Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Забон оинаи тафаккури миллат

 

3 октябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Забон оинаи тафаккури миллат” баргузор гардид.

Чорабиниро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринрот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи муаллимон табрику шодбош гуфт.

Дар конфронс Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Забони давлатӣ - шиносномаи миллат”, Зоҳидҷон Қӯрғонов - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Забон рукни асосии миллат”, Сайфия Исломова - корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Забон нишони миллат ва пояи давлат аст” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Раиси Иттифоқҳои касабаи фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ Фотима Қодирова, намояндагони муассисаҳои раёсати фарҳанги вилоят, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак.Б.Ғафуров, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, муҳассилини Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Рустамов”, намояндагони ВАО ва кормандони Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”иштирок карданд.

Барномаи адабӣ таҳти унвони “Забон дар арсаи таърих” бо иштироки муҳассилини Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Рустамов” ба чорабинӣ ҳусни тозаеро бахшид.Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашн дар толори Осорхонаи таърихӣ гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи “Забон хишти аввалини кохи миллат” ташкил гардид.

Наргисахон Бузурукова
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”