Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПОЙДОРИИ ЗАБОН - ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ АСТ

4 октябри соли 2019дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба «Рузи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ –назариявӣ баргузор гардид.

Конфрон аз ҷониби кормандони китобхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ташкил гардида, бо иштироки васеи хонандагон, олимон, шоирон ва аъзоёни ташкилоти ҷумҳуриявии ҷавонон «Созандагони Ватан» доир гардид.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оғоз намуда, қайд намуд, ки забон ифодагари тафаккури шахс ва миллат аст. Забони давлатӣ боигарии бебаҳои ҳар шаҳрванди ин сарзамин буда, ҳамроҳ бо дигар рамзҳову муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон дар ҳаёти мо нақши махсус дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи моро мебояд, ки дар кори бунёду устувории Ватани азизамон дар роҳи сулҳу суббот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ҳама якдилона хизматҳои барҷаста намоем. Инчунин шоираи ширинкалом Хосият Вализода, шоир Лутфи Хомӯш, сардори бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Бибинур Хушвахтова , корманди китобхонаи вилоятӣ Таҳмина Шамсуддинова ақидаҳои хешро оиди масъалаҳои асосии инкишоф ва рушди забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ баён намуда, муҳаббати бепоёни худро нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати гул-гулшукуфӣ, пешрафту тараққиёти Ватани азизамон изҳор намуданд.

Дар охир аъзоёни маҳфили «Ганҷи дониш»-и назди китобхона бо қироати шеър ва суруд хотири ҳозиринро шод намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Саодат Абдулҳакимзода, 

- корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб