамояд, ки таърихи гузаштаю имрўзаи миллат ва давлату давлатдориро хубтар омўзем. Ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳоӣ ёфта, дар зери Парчами истиқлолияту якпорчагии ватани азизамон муттаҳид гардида, иттиҳоду ваҳдати хамешагиро пеша намоем. Ҳар як порчаи ватани азизамонро тавассути якдигарфаҳмӣ, садоқат ба ватану модар, давлат ва миллат ҳифз намоем ва бо тамоми ҳамсояҳо дўстона ва бародарона муносибат намоем. Таърих то ба ҳозир роҳи аз ин беҳтареро кашф накардааст. Ҳақ ба ҷониби шоир, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода аст, ки фармудааст:

Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.

Музаффар Давлатзода,
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон