Сомонаи пешина | Дш, 16 Июл 2018 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017 ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа дар соли 2018

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол  фаъолияташро дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни мамлакат таҳия гардидаанд, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашнҳои 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ равона намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба анҷом расонд.

Тибқи нақшаи корӣ барномаҳои махсуси чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии сол пурра иҷро гардиданд, ки омили ташаккули маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, баҳри рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ заминаҳои устувор фароҳам оварданд.

Дар иртибот ба иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№16/10-131, аз 6.06.2017) вобаста ба татбиқи нишондодҳои банди 28-и Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидидани «Соли ҷавонон» ва банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳайатҳои эҷодӣ ташкил гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ рўи кор оварда шуданд. Нақшаи кории солона пурра иҷро гардида, дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара 49 масъалаҳои рўзмарраи ҳаёти фарҳангии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, доир ба пешрафти соҳа чанд қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардиданд.

 

I. СОҲАИ САНЪАТ

 

Муассисаҳои театрию консертии Вазорати  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли 2017 ҷиҳати амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар фаъолияти худро такмил дода, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар асноди ҳуқуқиву меъёрии соҳавиро мавриди роҳбарӣ ва иҷро қарор доданд. 

Тамоми муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои Артиши миллӣ, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Рўзи Шашмақом, Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Рўдакӣ, Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рўзи Фалак, Фестивали ҷумҳуриявии кўдакон ва наврасони ҳунарманд “Сапеда”, Рўзи Конститутсия, Рўзи театри тоҷик, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Парчами давлатӣ барномаҳои махсус таҳия намуда, дар барномаҳои фарҳангии сол фаъолона  иштирок  намуданд.                                                               

Дар доираи баргузории мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонувони фаъоли кишвар бахшида ба Рўзи Модар 7 марти соли 2017 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо ҷалби беҳтарин истеъдодҳои ҷавону наврас аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ барномаи консертӣ таҳия ва пешниҳоди иштирокчиён гардид. Инчунин баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Навниҳолони боғи санъат”, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир гардид, собит намуд, ки дар байни наврасон истеъдодҳои ҳунар хеле зиёд буда, рушди минбаъдаи фарҳанги кишварро бонизом идома медиҳанд.

Иди Наврўзи байналмилалии имсола дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дар боғҳои фарҳангӣ бо ҷалби шоирону нависандаҳои шинохта, бо беҳтарин овозхонон, дастаҳои ҳунарӣ маҳфилҳои идонаи шеъру суруд хеле хотирмон баргузор гардид.

Ба тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёту фаъолияти собиқадорони  соҳа эътибори ҷиддӣ дода шуда, бахшида ба 100-солагии Артисти Халқии СССР, Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рўдакӣ Тўҳфа Фозилова ва 20-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш 17 театри касбӣ ширкат варзида, намоишҳои беҳтарини тайи ду соли охир таҳиякардаи худро ба қазовати мухлисони сершумор ва ҳайати ҳакамони ҷашвора пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дар рафти ҷашнвора се намоиши ғайриозмунӣ манзур гардонида шуд.

Бо дарназардошти ислоҳи эроди Пешвои муаззам доир ба беҳбудии фаъолияти театрҳои касбӣ театршиноси маъруф, профессор Н.Ф.Щербина бо коргардонҳои театрҳои ҷумҳурӣ дарси маҳорат гузаронд, ки дар рафти он нозукиҳои ин касби мушкилписанд маълумоти муффасал дода, ба саволҳои ҷамъомадагон ҷавобҳои саҳеҳ дода шуд.

Инчунин дар ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ«Парасту-2017» ду мизи мудаввар дар мавзўи «Тўҳфа Фозилова – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Театри тоҷик ва дурнамои он» доир гаштанд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” дар майдони назди Парчами миллӣ Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Насли Истиқлол» бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар аз ҳисоби донишҷўёни макотиби олӣ, кормандони вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои пойтахт баргузор гардида, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоу-барномаи фарҳангӣ зери унвони “Базми ҷавонӣ” бо фарогирии мавзўъ ва мундариҷаи тозаву рангин  бо ширкати ҳунармандони ҷавон ва чеҳраҳои тоза доир гардид.

Ҷашни Ваҳдати имсола дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фарогирии теъдоди зиёди ҳунармандони касбӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чун ҳамасола бо пешниҳоди сенарияи намунавӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар сатҳи баланд доир шуда, ба намоиши дастовардҳои якдилонаю дурбинонаи Пешвои муаззам аз тарафи тамом хурду бузурги кишвар табдил ёфт.

Барномаи  намоиши театришуда  бахшида ба  26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Дар  шоҳроҳи Истиқлолият»  бо истифода аз дастгоҳҳои техникии муосири саҳнавӣ дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ аз ҳамқадами замон будани ҳунармандони тоҷик шаҳодат дод.

Инчунин ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангину пурмуҳтаво ва ҷолиби устодони санъати ҷумҳурӣ дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣҚасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ вакилони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд  доир гардид.

Дар 17 театри касбии кишвар 63 асари нав рўи саҳна омаданд, ки 40 асари драматургони тоҷик ва 23 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 27 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 36 намоиш рўи саҳна омад.

Бо назардошти баланд бардоштани маҳорат ва ҳавасмандии муаллифон Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Ба озмун 12 асари драмавӣ пешниҳод шуда буд. Тибқи қарори ҳайати Шўрои бадеӣ ба асарҳои Т.Мамадризоев “Баҳори Фаронса” ва Ҷ.Қуддус “Ҷангсолор” ҷои дуюм ва ба асарҳои А.Ҳамдам “Дар кўчаҳои қисмат” ва Н.Шарифов “Ишқ аз тариқи интернет” ҷои сеюм дода шуд. Пйесаҳои ғолиби озмун дар шакли китоб интишор ёфта, ба муассисаҳои театрӣ дастрас карда шуданд.

Дар соли ҷорӣ бо тавсияи бахши драмавии Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 асари драмавии адибони тоҷик харидорӣ гардиданд, киаксарияти онҳо саҳнавӣ гардиданд.

Дар Театри давлатии академӣ драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар давраи ҳисоботӣ чор намоишнома саҳнавӣ гардида, маҳфилҳои эҷодӣ бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҳошим Гадоев ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева бо иштироки аҳли эҷодӣ ба тамошобинон хеле писанд омад.

Дар ин давра сафари ҳунарии ҳайати эҷодии театр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Файзобод, Шаҳритуз, Варзоб ва ғайраҳо баргузор гардид.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар давраи ҳисоботӣ як оперетта, ду балет, ду операро саҳнавӣ гардонд.

Инчунин бо ибтикори аҳли эҷоди театр бахшида ба 75-солагии Артисти халқии СССР Малика Собирова бо иштироки ситораҳои балети Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гала-консерт дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардида, Шоми мусиқии классикӣ бо композитори барҷастаи тоҷик Т.Шаҳидӣ доир шуд. Театр моҳи сентябр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод.

Дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский новобаста аз мушкилоти базаи моддӣ-техникӣ чор асар саҳнавӣ гардида, аҳли эҷоди театр ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд.

Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов дар давраи ҳисоботӣ шаш асарро саҳнавӣ гардонда, ҳайати эҷодии театр ба шаҳри Қўрғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ анҷом дод.

Дар Театри  давлатии лўхтаки  шаҳри Душанбе имсол се намоиш рўи саҳна омада,  аҳли эҷод  ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд сафари ҳунарӣ намуд.

Театрҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ низ дар ин давра фаъолияташонро беҳтар намуданд. Дар Театри мусиқиву мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа шаш асар, дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи  шаҳри Кўлоб, Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ — чор асарӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Театри тамошобини навраси  ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкин ва Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон, Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен ва Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт — се асарӣ саҳнавӣ шуданд.

Муассисаҳои театрии кишвар ширкат дар 5 фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский дар Фестивали байналмилалии «Балтийский дом» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо намоиши «Исповедь Омара Хайёма»,  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа бо намоишномаи “Лаку Пак”-и А.Қодирӣ ва И.Усмонов дар Фестивали байналмилалии театрӣ “АРТ-ОРДО” дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом бо намоишномаи «Суди девонагон»-и В.Шекспир дар таҳияи Х.Авлиёқулӣ дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Ҳиндустон ва дар Фестивали байналмилалии театрӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо намоиши “Дур аз Ватан”-и Б.Собир дар Фестивали байналмилалии “Саҳна бидуни марз” дар шаҳри Владикавкази Осетияи Шимолӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.

Рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» таҳти назорат буда, 2911278 сомонӣ ҷудо гардид.

Яке аз самтҳои муҳими амалишавии Барнома ин омода намудани мутахассисони касбии соҳаи театр мебошад. Айни замон, дар доираи амалишавии Барнома барои тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар дар донишкадаҳои Федератсияи Россия 13 нафар донишҷўён таҳсил карда истодаанд, ки солҳои минбаъда то як андоза норасоии мутахассисони соҳаро дар театрҳо пурра менамояд.

Фаъолияти муассисаҳои консертӣ ва Сирки тоҷик низ дар давраи ҳисоботӣ беҳбудӣ ёфт. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2017 муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба ҷашну идҳо ва тантанаю маъракаҳо фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили “Соли ҷавонон” дар Боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе 80 барномаи консертӣ, баргузории 10 маҳфили шеъру суруд дар доираи таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, 6 барномаи ҳунарӣ дар ҷамоатҳои шаҳри Турсунзода, баргузории 8 барномаи консертӣ дар Нерўгоҳи барқию обии «Роғун», 5 барнома бахшида ба Рўзи пойтахт, 13 барномаи консертӣ дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Вахш, Дўстӣ, Ҷайҳун, Ховалинг ва шаҳри Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон, 9 барномаи ҳунарӣ бо гурўҳи таблиғотӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, 8 барнома дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе дар рўзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 11 барномаи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рўзи Конститутсия, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатӣ ва вобаста ба таҷлили ҷашнҳои муҳими сиёсӣ  21 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар маҷмуъ 227 чорабиниро ташкил медиҳад.

Соли 2017 бо тавсияи бахши мусиқии Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 асари мусиқии композиторон харидорӣ шуда, чорабиниҳои фарҳангии сол истифода бурда шуданд.

Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти муассисаҳои консертӣ ва муассисаҳои театрӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад. Қисмати бештари муассисаҳои консертӣ бе нақшаи мушаххас фаъолият менамоянд.

Сатҳи касбии ҳайати ҳунарӣ ва бадеии аксарияти муассисаҳо ба талабот, ҳам аз ҷиҳати иҷроиш, интихоби репертуар ва эстетикаи саҳнавӣ пурра ҷавобгў нестанд.

  Аз ҷумла, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев, ки яке аз муассисаҳои калонтарини консертӣ ба ҳисоб меравад ва дорои тамоми шароит, аз қабили толор, гурўҳҳои ҳунарӣ ва базаи моддӣ-техникӣ мебошад, фаъолияти худро тибқи талаботҳои иқтисоди бозоргонӣ, яъне фаъолияти менеҷментӣ ба роҳ намондааст. Дар маҷмуъ сохтори ин муассиса ислоҳоти ҷиддиро тақозо дорад.

Роҳбарияти муассиса бояд тамоми шароитро барои фаъолияти гурўҳҳои ҳунарӣ муҳайё созад, ба ҳар гурўҳ меъёри баромадро дар сафарҳои ҳунарӣ ё саҳнаи худӣ муайян созад.

Бо назардошти ин ва бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти муассиса ба меъёрҳои замони муосир, ҷалби мутахассисони дорои тафаккури замонавӣ, ҳунарпешагони ҷавону болаёқат ва дар ин замина тақвият бахшидан ба рушди санъати касбӣ, ҳамчунин дар асоси хулосаҳои гурўҳи корӣ ва қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон таҷдиди комили сохтори муассиса гузаронида мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби гурўҳҳои ҳунарии муассиса 69 суруду оҳангҳои нав ва 18 рақси тозаэҷод таҳия гардиданд. Инчунин ҳайати ҳунарии муассиса ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Роғун, Рашт, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Турсунзода, Шаҳринав, Зафаробод, Айнӣ, Ашт, Панҷакент, Хуҷанд ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод. Ҳайати ҳунарии муассиса 112 барномаҳои консертиро ташкил ва баргузор намуданд.

Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврўз, Соли ҷавонон ва 20-уми солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ гурўҳҳои ҳунарии муассиса ба ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Ҷайҳун, Шаҳритус, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, Роғун ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом доданд.

Дар ин давра 31 асари нави мусиқӣ, аз қабили сурудҳои умумӣ, бадеҳа, дуэт  ва 23 рақси тозаэҷодро таҳия ва иҷро карданд. Муассиса тибқи нақшаи фаъолияти солона 150 барномаи ҳунариро ба 90414 тамошобинон манзур намуданд.

Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангии  ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои нақшавӣ  фаъолона иштирок намуда, дар ин давра 10 асари навро эҷод ва пешниҳод карданд.  Сафари ҳунарии ансамбл бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо муваффақият баргузор гардид.

Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи                                   Ғ.Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо рақсҳои мавзун саҳмгузорӣ намуданд.

Ҳайати ҳунарии муассиса дар давраи ҳисоботи ба ноҳияҳои Вахш, Дўстӣ, шаҳрҳои Турсунзода, Қўрғонтеппа, Роғун, Ваҳдат, Фархор, Файзобод сафари ҳунарӣ намуданд. Дар ин давра ҳайати эҷодии муассиса 19 рақс ва 10 оҳанги тозаэҷодро таҳия ва истифода намуданд.

Фаъолияти Маркази эҷодии «Илҳом» низ ба бознигарӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар айни замон кормандони Маркази эҷодии «Илҳом» дар таҳияи барномаҳо бахшида ба ҷашни “Сада” дар Боғи “Ирам” ва ба ифтихори таҷлили  Рўзи Артиши миллӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ҳамчунин дар баргузории намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи “Ирам”, Фестивали ҷумҳуриявии кўдакон ва наврасони ҳунарманд "Сапеда" ва дигар барномаҳои фарҳангӣ саҳм гузоштанд.

Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар семоҳаи охир тибқи нақшаи фаъолият силсилабарномаҳои ҳунарии тиҷоратиро ташкил намуда, аз ҳисоби даромадҳои ба даст омада қисман таъмири бино, толори машқии ансамбл ва воситаҳои нақлиётро ба сомон расонд. Ҳайати эҷодии муассиса бахшида ба Соли нави мелодӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон консертӣ хайривӣ доир намуда, аз ҳисоби даромадҳо ба интернатҳои маъюбони ноҳияҳои Варзоб ва Рўдакӣ асбобҳои мусиқӣ ва маводҳои ғизоӣ ҳадя карда шуданд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии №361 аз 28 июли соли 2017 дар заминаи Муассисаи давлатии “Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии кўдакон ва ҷавонон” Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар муассиса маҳфилҳои гуногун ташкил гардиданд, ки дар онҳо 110 нафар кўдакону наврасон дар маҳфилҳои “Шашмақомхонӣ”, “Карнайнавозон”, “Созҳои нафасӣ”, “Рақсӣ”, “Санъати тасвирӣ”, “Сарояндагон ва созҳои эстрадӣ”, “Асбобҳои зарбӣ”, “Омўзиши забонҳои хориҷӣ” ва ғайра ба касбомўзӣ машғуланд.

Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон дар соли сипаришаванда бо барномаҳои ҷолиби сиркии солинавии “Афсонагўи афсонаҳо” дар назди тамошобинони хурдсол ва кўдакони имконияташон маҳдуд ҳунарнамоӣ намуданд. 

Аз 11 феврал то 19 март дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон сафари ҳунарии Сирки Москва бо номи “Шоҳзодаи Миср ва 10 шер” дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид. 

Дар арафаи Иди Наврўзи байналмилалӣ ҳунаромўзони студияи сиркии муассиса барномаи ҷолиби ҳудро манзури ҳаводорони ин жанри санъат намуданд. Дар давраи ҳисоботи ҳайати эҷодӣ 28 намоишро ташкил ва баргузор намуда, сирки сайёри муассиса ба шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд. Фаъолияти муассиса дар солҳои охир дар ташкили сафарҳои ҳунари ба хориҷи кишвар назаррас буда, имсол ҳайатҳои ҳунарӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва Шоҳигарии Баҳрайн дар сатҳи муносиб санъати сиркии тоҷикро муаарифӣ намуданд.

Рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017” таҳти назорат қарор дошта, дар маҷмўъ барои иҷрои «Барномаи давлатии рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017” аз ҳисоби буҷети давлатӣ, Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби даромадҳои дохила 10 млн 86 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд, ки аз ин ҳисоб 3 млн 354 ҳазор сомонӣ аз худ гардид, ки 30% маблағҳои Барномаро ташкил медиҳад.

Гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ тўли соли 2017 дар 9 кишвари хориҷӣ дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат намуда, санъату ҳунари тоҷикиро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, ансамбли рақсии “Чаман” дар Фестивали байналмилалии “Роҳи абрешим” дар Ҷумҳурии  Ҳиндустон, ансамбли рақсии “Базморо” дар барномаи ҳунарӣ бахшида ба Рўзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро”ва ҳунармандони ансамбли “Помир”  дар баргузории Рўзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода ва ансамбли “Садо”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев дар Фестивали байналмилалии рақс дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой,  ансамбли рақсии “Базморо”дар чорабинии байналмилалии фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Озорбойҷон, Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, дар доираи баргузории Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Ансамбли рақсии “Зебо” ва ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, гурўҳи ҳунарпешагони  Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода дар Фестивал-конкурси  рақсҳои якка ба номи М.Эсанбаев дар Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ва дар Фестивали санъати кишварҳои Осиё дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

Соли 2017 бо тавсияи Шўрои бадеии вазорат 14 асари драмавӣ ва 16 асари мусиқӣ харидорӣ намуд, ки аксари онҳо саҳнавӣ гардиданд. Дар маҷмўъ давоми сол театрҳои касбӣ 63 спектакли навро таҳия ва рўи саҳна оварданд.

 

II. СОҲАИ ФАРҲАНГ

 

Муассисаҳои фарҳангии кишвар бо дарки баланди масъулият баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тарбияи маънавии насли ояндасози миллат, баланд бардоштани эҳсоси ватандўстию хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории навин саҳми арзанда мегузоранд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҷиҳати эълон намудани «Рўзи фарҳанг» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181 қабул гардид, ки ҳамасола 20 март ҳамчун Рўзи фарҳанг дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.

Инчунин, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» (аз 28 июли соли 2017, №361), лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 29 сентябри соли 2017, №455); лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби корбурди Феҳристи давлатии фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 4 ноябри соли 2017, №523) пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бо мақсади иҷрои нишондоди «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.02.2016, №53) лоиҳаи Консепсияи баргузории «Соли 2018 – Соли фарҳанг» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Шўрои миллии фарҳанги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№776, аз 12.11.2016) «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, суҳбату вохўриҳо, намоишҳои китобӣ, хулосаҳои библиографӣ, вохўрии хонандагони китобхонаҳо бо адибону олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.

Вазорат дар ҳамкории бо ходимони илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар чорчўбаи Барномаи давлатии «Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ» барои солҳои 2013-2020 баъзе фаъолиятҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом расонда, маводи этнографию санъатшиносии гирдоваришуда дар шаклҳои хаттӣ, сабти овозию видеогӣ ва аксҳо буда, ба бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии Пажўҳишгоҳ  супорида шудаанд.

Китоби “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” мувофиқи меъёрҳо ва талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар соли 2017 такмил ва чоп карда шуда, имсол шумораи сеюми силсилакитоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” интишор гардида, ба бахшу шуъбаҳои фарҳанги кишвар дастрас гардид.

Аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот номинатсияҳои «Оши палов ҳамчун хўроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016) ва «Наврўз» (2016, муштарак бо 11 кишвар) таҳияву пешниҳод ва сабт шудаанд. Номинатсияи “Санъати чакандўзӣ дар Тоҷикистон”  ҳамин сол таҳия гашта, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

Дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020» кормандони Пажўҳишгоҳ беш аз 70 касбу ҳунарҳои мардумиро омўхта, доир ба онҳо зиёда аз 20 мақола ба табъ расониданд.

Соли 2017 тибқи даъвати мудири иҷроия оид ба барномаҳои маҳаллии Бунёди хайриявии Халифа бин Зойид Оли Наҳён 5 нафар ҳунармандони мардумӣ бофандаи адрасу атлас, устои наққош, созҳои мусиқӣ, бофанда ва сангтарош дар Фестивали байналмилалии мероси фарҳангии «Зоҳид» дар Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб, панҷ нафар ҳунармандони ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Фестивали «Рўзҳои фарҳангии Шарҷа» дар шаҳри Шарҷаи давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон 5 нафар ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Фестивал-намоиши байналмилалии «Сураҷкунд Мелла» дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ду нафар ҳунармандони ҳунарҳои бадеии халқӣ дўзанда, косиб, наққош ба даври ҳафтуми «Фестивали мероси фарҳангии Зойид» дар Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуда, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба сокинон ва меҳмонони он пешниҳод намудаанд.

Дар маркази ҳунармандии Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент дар мавзўи «Саҳми ҷавонон дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардида, дар он ҷавондухтарон бо анъанаҳои сўзанидўзӣ, қуроқдўзӣ ва лўхтаксозӣ аз наздик шинос шуданд. Дар ин чорабинӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили сўзаниҳои гуногундўхт, дастархонҳои қуроқӣ ва либосҳои миллӣ ташкил карда шуд.

Дар радифи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд Фестивали «Атласу адрас» доир ва бо иштироки 500 нафар наврасону ҷавонон намоиши либосҳои кўдакона, рўзмарра, қадима, идона ва арўсиву домодӣ, ки аз ҷониби тарроҳони шаҳру ноҳияҳои вилоят омода гардида, манзури тамошобинон карда шуданд.

Дар тўли соли 2017 Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон «Биё, бо ҳам бихандем», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», Озмун барои хонандагон таҳти унвони «Мо ва Шоҳнома», Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих», Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ «Бозори ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир гардиданд. Инчунин, Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷ, Фестивали байналмилалии «Шашмақом», Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр», Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, Фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ», Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Бўстон – 2017», Шоу барномаи телевизионии «Парвин–2017», Фестивал-озмуни «Оши палов» ва даҳҳо озмунҳои вилоятию шаҳру ноҳияҳо бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор гардиданд ва як гурўҳ иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои зикршуда бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломи чорабиниҳо мукофотонида шуданд.

Дар Боғи миллии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи калони консертӣ, намоишномаи театрикунонидашуда ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардиданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашнҳои фархунда аз ҷумла, Рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон, Рўзи Рўдакӣ, Рўзи Китоб, Рўзи Шашмақом ва Фалак барномаи адабӣ-фарҳангӣ, сўҳбату вохўриҳо, намоиши китобӣ, маҳфили Рўдакихонӣ бо иштироки аҳли зиё ва сокинони касбу кори гуногун омода ва барпо шуд.

Бо мақсади татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохўрию суҳбатҳо дар мавзуъҳои «Ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он», «Фарзанди нағз боғи падар», «Исроф ҳаром аст», «Танзим баракати зиндагист», «Танзими анъана – тақозои замон», «Танзими анъана – асоси зиндагӣ», «Танзими анъана – роҳнамои ҳаёт» ва «Харҷи беҳуда дар тўю маъракаҳо» доир карда шуданд.

Аз моҳи май то ноябри соли 2017 рўзҳои шанбе ва якшанбе дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе – боғҳои «Ирам», «Рўдакӣ», «Парчами давлатӣ», «Дўстии халқҳо», Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун» ва Майдони 800-солагии Москва бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Рўзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои консертии ҳунармандони муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумию дастовардҳои вазорату идораҳо пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд.

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ва якшанбе дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки ҷавонони боистеъдод барномаҳои консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» ташкил ва баргузор гардиданд.

Дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукўҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон маҳфили «Дугонаҳо» бо номи «Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост» доир шуд.

Кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба муносибати Соли ҷавонон сўҳбати муфиде бо хонандагон дар мавзўи «Ҷавоно, сар мапеч аз панди пирон» ва ба муносибати 90 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов конфронси илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми Боймуҳаммад Ниёзов дар рушди мусиқии миллӣ» доир намуданд.

Бахшида ба соли ҷавонон ва 20–солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар бинои МТМУ №14 шаҳраки Дарбанди ноҳия Нуробод барномаи «Ширу шакар» бо иштироки шоири ширинкалом Ҷумъа Қувват доир гардид. Моҳи июн дар ҷамоати ба номи Иззатулло Ҳалимов бо иштироки раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва шоира Гулрухсор Сафиева барномаи фарҳангии «Ширу шакар» доир гардид.

Дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар мавзўи «Китоб – равшангари дилҳо» баргузор гардид.

Фаъолияти осорхонаҳо такмил ёфта, аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон 102959 нафар тамошобинон дидан намуданд, ки 3168 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил менамоянд. Кормандони Осорхонаи миллӣ 2008 экскурсия гузаронида, шумораи онҳо нисбати ҳамин давраи соли 2016 ба  миқдори 518 адад  зиёд мебошад.

Дар давоми соли 2017 аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ тавсифи  илмии 305 адад экспонати шуъбаи таърихи  бостон  ва  асрҳои  миёна ва 72 адад экспонати шуъбаи  табиат, 60 адад  созҳои  мусиқӣ ба охир расонида 200 адад китобҳои дастнавис ва чопи  сангӣ ташхиси илмӣ ва қисман феҳристнигорӣ карда, ба миқдори 2051 сиккаҳои гуногуни таърихӣ, 270 адад мусаввара, зиёда аз 30 зарфу ашёҳои мисӣ, 9 ададнамунаҳои кулолгарии муосирпоккорӣ ва 42 адад асарҳои санъати  тасвирӣ, 44 адад созҳои мусиқӣ тармим карда шуданд.

Дар вилояти Хатлон 19 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ мавҷуд буда, фонди умумии он 31 987 адад, соли равон 745 адад экспонат харидорӣ карда шудааст. Шумораи тамошобинон аз аввали сол то ба имрўз 940 201 нафарро дар бар мегирад.

Дар соли 2017 ба осорхонаҳои шомили «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» зиёда аз 20 000 нафар тамошобинон ташриф оварданд, ки миёни онҳо зиёда аз 50 нафар тамошобинони хориҷӣ низ буданд.

Дар ин муддат ба фонди муассисаи мазкур 388 нигора, аз ҷумла 69 адад ба тариқи харид ва 319 адад ба таври тўҳфа ворид гардиданд. Инчунин, феҳристи пурраи нигораҳои муҷтамаъ тартиб дода шуд. Шумораи умумии нигораҳо то 01.10.2017, 8327 ададро ташкил медиҳад.

Дар Осорхонаи ҳунармандони шаҳри Кўлоб бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ вохўрии донишҷўён, кормандони шуъбаи фарҳанг, Театри вилоятии ба номи С.Вализодаро бо узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаридун Асозода баргузор намуданд.

Дар вилояти Суғд 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-осорхона мавҷуд аст ва фонди умумии он 36643 адад, соли равон 134 адад экспонат харидорӣ карда шудааст. Моҳи апрели соли 2017 дар ноҳияи Шаҳристон осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент 68204 номгўи ашёи осорхонавӣ дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз буда, 17209 адади онҳо дар фонди асосӣ, 11919 адад дар фонди ёрирасон ва 39076 адад нигораҳо дар экспозитсияи толорҳо нигоҳ дошта шудаанд. Дар соли 2017 ҳамагӣ 15 адад ашёи арзиши таърихию фарҳангидошта аз ҳисоби харидории ашёи осорхонавӣ ба осорхона ворид гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ашёи осорхонавии хазинаи осорхона намоишгоҳҳои толори Саразм бо 7 адад олотҳои сангӣ ва гилӣ, толори Панҷакенти қадим бо якчанд намуди зарфҳои сафолии мунаққаши мансуб ба асрҳои V–VIII, муҷассамаҳои гилӣ ва маснуоти устухонӣ, толори Сомониён бо осори хаттии «Матлаъ-у-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»-и Воҷид ва «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, толори Рўдакӣ бо нусха-муҷассамаи Рўдакӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг тўҳфа гардидааст, толори мардумшиносӣ бо сандуқ ва сандуқча, кўрпачаҳои қуроқӣ ва либосҳо такмилу ғанӣ гардонида шуданд.

Инчунин, моҳи августи соли ҷорӣ вохўрии тамошобинони осорхона бо нависандаи маъруфи тоҷик Ўрун Кўҳзод ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим баргузор гардид.

Дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 8 хона-осорхона мавҷуд аст. Шумораи нигораҳои осорхона ва хона-осорхонаҳо 14937 ададро ташкил медиҳад. Дар соли равон 129 адад нигораҳои нав ба осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дохил гардиданд.

Соли 2017 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» эълон гардида буд, ки дар он тамоми осорхонаҳо фаъолона иштирок намуданд.

Дар  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 осорхона фаъолият намуда, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор соли ҷорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» барои фаъолияти хуби корӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Рўдакӣ зиёда аз 1100 номгўи ашёҳои гуногун: асбобҳои рўзгор ва кишоварзӣ, ҳунарҳои дастии мардумӣ, боигариҳои табиии кишвар, мусаввараҳо ва ғайра гирд оварда шудаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ нақши хоса мебозанд.

Дар маҷмўъ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта корҳои бештари илмӣ-тадқиқотӣ, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа бахшида ба ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ анҷом доданд.

Фаъолияти китобдорӣ тибқи талаботи даврон такмил ёфт. Соли 2017-ум  28273 нусха адабиёт ба маблағи  умумии  540821,13 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд. Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон  140298 нафар хонанда пазируфта шудааст, ки ба соли 2017 35589 хонанда рост меояд, ки нисбат ба соли 2016-ум 15040 нафар зиёд аст.

Китобхона тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мухталифи мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо китобхонаҳои 28 давлати ҷаҳон додугирифт дорад. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 10  китобхони хориҷӣ  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ амал мекунад.

Теъдоди хонандагони сомонаи Китобхона 299533  нафарро ташкил дод, ки  ба ҳисоби миёна дар як рўз 1000 нафар вориди он гардидаанд.

Миқдори хонандагони визуалӣ  138231  нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод  нисбат ба соли 2016-ум  42092 адад зиёд аст ва онҳо 414693 маводи электрониро истифода кардаанд.

Дар соли 2017 ба фонди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар 998 нусха китоб ба маблағи 23137 сомонию 48 дирам ворид гардидааст, ки аз ин 611 нусха ба маблағи 16853 сомонию 48 дирам харидорӣ шуда, 387 нусха ба маблағи 6284 сомонӣ аз ҳисоби адибону олимон тўҳфа гардидааст. Захираи китобии китобхона дар маҷмўи феҳристу картотекаҳо сабт шуда, қариб 600 нусха китоб дар шакли электронӣ нусхабардорӣ шудааст.

Дар давоми соли 2017 кормандони китобхона дар ҳудуди китобхона, нуқтаҳои китобдиҳӣ дар назди мактабҳо ва майдончаҳои солимгардонӣ ба 6292 нафар хонанда хизмат расонидаанд, ки онҳо ба китобхона 31861 маротиба ташриф оварданд ва ба онҳо 11974 нусха китоб дода шуд. Китобхона дорои «Системаи бақайдгирӣ ва муроҷиати электронии истифодабарандагони китобхона» мебошад.

Тибқи таҳлилҳо дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ 35846 нусха китобҳо дар шакли электронӣ маҳфуз аст, аз ин дар шаҳри Душанбе 23227 нусха, вилояти Суғд 167 нусха, вилояти Хатлон 7288 нусха, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5164 нусха, ки мавриди истифодаи хонандагон қарор доранд.

Барои хариди китобҳо дар соли равон тибқи маълумотҳои оморӣ 336874 сомонӣ, аз ин дар шаҳри Душанбе 114113 сомонӣ – (СКМ шаҳри Душанбе 8600 сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон 88660 сомонӣ, КДБҶ ба номи М.Миршакар 16853 сомонӣ); вилояти Суғд 58966 сомонӣ (Айнӣ 10000 сомонӣ, Ашт 1236 сомонӣ, Б.Ғафуров 14930 сомонӣ, Бўстон 5300 сомонӣ, Деваштиҷ 1000 сомонӣ, Спитамен 2000 сомонӣ, Хуҷанд 3527 сомонӣ, Китобхонаи вилоятии оммавии Т. Асирӣ 15473 сомонӣ, Китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи А. Шукўҳи 5500 сомонӣ), вилояти Хатлон 15100 сомонӣ, ВМКБ 78732 сомонӣ (Сарфи маблағ дар ноҳияҳои Дарвоз 1800 сомонӣ, Рўшон 8730 сомонӣ, Шуғнон 8000 сомонӣ, Рошқалъа 2708 сомонӣ, Ишкошим 6532 сомонӣ, Мурғоб 4200 сомонӣ, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи А. Рўдакӣ 2965 сомонӣ, Китобхонаи бачагонаи вилоятии 12000 сомонӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64674 сомонӣ ҷудо шудааст. Айни замон дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Кўҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Гулистон, Шаҳристон, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Норак, Сарбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Шамсиддин Шоҳин, Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Ҳисор, Шаҳринав, Ванҷ, Хоруғ маблағ ҷудо нагардидааст.

Соли сипаришуда 38 китобхонаҳои нав бунёд гардиданд, ки аз онҳо як адад дар шаҳри Душанбе, як адад дар вилояти Суғд, 8 адад дар вилояти Хатлон, як адад дар ВМКБ ва 27 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

Қобили қайд аст, ки сохтмони Қаср ва хонаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҳисор, Роғун, Ваҳдат, Сангвор, Тоҷикобод, Ашт, Ҷаббор Расулов, Кўҳистони Мастчоҳ, Ишкошим, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Бохтар, Хуросон, Рўшон, Дарвоз анҷом ёфта, пурра ба фаъолият шурўъ намуданд.

Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Конибодом, Исфара, Бўстон, Гулистон, Хоруғ, Ваҳдат, Турсунзода, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Файзобод. Рашт, Ванҷ, Ишкошим,Шугнон, Роштқалъа ба анҷом расонда шуданд.

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои фарҳанги ноҳияҳои Мастчоҳ, Шаҳринав, Тоҷикобод, Нуробод, Данғара, Ванҷ ва Шуғнон идома дошта, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Варзоб аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ идома меёбад.

Падидаи нави фарҳангӣ дар ин муддат таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омўзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва рақс дар назди Кохи фарҳанги «Суғдиён»–и шаҳри Хуҷанд мебошад, ки панҷ дастаи ҳунарӣ – ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғ.Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба намоишномаҳои театрӣ ва дарёфти падидаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Қурғонтеппа, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Рашт, Сангвор, Деваштич, Мастчоҳ, Ёвон, Муъминобод, Қумсангир, Рўшон, Ванҷ, Ишкошим ва Мурғоб 22 адад театрҳои халқӣ фаъолият доранд.

Инчунин, дар назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  90 адад ансамблҳо бо 1061 нафар ҳунармандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла дар ҷумҳурӣ 25 ансамбли тарона ва рақс дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Кўлоб, Хоруғ (3), Панҷакент, Лахш, Тоҷикобод, Қурғонтеппа, Ховалинг, Ҷ. Румӣ, Данғара, А. Ҷомӣ, Муъминобод, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Ёвон, Зафаробод, Спитамент, Ашт, Ишкошим, Дарвоз, Рошқалъа ва Шуғнон бо 193 нафар корманд фаъолият менамоянд.

Тибқи дастури Пешвои миллат 15 ансамбли шашмақомсароӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Бўстон, Қурғонтеппа, Файзобод, Б. Ғафуров, Зафаробод, Ҷ. Расулов, Ашт ва Шаҳристон бо 249 нафар корманд таъсис дода шуданд.

Инчунин 7 ансамбли фалаксароӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Гулистон, Қурғонтеппа ва ноҳияи Файзобод бо 151 нафар корманд фазои фарҳангии кишварро пур мекунанд.

Дар ҷумҳурӣ 18 ансамбли рақсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд (12), Конибодом, Истиқлол, Шаҳристон, Бўстон ва Ҷ. Расулов бо 254 нафар корманд, 6 ансамбли эстрадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бўстон, Ашт, Истаравшан, Ваҳдат, бо 69 нафар корманд, 10 ансамбли фолклорӣ–этнографӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Мастчоҳ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Хоруғ, Файзобод, Шаҳринав, Ҷ. Расулов, Конибодом (2) бо 113 нафар корманд, як студияи ҳаҷвӣ дар шаҳри Хуҷанд, як ансамбли карнайнавозон дар шаҳри Хуҷанд ва як ансамбли дойрабадастон дар шаҳри Конибодом фаъолият менамоянд.

Бунёду фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз соли гузашта, баъди эълон кардани Озмуни боғи беҳтарин вусъати тоза пайдо намуд.

Дар соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат бунёди боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бо арзиши 6 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр идома дошта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ба маблағи 14 625 сомонӣ зиёда аз 1400 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Спитамен барои харидории аттраксиони «Баттут» ба маблағи 26 000 сомонӣ, аз нав барқарор намудани чойхонаи миллӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнии шаҳри Бўстон 12000 сомонӣ, аз нав барқарорсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Исфарангии шаҳри Исфара 4,2 миллион сомонӣ, харидории арғунчаку чархофалакҳо насб карда шуданд.

Фаъолияти хизматрасонӣ ва ободонӣ ҷиҳати истироҳату фароғати шаҳрвандон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Қўрғонтеппа, Данғара, Ҷ.Балхӣ, Ҳамадонӣ, Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ба номи Сайфиддини Исфарагии шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ба номи устод Рўдакӣ, Умари Хайём, Кўли ҷавонони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияи Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рашт ва Хоруғ беҳтару хубтар буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ва соҳибкорони маҳаллӣ аттраксионҳои замонавӣ аз қабили арғунчаку чархофалак, лимпопо, дастгоҳи бозиҳои компютерӣ, мизҳои саққову тениси рўи миз таъмин ва шароити мусоид фароҳам гардиданд.

Аммо дар ноҳияҳои Балҷувон, Дўстӣ, Хуросон, Ховалинг, Ёвон ва Муъминободи вилояти Хатлон, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Файзобод, Рўдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт барои бунёди боғҳои фарҳангӣ–фароғатӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд, вале корҳои ободонӣ ҳанўз оғоз нагардидаанд ва танҳо дар рўзҳои ҷашнӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Дар боғҳои фарҳангӣ–фароғатии шаҳру навоҳии мазкур ғайр аз дарахтони сояафкану мевадиҳанда дигар намуди арғунчаку атраксионҳо вуҷуд надоранд.

Бинобар истифодаи тўлонӣ қисми зиёди воситаҳои асосии техникӣ ва таҷҳизоти боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кўҳнаву фарсуда гардида, дар аксарияти ин гуна боғҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи техникӣ, сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ва дигар асноди зарурӣ вуҷуд надорад.

Ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ аз аввали соли 2017 то имрўз дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ гаштанд.

Соли сипаришуда бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 24 август дар ноҳияи Темурмалик Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид. Бинои он аз 2 ошёна иборат буда, бо толор барои 400 ҷои нишаст бунёд шудааст. Инчунин, ба аҳли ҳунари ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

Биноҳои Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ва қисми бинои мазкурро таъмир намуда, дар ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмир 12000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар ноҳияи Дўстӣ аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Турапов Маҳмадюсуф ба маблағи 22 000 сомонӣ китобхона-филиали №10 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Бобоҷон Ғафуров сохта ба истифода дода шуда, дар ноҳияи Қубодиён бинои нав харидорӣ шуда, китобхона-филиали №1 деҳаи Чимғилиши ҷ/д Заркамар аз МТМУ50 кўчонда шуд. Инчунин, аз тарафи китобдор Бобоназарова Г. бинои нав ба маблағи 3500 сомонӣ харидорӣ шуда, китобхона–филиали №2 ҷ/д Заркамар аз бинои ҷамоат кўчонда шуд.

Дар ноҳияи Ёвон аз тарафи мудири китобхона-филиали №6 Шарипов Н. ба маблағи 2 000 сомонӣ китобхона таъмир карда шуд. Китобхона-филиали №21 аз тарафи мудири китобхона Тоҷибоева Т. ба маблағи 1200 сомонӣ таъмир шуд. Китобхона филиали №24 аз тарафи мудири китобхона Суярқулова О. ба маблағи 100 сомонӣ таъмир карда шуд. Филиали №25 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷурақулов Ш. ба маблағи 3500 сомонӣ таъмир карда шуд. Китобхона–филиали №22 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Тошов Б. ба маблағи 26 000 сомонӣ аз нав сохта ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Темурмалик барои таъмири бинои китобхонаи марказӣ ба маблағи 500 сомонӣ аз тарафи МИҲД-и ноҳия ҷудо гардидааст.

Дар китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кўлоб 5000 сомонӣ ва ба китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кўлоб 2000 сомонӣ барои таъмир ҷудо гардидааст.

Дар дохили боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Сарбанд бо тариқи шартнома аз тарафи соҳибкор Ҳусейнов З. ба маблағи 6000 сомонӣ ҷои «Саққобозӣ» ва мизу курсиҳо ба миқдори 8 дона сохта дода шуд.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ш.Шоҳин майдон барои баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ омода карда шуда, атрофи боғ бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карда шуд ва дар майдон рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва расмҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон овезон карда шудаанд. Дар маҷмуъ барои омода намудани боғи фарҳангӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 150 000 сомонӣ харҷ карда шуд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати обод намудани боғҳои фарҳангӣ қайд кардан ба маврид аст, ки айни ҳол 41 сотиқ замини боғ ба ду соҳибкор тақсим карда шудааст ва дар соли оянда тибқи нақша иншоотҳои маишӣ сохта мешавад. Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 40 000 сомонӣ як адад сўҳбаторо сохта шуд.

Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷайҳун дўкони китобфурўшӣ сохта шудааст, шаҳри Кўлоб 4 аттраксион ба маблағи 360 000 сомонӣ насб карда шуд, ноҳияи Фархор аз тарафи соҳибкор Ҳанипов Ёқуб 4 аттраксион, 5 мизи саққобозӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ ва Шарипова Гулбаҳор 2 адад аттраксион ва 1 адад арғунчак ба маблағи 18 000 сомонӣ насб карда шуд, ноҳияи Шаҳритус, ноҳияи Данғара, ноҳияи Ҳамадонӣ ва Носири Хусрав аз тарафи соҳибкорон шароитҳои фароғатӣ-фарҳангӣ оварда шуда, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Темурмалик, Вахш аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо таъмиру тармим гардиданд.

Дар шаҳри Кўлоб китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнӣ, дар ноҳияи Спитамен клуби деҳаи Навкат ва таъмири мактаби санъат, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксари муассисаҳои фарҳангӣ, дар шаҳри Панҷакент Кохи фарҳанг азнавсозӣ шуда, дар назди Осорхонаи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ боғи нави фароғатӣ бо гулгашту фаввораҳо сохта ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ барои таъмири хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Мастчоҳ аз буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ ҷудо шуда, бо дастгирии соҳибкорон таъмири хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдон ҷараён дорад.

Дар шаҳри Конибодом барои таъмири Қасри «Мошинсозон»–и ҶСШК «Бодом» аз буҷаи маҳал 20 000 сомонӣ ва аз сарчашмаҳои гуногун 120 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз фонди захиравии мақомоти шаҳр барои оинабандии китобхонаи марказӣ 20 000 сомонӣ, барои таъмири бинои нав 10 000 сомонӣ ҷудо гардид.

Аз ҳисоби соҳибкорони шаҳри Исфара барои таъмири китобхонаи марказии шаҳр 10 000 сомонӣ ва барои таъмири Қасри фарҳанг 3 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Аз сметаи бахши фарҳанги шаҳри Истиқлол барои таъмири утоқҳои корӣ 6 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз маблағҳои ғайрибуҷавӣ барои таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ ва корҳои ободонӣ 33 667 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Дар шаҳри Бўстон барои таъмири Қасри фарҳанги шаҳр 3800 сомонӣ ва барои кабудизоркунӣ 3300 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Инчунин, дар боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи С.Айнӣ ба маблағи 12000 сомонӣ чойхонаи миллӣ азнав барқарор карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон барои таъмири беруни бинои бахши фарҳанг 75722 сомонӣ маблағ масраф гардид.

Даромадгоҳ ва роҳравҳои Хонаи фарҳанги ноҳияи Деваштич ба маблағи 23 000 сомонӣ мумфарш карда шуд. Инчунин, ба китобхонаи бачагонаи ноҳия ба маблағи 3740 сомонӣ линолеум харидорӣ гардид.

Дар ноҳияи Айнӣ бинои клуби ҷамоати Ғабируд ба маблағи 101583 сомонӣ ва китобхонаи деҳаи Дар-Дар ба маблағи 78084 сомонӣ таъмир гардидааст. Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал ба маблағи 58120 сомонӣ тунукабандӣ, девори муҳофизатӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Барои таъмири бинои муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Рўдакӣ 15 512 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Дар шаҳри Ҳисор бо ёрии соҳибкорони саховатпеша ва мудирони бинои китобхона-филиалҳои №6, 9, 10 таъмири ҷорӣ карда шуда, маркази фарҳангу фароғатии №4 ҷ/д Ҳисор, китобхона–филиали №14 ва 4, маркази фарҳангу фароғатии ҷ/д Дурбат ба биноҳои нав кўчонида шуданд. Амфитеатри шаҳр ба фаъолият шуруъ намуд.

Бо дастгирии соҳибкорони шаҳри Ваҳдат 2 китобхонаи нав дар ҷамоати деҳоти Б. Бурунов ва ҷамоати деҳоти Гулистон сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар Барномаи давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2020 таъмиру тармими хонаҳои фарҳанги ҷамоати деҳоти Ромит, Карим Исмоилов, Раҷаб Исмоилов ва мактаби бачагонаи мусиқии шаҳр ворид карда шудаанд.

Дар ноҳияи Файзобод ба таври ройгон аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо либосхонаи Филармонияи халқӣ, бинои китобхона дар деҳаҳои Заркамар, Элок, Файзобод, Якабед ва таъмири капиталӣ дар хонаи фарҳанги навтаъсиси деҳаи Лолагӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба анҷом расида, ба истифода дода шуданд.

Дар ноҳияи Шаҳринав бинои китобхонаҳои деҳаи Баҳористони ҷамоати шаҳраки Шаҳринав, Мулошодии ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов, Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Турсунзода ба маблағи 5700 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмир гардида, таъмири хонаи фарҳангӣ ба маблағи 110 000 сомонӣ оғоз гардиданд.

Дар ноҳияи Лахш бинои нави китобхона дар деҳаи Оқсой ва клуб дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Лахш ба истифода дода шуда, сохтмони бинои китобхонаҳои деҳаи Қарамиқ ва Қоштегирмони ҷамоати деҳоти Алға ва Сартало дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Фарогирии шаҳрвандон ба таҳсил ва таъминот бо ҷои кор

Соли равон 19 нафар аз ВМКБ муассисаҳои таълимии олию миёнаи махсуси соҳаро хатм намуда, ба кор қабул гардиданд. Аз ҷумла, ноҳияҳои Дарвоз 2 нафар, Ванҷ 1 нафар, Рўшон 4 нафар, Шуғнон 3 нафар, Ишкошим 2 нафар, Роштқалъа 2 нафар, Мурғоб 2 нафар, шаҳри Хоруғ 1 нафар, ансамбли «Навои Бадахшон» 1 нафар, театри вилоятӣ 1 нафар мебошанд. Ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманди вилоят 25 нафар дохил шуданд. Аз ҷумла, аз ноҳияҳои Дарвоз 3 нафар, Ванҷ 2 нафар, Рўшон 6 нафар, Шуғнон 4 нафар, Роштқалъа 6 нафар, Мурғоб 2 нафар, шаҳри Хоруғ 2 нафар.

Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз тадбирҳо баҳри рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳанг дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос ҳанўз ҳам камбудиҳо ба назар мерасанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои як қисми барномаҳо аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи чорабиниҳои марказонидашудаи вазорат таъмин гардида, ҳангоми ташаккули буҷети вазорат маблағҳо бе назардошти барномаҳои мавҷуда, ё ба қадри нокифоя ҷудо карда мешаванд. Чунин вазъият татбиқи мукаммали нақшаи чорабиниҳои барномаро имконнопазир мегардонад.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӣ

Муассисаҳои  нашриявии вазорат дар  соли 2017 бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ  63  номгўй китоб, бо теъдоди 688095 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.

Дар соли 2017 муассисаи давлатии “Ирфон” 9 номгўй китоб  — 12400 нусха китобҳои нақшавиро ба табъ расонид. Аз ҷумла, китобҳои  “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ҷилдҳои 14-15 — 3600 нусха, “Независимость Таджикистана и возрождение  нации” ҷилдҳои 11-12 — 3600 нусха, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён” китобҳои 1-4 — 1000 нусха, “Таджики” китоби Б. Ғафуров — 800 нусха, “Шукуҳи Ваҳдат” — 400 нусха ба чоп расонд.

Дар Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» дар соли 2017 — 7 номгўй китобҳои нақшавӣ — 3145 нусха аз ҷумла,  “Энсиклопедия барои кўдакон” (бо расмҳои ранга) — 45 нусха,  асрҳои С. Айнӣ  “Аҳмади девбанд” — 500 нусха, “Одина” — 300 нусха, “Мактаби куҳна” — 500 нусха, “Дохунда” — 300 нусха, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” — 300 нусха, китоби “Ҷасорат”-и Ҳабиб Имодӣ — 300 нусха, дар маҷмуъ — 3145 нусха китоб  ба табъ расониданд.     

Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” 6 номгўй китобро ба нашр расонд, аз ҷумла, китобҳои  «Донишномаи Душанбе» — 500  нусха, китоби “Энсиклопедияи миллии тоҷик” — 5000 нусха ва  китоби “Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон” — 3000 нусха, китоби “Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” — 2000 нусха ба табъ расонд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз аввали соли 2017 ба маблағи 153535 сомониву 48 дирам китоб ворид гардид. То кунун  дар анбори корхона 144067 нусха  маводи чопӣ ба маблағи 1004987 сомониву 86 дирам маҳфуз аст.   

Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон” фаъолияти хешро аз рўйи Нақшаи кории  корхона ва супоришҳои Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба бойгонии муассиса зиёда аз 1200 нусха китоб, 4700 нусха рўзнома, 324 нусха маҷалла ва 94 нусхаи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки таҳлилу коркарди библиографии матни онҳо барои ворид намудан ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад.  Дар соли 2017 аз ҷониби ходимони “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” зиёда аз 30  мақолаҳои мутахассисони муассиса дар маҷалла ва маҷмўаҳои ватанию хориҷӣ интишор гаштанд.

ҶСК “Матбуот” соли 2017 ба маблағи 2125848 сомонӣ маҳсулоти полиграфӣ истеҳсол намудаст, ки 7 номгўй китобҳои дарсӣ ва плакат бо теъдоди 630000 нусха  аз ҷумлаи он мебошанд.

Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг — «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак» ва «Баҳори Аҷам»-у «Анбоз» дар мўҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахўрию ришваситонӣ, нашъамандию  нашъаҷаллобӣ  нигаронида  шуда буданд.

Рўзи матбуоти тоҷик 11 марти соли соли ҷорӣ дар бинои “Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” бо лавҳаю навиштаҷот, расму мусаввараҳои марбут ба соҳаи матбуот оро дода шуда, бо иштироки васеи  журналистону матбуотчиён бо ташкилу баргузории намоишгоҳи китобу нашрияҳои даврӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ ба таври хотирмон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур Вазорати фарҳанг як гурўҳ собиқадорони соҳаи табъу нашр ва матбуот, инчунин муассисаҳои нашриявию матбуоти даврӣ ва корхонаҳои полиграфиро бо мукофотҳои пулӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе — 2017” дар Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, дар ин намоишгоҳ намояндагони зиёда аз 7 давлати дунё  иштирок намуд.

Ба таври дилхоҳ ба фурўш  нарафтани  китобҳо, дар шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ фаъолият накардани мағозаҳои китоб, ба талаботи замон мувофиқ  набудани обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои тобеи вазорат проблемаҳои асосии соҳа мебошанд, ки ҳалли таъхирнопазирии худро тақозо доранд.

 

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

 

Соҳаи ҳуқуқи муаллиф фаъолияти худро бештар ба татбиқи қонуну қарорҳои соҳавӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои корӣ бо вазорату муассисаҳое, ки бо объектҳои ҳуқуқи муаллиф сару кор мегиранд, таҳияи маводҳои аҳдномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи соҳавӣ равона сохт.

Ҷиҳати иҷрои Нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», «Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)»,  ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 тасдиқ шудааст тибқи нақша фаъолияташро ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои муқаррароти онҳо корҳои муайянро ба сомон расонд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қобилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Маррокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» таҳия гардид ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои пешбурди омўзиши асосҳои моликияти зеҳнӣ бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷўёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон вохўриву суҳбатҳо гузарониданд.

Барои мутобиқ намудани қонунҳои соҳавӣ ва тағйироту иловаҳое, ки тариқи райпурсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 майи соли 2016) ворид гардиданд, лоиҳаи қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ва «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо мақомоти дахлдор  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод гардид.

Бо мақсади татбиқи пурсамару иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, ҷиҳати дарки моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур, мутобиқи Фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша – чорабиниҳо тартиб дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни кормандони муассисаҳои зертобеи вазорат ба роҳ монд ва аз натиҷаи амалишавии бандҳои дахлдори он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисобот пешниҳод намуд.

Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд кормандони шуъба тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва Нақшаи чорабиниҳои вазорат аз 08. 08. 2014 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 июли соли 2014 дар вохурӣ бо роҳбарон ва кормандони прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳукуқ «дар хусуси омўзиши сабабу омилҳои худкушӣ, бахусус дар байни ҷавонон ва дар натиҷаи он андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии он», корҳои муайянро ба сомон расонид.

Мутахассисони соҳаи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар мавзўъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва «Муайян намудани нусхаҳои ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва ҳифзи байналмилалии ҳуқуқҳои муаллифон», бо кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнии раёсати мазкур дар соли 2017 суҳбат – машварат доир намуданд. Ҳамчунин ҳангоми зарурат ба кормандони  шуъба оид ба масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, маслиҳату машваратҳо доданд.

Дар ин давра 57 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар барои гирифтани маслиҳатҳо оид ба ҳуқуқи муаллиф муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ карданд, ки аксари онҳо дар натиҷаи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо кумаки мақомоти дахлдор ҳал шуданд ва ё мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ҷиҳати иҷрои банди 8 «Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» моҳҳои 18 август дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва декабр дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаву идораҳои табъу нашр, саҳаҳои фарҳанг, мақомоти корҳои дохилӣ, гумрук ва воситаҳои ахбори омма дар мавзўи «Қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» суҳбат – машварат баргузор намуданд.

Дар суҳбат-машварат вобаста ба мавзўъҳои иҷрои муқаррароти қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф, пардохти ҳаққи қалами муаллифон аз муассисаҳои театрӣ, тарзи истифодаи дурусти муқаррароти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон, шартҳои шартномаи муаллфӣ ва тарзи бастани дурусти он, қонунгузории соҳаи фарҳанг ва меҳнат ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба шуъба пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон баррасӣ гардид ва ба 10 муаллиф шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд.

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва уҳдадории соҳавӣ аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд, ҳаққи қалам ҷамъ оварда шуд. Дар соли 2017 ба маблағи 144456,76 сомонӣ ҳаққи қалами муаллифон ҷамъ оварда шуд, ки аз он ба суратҳисоби шуъба101051,99 сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби маблағҳои ба суратҳисоб воридшуда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (1% ва 25%) 18161 сомонӣ, андоз аз даромад (13%) 8989,76 сомонӣ, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (10% ва 5%) 16045 сомонӣ, маблағ пардохт карда шуд. Аз БДА “Амонатбонк” ба андозаи 59800,77 сомонӣ ба хазинаи шуъба маблағ ворид гардид. Ба муаллифон ба маблағи 54409,58 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд.

 

V. ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӣ

 

Бо мақсади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва санъат, тақвияти базаи моддӣ-техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимӣ, мукаммалгардонии шаклҳои тарбияи кадрҳо, тақвияти  мақоми иҷтимоӣ ва такмили касбияти кормандони педагогӣ ва эҷодии муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирии таҳсилоти соҳа дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №392 «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия гардида, бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 29 ноябри соли 2017 таҳти №549 ба тасвиб расид. 

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд, ки аз ин миқдор бевосита дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 – мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат   фаъолият менамоянд.

Муасисаҳои таълимии соҳа дар иртибот ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» лексияю суҳбатҳо, вохўрию конференсияҳоро дар мавзўҳои «Асогузори Сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон —  ғамхори ҷавонон», «Ҷавонон терроризмро маҳкум мекунанд»,  «Ҷавонон —  зидди СПИД», инчунин дарсҳои тарбиявиро дар мавзуъҳои, «Ҷавонон — қувваи пешбарандаи ҷомеа», «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор намуда, рўзи 23 майи соли 2017 дар шоу-барномаи фарҳангӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рўзи ҷавонон доир гардид, ширкат намуданд.

Муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон «Ганҷҳои ҳунар» гардиданд.

Моҳи апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Бозиҳои XII-уми Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он  Идибек Тошев — хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев дар бахши «Созҳои миллӣ» ғолиби Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил гардида, бо медали тилло сарфароз гардонида шуд.

Бо дастгирии Вазорати фарҳанг рўзи 25 октябри соли 2017 хонандаи синфи 9 мактаби миёнаи №41 ноҳияи Б.Ғафуров Ғаффоров Абдуқаҳҳор дар Озмуни байналмилалии “Муғам”, ки дар шаҳри Боку дар байни иштирокчиёни 9 давлат, аз ҷумла, Эрону Туркия, Миср, Ўзбекистон ва дигарон сазовори ҷойи фахрии дуюм гашт.

Ҷиҳати ҷалб ва дарёфти ҷавонони болаёқат дар ҳамаи ин муассисаҳо  маъракаи   «Рўзи дарҳои кушод»  гузаронида шуданд.

Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия соли 2017 барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 32 нафар ба хориҷӣ кишвар фиристода шуданд.

Дар соли таҳсили 2016/2017 Консерваторияи миллии Тоҷикистонро 48 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 41 нафар аз шуъбаи рўзона ва 7 нафар аз шуъбаи ғоибона мебошад. Тибқи дархост ва талаботи воридшуда 42 нафар хатмкунандагон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Нақшаи қабули донишҷўён ба консерватория 157 нафарро пешбинӣ намуда, 157 нафар қабул гардиданд.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар ин муддат нақшаҳои нави таълимии ихтисосҳои сурудхонӣ (халқӣ) ва режиссёри намоишҳои оммавӣ ва идҳои шуъбаҳои ғоибонаи таълим, инчунин нақшаҳои таълимии бахши магистратура аз рўи ихтисосҳои рўзноманигори телевизион, санъати мусиқӣ ва режиссураро  таҳия ва тасдиқ намуд.

 Моҳи майи соли 2017 тақсимоти давлатии хатмкунандагон доир гардид ва тибқи он  128 нафар хатмкунандагони шўъбаҳои буҷетӣ ба ҷойҳои кор роҳхат гирифтанд.

Мувофиқи нақшаи қабул дар соли таҳсили 2017-2018 ба донишкада   ҳамагӣ 506 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки миқдор 351 нафар дар шуъбаи рўзона – 153 нафар буҷавӣ; 198 нафар шартномавӣ ва 133 нафар ба шуъба ғоибона – 11 нафар буҷавӣ;  122 нафар шартномавӣ дохил шудаанд. Инчунин, 22 нафар дар довталаб дар бахши таҳсилоти дуюм шомили донишкада гардидааанд. Аз рўи ҳисоб нақшаи қабули соли таҳсили 2017-2018 91% иҷро гардидааст.

Соли 2017 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 107 нафар аввалин хатмкунандагони худро ба фаъолияти меҳнатӣ равон  намуд. Хатмкунандагони донишкада ба истиснои 30 нафар (9 нафар дар факултети санъати тасвирӣ, 19 нафар аз факултети дизайн ва 2 нафар аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ), ки дар шуъбаи магистратура идомаи таҳсил доранд, боқӣ дар соҳаҳои мухталифи санъати тасвирӣ ва дизайн сафарбар шудаанд.

Соли таҳсили 2017-2018 ба курсҳои 1-ум — 354 нафар (290 нафар шартномавӣ, 60 нафар буҷавӣ, 4 нафар квота) донишҷў дохил шудаанд. Инчунин, барои идомаи таҳсил 36 нафар (10 нафар дар шуъбаи рўзона ва 26 нафар дар шуъбаи ғоибона), пурра тариқи шартномавӣ (пас аз хатми омўзишгоҳу ихтисоси дуюм) қабул шудаанд.

Мувофиқи нақшаи кабул барои соли 2017-2018 мебоист 460 нафар ба курси аввал ва 50 нафар барои идомаи таҳсил ё маълумоти дуюм ба донишкада қабул карда мешуданд. Нақшаи қабул дар соли таҳсили ҷорӣ 76% иҷро гардидааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов нақшаҳои  таълимӣ ва барномаҳои корӣ   таҷдиди назар карда  шуда, фаъолияти таълимӣ аз рўи стандарти нав ва барномаҳои ба он мувофиқ амалӣ гардонида шуданд.

Ба супоридани кори дипломӣ ва имтиҳони давлатӣ 42 нафар донишҷўён роҳ дода шуда, пас аз иҷрои он муввафақ гардиданд.

Соли таҳсили 2017-2018 ба коллеҷ 122 нафар, аз ҷумла 112 нафар ба шуъбаи рўзона ва 10 нафар ба шуъбаи ғоибона дохил шуданд. Аз 112 довталаби шуъбаи рўзона 70 нафар буҷавӣ ва 42 нафар шартномавӣ мебошанд. Довталабони шуъбаи ғоибона бошанд 10 нафар пурра ба шакли таҳсили шартномавӣ ба коллеҷ шомил шудаанд.

Мувофиқи нақшаи қабул бояд дар соли таҳсили 2017-2018 140 нафар довталаб, аз ҷумла 121 нафар рўзона ва 19 нафар ғоибона  қабул карда мешуд. Аммо дар маҷмуъ дар соли ҷорӣ 88% нақша иҷро гардидаасту халос. 

Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова» соли 2017 — 6 нафар донишҷўёне, ки ба аттестатсияи давлатӣ роҳ дода шудаанд, соҳиби тахассуси ҳунарпеша, омўзгор  гардиданд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 мутобиқи нақша бояд 40 нафар донишҷў қабул карда мешуд, аммо пас аз натиҷаи қоидаҳои умумии қабул ҳамагӣ 35 нафар қабул шуданд, ки ин 87,5%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» ҷараёни таълим аз рўи 11 ихтисос тариқи низоми анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз 41 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2016-2017  —  12 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи кишвар ва 8 нафар дар муассисаҳои олии соҳаи фарҳангу ҳунари Федератсияи Россия идомаи таҳсил доранд.

 Аз рўи нақшаи қабул 102 – нафар ба сафи донишҷўён қабул  гардиданд.   Нақшаи қабули донишҷўён 112 % иҷро шуд.

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бўйдоқов ин давра 276 нафар довталабон қариб аз 36 ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба комиссияи қабул ҳуҷҷат супориданд.

Дар маҷмуъ, пас аз ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул 165 нафар барои таҳсил роҳхат гирифтанд, ки ин 98 %-ро ташкил медиҳад.

Дар Коллеҷи санъати шаҳри Кўлоб ба номи К. Қурбонов шуъбаҳои рўзона  ва ғоибонаро соли таҳсили 2016 -2017 — 75 нафар хатм намуданд.               

Қабули довталабон ба 8 ихтисоси коллеҷ барои соли таҳсили 2017-2018 ба ҷойи 90 нафари нақша, 121 нафарро ташкил дод, ки ин 134,4%-ро ташкил медиҳад. 

Дар Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи С. Ҳофиз қабули довталабон дар соли 2017 — 200 нафарро ташкил дода, 100% иҷро гардид.

Муассисаи давлатии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев дар радифи Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ заминаи асосии  омоданамоии кадрҳои соҳа маҳсуб меёбад.

Фаъолияти соли 2017 Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот асосан дар самтҳои «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (2016-2020);  «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (2016-2020); «Вазъи имрўзаи фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо» (2016-2020) ва «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» (2016-2020)  ва лоиҳаҳое, ки ба ПИТФИ мутааллиқанд, сурат гирифт.

Дар асоси талаботи мавзўи илмии ПИТФИ «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (2016-2020), «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (2016-2020), «Вазъи имрўзаи фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо» (2016-2020), «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» (2016-2020) таҳқиқотҳои илмӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар соли 2017 аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 140 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 8 китоб, 132 мақолаи илмӣ, ба табъ расиданд. Ҳамзамон, сенария барои филми ҳуҷҷатӣ оид ба рақси мардумии тоҷик таҳия гардида, 60 мақолаи энсиклопедӣ доир ба «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ба идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик барои чоп супорида шуд. Кормандони илмии Пажўҳишгоҳ дар экспедитсияи шаҳри Кўлоб доир ба номинатсияи «Чакан» ширкат намуда, маводи мардумшиносӣ гирдоварӣ намуданд ва аксҳо бардоштанд. Ҳамин тариқ номинатсияи «Чакан» бо ҳуҷҷатҳояш дар ҳаҷми 35 саҳифа таълиф ва пешниҳод карда шуд.

Пажўҳишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ халқи тоҷик”-ро дар ҳаҷми 280 саҳифа чоп намуд.

Дар пажўҳишгоҳ лоиҳаи матни “Низомномаи намунавии Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардид.  Аз қисми 7-и «Китоби фарҳанги ғайримоддӣ», бозиҳои кўдакона аз забони тоҷикӣ ба забони арабӣ тарҷума гардид.

Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Маркази омўзиши мероси фарҳанги ғайримоддии Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) дар масъалаи таҳияи филми мустанад оид ба «Наврўз» ва «Мақом» ҳамкорӣ намуд.  

Барои ворид намудан ба луғати истилоҳотии соҳаи китобдорӣ 586 истилоҳи соҳавӣ гирд оварда шуд. То имрўз ба 2320 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва 200 нусха бо забони русӣ рақамгузорӣ карда шуда, барга тартиб дода шудааст, адабиётҳо тибқи феҳристи алифбоӣ ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки кормандони соҳаи фарҳанг метавонанд аз он истифода намоянд.

 

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӣ

 

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” №42 аз 06.08.2001с., Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангӣ” №178 аз 03.03.2006 с., инчунин дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, такмил дода шуда, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.  

Ҷиҳати ташвиқу тарғиби ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии миллӣ дар хориҷи кишвар ва ҷалби туризми ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ мутахассисон дар  Конфронсҳои зерминтақавии “Рушди сайёҳии устувор дар Роҳи бузурги абрешим”- 23-26.05.2017с., “Пешбурд, иҷро ва пешниҳоди ҳисобот оид ба Конвенсияи шаклҳои гуногунрангии худифодакунии фарҳангӣ”-24-25.07.2017с. (ш. Алмаато, Қазоқистон) инчунин дар Семинари зерминтақвии “Рушди стратегияи мудирият оид ба мероси ҷаҳонии  Роҳи  абрешим дар Осиёи Марказӣ, ки 13-14.09.2017с. (ш.Тошкент, Ўзбекистон)  баргузор  гардид, ширкат  варзиданд. Қайд намудан бамаврид аст, ки маҳз дар ин ҳамоишҳо кормандони шуъба тавонистанд то дар нимсолаи дуюми соли 2018 ҷиҳати дар шаҳри Хуҷанд баргузор намудани Конфронси зерминтақавии гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё”-ро муваффақ шаванд. Конфронси мазкур бо сарпарастии дафтари Алмаатои ЮНЕСКО баргузор мегардад. 

Вобаста ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои нодири моддии халқи тоҷик Семинари ҷумҳуриявӣ «Оид ба пешгирии гардиши ғайриқонунии сарватҳои манқул ва ғайриманқули таърихию фарҳангӣ»-ро моҳи апрел бо ҷалби 20 нафар мутахассисони соҳавии кишвар бо сарпарастии  вазорат дар сатҳи  баланди тахассусӣ баргузор намуданд.

Ҷиҳати тарғиби сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик китоби “Санъати ҳунармандии Хатлон дар асрҳои миёна”, “Роҳи бузурги абрешим” ва як қатор маводҳои тарғибии вобаста ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар шакли роҳнамо ва буклетҳо таҳия ва нашр гардидаанд ва баҳри тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар тавассути ахбори омма 20 намоишу гузоришҳо ва мақолаҳо чоп гардидаанд.

Тибқи талаботҳои тахассусӣ корҳои ҳуҷҷатгузории номинатсияи ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» тавассути гузаргоҳи «Амударё», ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи ёдгориҳои моддии ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ ба дафтари ЮНЕСКО дар Париж ирсол карда шуд.  

Дар асоси мактубу аризаҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар давоми муҳлати ҳисоботӣ дар маҷмуъ 142 ташхисҳои тахассусӣ ва 2 ҷаласаи Комиссияи экспертизаи бадеиро ба анҷом расониданд, ки тибқи он ба лоиҳаи муҷассамаи Сайфиддини Исфарагӣ (ш.Исфара), Устод Рўдакӣ (ш.Кўлоб), Устод Лоиқ (ш.Панҷакент), Парчами миллӣ (ш.Ваҳдат), Китоби Қуръони Карим мансуб ба асри 18, ки аз қочоқчиён боздошт гардидааст, инчунин тибқи дархости Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дараҷабандии осори санъати тасвирӣ ва бадеии фонди донишгоҳ хулосаи ташхиси комиссияро ба анҷом расониданд.

Ҷиҳати пешгирии паҳн намудани маводи номатлуб ва қочоқи сарватҳои фарҳангӣ ба мақомотҳои марбута 10 хулосаи ташхис ва маълумотнома  пешниҳод  карда шуд. 

Дар асоси дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бостоншиносони муассисаи болозикр барои таҳияи харитаи бостоншиносии ноҳияҳо, корҳои ҳафриётӣ ва бостоншиносӣ 14 иҷозатномаҳо - “Варақаи кушод” пешниҳод карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» (№577 аз 03.12.2011с.) амалӣ мегардад. Ҷиҳати иҷрои Нақшаи  чорабиниҳои барномаи мазкур дар марҳилаи дуюм (солҳои 2016-2020) соли 2017 тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории мақбараи Хоҷа Аюби Ансории н. Ховалинг, барқарорнамоии ҷузъии Қалъаи Муъминободи н. Муъминобод,  барқарорнамоии мақбараи Хоҷаи Заррини н. Данғара, барқарорнамоии ҷузъии Муғтеппаи ш. Истаравшан, тармими Мадрасаи Абдуллохони ш. Исфара, тармими Қалъаи Вомари н. Рўшон, таҳқиқҳои бостоншиносӣ  дар ноҳияҳои Мастчоҳи Кўҳӣ, Восеъ, Сангвор, Рашт   пешбинӣ  гардидааст.    

Аз ҷониби муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — «Тоҷик МДМЁ» дар асоси супориши Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфраструктураи иҷтимоии шаҳри Кўлоб лоиҳаи девори қисми шимолӣ, манора-дидбонгоҳи мудофиавӣ, ободонӣ ва бо обтаъминнамоии гулгашти Қасри Ҳулбук ба маблағи 1023211 сомонӣ (№446 к/7-24 аз 30.03.2017) ба имзо расида, шуруъ аз 01.04.2017с. корҳои тармим ва барқарорсозӣ оғоз гардидаанд. Дар давоми соли 2017 ҷиҳати «Барқарор намудани девори шарқӣ ва шимолии Қалъаи Ҳулбук» ба маблағи 968324 сомонӣ корҳо иҷро шуда, айни замон кандани таҳкурсии девори шимолӣ идома дорад. Инчунин оид ба «Обтаъминкунӣ дар қалъаи Ҳулбук»  байни муассисаҳои болозикр ба маблағи 410173 ҳазор сомонӣ шартнома ба имзо расидааст.

Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000 солагии Ҳисор» амалӣ гардида, корҳои азнавсозӣ аз моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардидаанд. Соли 2017 барои барқарорсозии ҷузъии Қалъаи Ҳисор аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ маблағи 1,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, дар давоми муҳлати ҳисоботӣ маблағи 1330 ҳазор сомонӣ корҳои азнавсозии  «Қасри Ҳоким» иҷро гардидааст.

Ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи иҷрои корҳои тармим ва барқарорсозии «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» (марҳилаи дуюм солҳои 2016-2020) барои корҳои лоиҳакашии мақбараи Фатҳуллои Чустӣ н.Шаҳринав, мақбараи Хоҷа Аюби Ансории н. Ховалинг, барқарорнамоии ҷузъии Қалъаи Муъминободи н. Муъминобод,  мақбараи Хоҷаи Заррини н. Данғара, Муғтеппаи ш. Истаравшан,  Мадрасаи Абдуллохони ш. Исфара, Қалъаи Вамари н. Рўшон,   таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ноҳияҳои Масчоҳи Кўҳӣ, Восеъ, Сангвор, Рашт, инчунин ҷиҳати тарғиби ёдгориҳои моддӣ тавассути интишорот аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 450 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардидааст.

Фаъолияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тибқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва Нақшаи солонаи муассиса ба роҳ монда шудааст. Маъмурияти мамнуъгоҳ дар таҳияи лоиҳаи «Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Ҳамунин, кормандони муассиса дар қабули меҳмонони олиқадр, ки ба ҷумҳурӣ ташриф меоваранд саҳми арзанда дошта, хизматрасонии фарҳангиро босамар анҷом медиҳанд. Кормандони муассиса дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳри Ҳисор ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди мамнуъгоҳ ҷашнҳои бошукўҳи миллӣ аз ҷумла Наврўзи оламафрўз бо туйи хатнасури 30 нафар писарбачагон аз оилаҳои камбизоатро бо иштироки зиёда аз 50 ҳазор нафар меҳмонон ва тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ  ботантана барпо намуданд.

Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук дар якҷоягӣ бо мутахасссисони соҳавӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-солагии Истиқлолияти кишвар альбом-роҳнамои «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук»-ро бо забонҳои русӣ-англисӣ омода намуда, экспозитсияи осорхонаро қисман аз нав намуданд. Ҷиҳати тарғиби таъриху фарҳанги миллати тоҷик бахшида ба соли ҷавонон эълон гардидани соли2017, кормандони муассиса чорабинии «Эҳёи ҳунарҳои мардуми Хатлон»-ро бо иштироки васеи рўзноманигорони ҷавон бомуваффақият барпо намуданд, ки писанди иштирокчиён ва тамошобинон гардид.

Дар пойгоҳи шаҳри асримиёнагии Ҳулбук — ҳамчун объекти афзалиятдоштаи таърихию фарҳангии минтақавӣ семинари омўзишии байналмилалии “Мактаби бостоншиносони ҷавон” рўзҳои 2-7 июли соли 2017 бо иштироки намояндагони 9 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид баргузор гардид. 

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллии халқи тоҷик намоиш-озмуни ҳунарҳои миллӣ ва намоиши китоб барпо карда шуд. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти миллӣ толори осорхона бо рафҳои нави намоишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, экспозитсияи  осорхона аз нав карда шуд. Дар доираи баргузории Рўзҳои фарҳангии ВМБК дар вилояти Суғд моҳи августи соли ҷорӣ дар муассиса маҳфили шеъру суруд ва рақсу тарона баргузор карда шуд.

Кормандони осорхона ҷиҳати тарғиби таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик дар байни аҳолии минтақа, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва макотиби олӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, миқдори зиёди тамошобинонро ба осорхона ҷалб намуданд. Ҳамчунин, 54 сайрҳои дохилиосорхонавӣ ва 11 сайрҳои  берун аз осорхонаро баргузор  намуданд. Ҷиҳати ободонӣ ва кабудизор намудани  ҳудудҳои иншооти дар тавозуни мамнуъгоҳ ҷойдошта 1200 адад дарахтони ороишӣ шинонда шудааст.

Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар мавзеи таърихии Дараи Муҳтор-зодгоҳи Восеъи қаҳрамон таъсис ёфта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №571 аз 25.09.2015с. ба он мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуд. То имрўз  шумораи умумии нигораҳои осорхона ба 1831 адад расонида шуда, ғани гардонидани фонди осорхона идома дорад.

Вобаста ба ин маъмурияти муассисаи давлатии осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳавии вазорат ва институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеи бостонии Сари Ҷари ноҳияи Ховалинг 34-адад бозёфтҳои нави бостониро ба фонди осорхона ба тариқи туҳфа ворид намуданд. Кормандони илмии осорхона дар мавзўи мансуб ба таърихи шўриши Восеъ:  ”Деҳаи Дараи Мухтор дар замони Восеъ”, “Кундаи ҷувози Восеъ”, ”Шаҷараи авлодии Восеъ” ва “Таърихи чинорҳои деҳа” дар ноҳияи Ховалинг корҳои экспедитсиониро ба анҷом расониданд. Дар давоми муҳлати ҳисоботӣ дар осорхона ба тамошобинон 25 роҳнамоиҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шудааст.

 

VII. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ

 

Дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат  бо сафирони Ҷумҳуриҳои Туркия, Украина, Туркманистон, Роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия, Директори Дафтари JICA дар шаҳри Душанбе ва Директори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Лоиҳаҳои санадҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Лубнон дар соҳаи фарҳанг ва санъат, Созишномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кот д’Ивуар, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси Марказҳои фарҳангӣ, Барномаи табодули ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018-2020 ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг таҳия гардида, барои иқдоми минбаъда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гаштанд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар ба имзо расид.

Мутахассисон дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Малайзия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои  фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас  ворид карда шуданд.

Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 15 нафар ҳунармандон дар Фестивали 31-уми байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин ҳамкориҳоро бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон идома дода, Сафорати Япония рўзҳои 4-5 феврал барномаи фарҳангӣ зери унвони “Рўзҳои фарҳанги кишвари Ҷопон” дар шаҳри Душанбе бо шукўҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Ҳунармандон дар ҳайати 5 нафар аз Ансамбли давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо — иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  моҳи март дар шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат варзиданд.

 Дар дуюмин форуми фарҳангии “Дорайн дар мавзўи муассисаҳои фарҳангии шаҳрвандию хусусӣ ва уфуқҳои оянда”, ки рўзҳои 26-28 марти соли 2017 дар Арабистони Саудӣ директори Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” ва муҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик иштирок намуданд.

Моҳи май Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд, ки бобати густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи хуб фароҳам овард.

Дар ибтидои моҳи июн Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзид.

Дар санаи 12-18 июн Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, ки дар сатҳи муносиб сурат гирифта, барномаҳои рангини консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ, аккосӣ, муд-либосҳои миллӣ, “Китоби Тоҷикистон” ва филми ҳунарӣ манзури тамошобинони туркман гардиданд.

18-23 сентябр Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Ибодулло Раҳмон дар 2-юмин Форуми байналмилалии фарҳангии ЭКСПО “Роҳи Абрешим” дар шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Халқии Хитой дар зумраи зиёда аз 1000 нафар намояндагон аз 40 кишвари олам ширкат доштанд.

24-27 сентябр Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муносиб ва бо шукўҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд, ки бобати густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи хуб фароҳам меоварад.

Моҳи октябр Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон бо шукўҳу шаҳомати хоса доир гаштанд. Барномаҳои рангини Тоҷикистонро ҳазорҳо нафар сокинони шаҳри Тошканд тамошо карданд.

21-23 ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар зумраи намояндагон аз 50 давлати дунё дар шаҳри Хартуми Ҷумҳурии Судон ширкат намуда баромад кард.

Моҳи декабр гурўҳи ҳунарӣ аз ҳисоби ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода ва овозхонони машҳури ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Корея бобати иштирок дар Фестивали байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сеул фиристонда шуданд.

 

VIII. СИЁСАТИ КАДРӣ

 

Фаъолияти кадрӣ ва корҳои махсуси вазорат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.12 2006, №604, Низомномаи шуъба, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, фармоишҳо ва амрҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонм муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва дигар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва интизоми меҳнатии кормандон ва муассисаву ташкилотҳои тобеъ аз ҷониби хадамоти кадрӣ оиди риояи талаботи Кодекси меҳнат ва татбиқи муқаррароти он ва дигар санадҳои муқарраргардида дар фаъолияти ҳамарўза пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон дар соли ҷорӣ Кодекси одоби касбии соҳавии хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат таҳия шуд ва бо фармоиши вазир аз 16.06.2017, №160 тасдиқ гардида, дар сомонаи вазорати фарҳанг www.vfarhang.tj матни он ҷойгир карда шудааст, ки дастраси кормандони соҳа мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вазорат тибқи санадҳои амалкунанда       фармоишҳо таҳия ва қабул гардидаанд.

Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 6 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳо андешида мешаванд.

Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб,  ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 5 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд, ки аз ин 22 нафар довталабон ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба кор қабул карда шуданд.

Бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо аз ҳисоби 4 нафар довталабон ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии маъмурии дастгоҳи марказии вазорат 1 нафар ба мансаби сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус таъин гардида, ҳамзамон 1 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 “Оид ба Низомнома дар   бораи тартиби гузаронидани озмун барои мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ” аз ҳисоби занон  ҷиҳати фаъолияти минбаъда дар дастгоҳи марказии вазорат ба кор қабул  шуданд.

Дар муддати ҳисоботӣ инчунин, вобаста ба риояи санадҳои меъёрӣ аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05.2008, №468 дар бораи низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғол намуда, тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ ва гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансаби тибқи нақша тасдиқгардида, дар дастгоҳи марказии вазорат 2 маротиба аттестатсия гузаронида шуд,  ки дар он 9 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, 1 нафар ба мансаби баландтар тавсия дода шуд ва 8 нафар ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқ дониста шуд.

Ҳамзамон ёдрас бояд шуд, ки дар соли ҷорӣ дар асоси моддаи 267 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои роҳбарияти вазорат аз  22.09.  2017, №91-У ва 08.11. 2017,№104-У барои сармуҳосибон ва масъулони соҳаи кадрии муассисаву идораҳои зертобеи вазорати фарҳанг аттестатсияи кормандони соҳаи мазкур гузаронида шуд.

Дар асоси гуфтаҳои боло тибқи талаботи зербанди 17 банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006с., №604 “Дар бораи Низомномаи Вазорати фарҳанг” таъин ва ё озод намудани сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои системаи вазорат ба салоҳияти роҳбарияти вазорат вогузор карда шудааст.

Бо дарназардошти таҳлилҳои кадрӣ муайян гардид, ки то имрўз қисми зиёди роҳбарияти корхонаҳо сўистифода аз вазифа намуда, сармуҳосибони корхонаҳоро худ таъин ва озод менамоянд.

Бо назардошти бартараф кардани ин камбудӣ дар вазорат аттестатсияи сармуҳосибон гузаронида шуда, дар натиҷаи аттестатсияи кормандони соҳаҳои мазкур муайян гардид, шахсони хилофи қонунгузориҳои амалкунанда фаъолият карда истода аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

Инчунин аз натиҷаи аттестатсияи масъулони соҳаи кадр низ муайян гардид, ки норасои кадрӣ дар ин самт низ ҷой дорад, шахсоне, ки тасодуфан ворид гардидаанд ва аз масъулияти ҳуҷҷатгузориҳои кадрӣ огоҳ нестанд ба онҳо аз се то шаш моҳ муҳлат дода шуда, дар ҳолати ислоҳ нашудани камбудиҳои ҷой дошта аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг кормандони ба синни ниҳоӣ расида ва кормандоне, ки дар чанд ҷой фаъолият доранд, таҳлил гардида, барои бартараф кардани он чораҳо андешида шуда истодаанд..

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» як қатор корҳоро ба сомон расонида, вазорат ҳар нимсола аз сохторҳои зертобеъ тибқи ҷадвали муайян маълумотҳои омориро гирд оварда, мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Ҳамзамон маълумотҳои омориро дар бораи теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат ба Агенти хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.

Ҷиҳати иҷрои банди 60-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ гардидааст, Кодекси одоби касбии соҳавии хизматчиёни дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намуда, ба Агенти хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.

Барои татбиқи иҷрои Нақшаи зикргардида, дар соли равон 6 нафар кормандони дастгоҳи марказии вазорат барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии хизматчиёни давлатӣ, аз ҳисоби занон барои таҳсил 1 нафар дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафари дигар дар Донишкадаи давлатии идоракунии Ҷумҳурии Корея таҳсил карда истодаанд, ки аз ин 4 нафарашон омўзишҳои кўтоҳмуддатро  ба анҷом расонидаанд.

Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба  ҷашни Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардонида шуданд.

 

IX. СОХТМОНҲОИ АСОСӣ

 

Оид ба сохтмони асосӣ. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон №23 аз 25.01.2017 оид ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод — 1,0 млн. сомонӣ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Варзоб — 500 ҳазор сомонӣ, оғози сохтмонҳои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав — 600 ҳазор сомонӣ, Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ — 240 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда — 60 ҳазор сомонӣ. Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ корҳои муайяни сохтмону васлкунӣ дар иншооти қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод иҷро гардида, маблағи пешбинишуда (1,0 млн.сомонӣ) пурра азхуд карда шуд. Дар иншооти қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бошад корҳои сохтмонӣ идома ёфта, дар нимсолаи якум маблағи 235 ҳазор сомонӣ истифода гардид. Аз нимсолаи дуюм, тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №41-ф аз 28.07.17. фармоишгари иншооти мазкур (Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб)  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ муайян шуда, боқимондаи маблағи барои сохтмони иншооти мазкур пешбинишуда дар ҳаҷми 265 ҳазор сомонӣ аз нақшаи сохтмони асосии вазорат кам карда шудааст.

 Ҳамчунин, дар сохтмони иншооти Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав корҳои сохтмонии зеризаминӣ ва бетонрезии таҳкурсиҳо оғоз гардида, маблағи ҷудо гардида дар ҳаҷми 600 ҳазор сомонӣ ва дар сохтмони Маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи ҷудошуда қисми корҳои зеризаминӣ ва бетонрезии таҳкурсиҳо иҷро гардида, маблағи пешбинигардида (240 ҳазор сомонӣ) истифода шудааст.

Маблағгузории иншооти сохтмони асосӣ аз тарафи Вазорати молия асосан аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфта буд, бинобар сабаби нарасидани маблағ дар буҷети ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи аввал.

Корҳои таъмиру сохтмонӣ. Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири бўҳрони молиявии беруна ба иқтисодиёти кишвар, дар аксарияти муассисаҳои тобеъ маблағгузориашон барои корҳои таъмирӣ қатъ гардидааст. Танҳо ба баъзе муассисаҳои таълимӣ маблағ пешбинӣ шудаасту халос, ки корҳои таъмиру сохтмонӣ дар онҳо моҳҳои май-июн оғоз гардиданд, аз ҷумла: дар Консерваторияи миллӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон, Филармонияи кўдаконаи Тоҷикистон  ва ғайра.

Аз ҳисоби маблағгузории Барномаи рушди санъати театрӣ дар театри ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом (ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ) ва театри ба номи М.Назаров дар шаҳри Хоруғ (ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ) корҳои таъмирӣ гузаронида шудаанд. Ғайр аз ин ба Театри ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ 50 ҳазор сомонӣ барои хариди таҷҳизоти театрӣ ҷудо шуда, истифода гардиданд.

Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон дар ҳамин давра корҳои зиёди сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, аз ҷумла дар сохтмони қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб – 235 ҳазор сомонӣ; таъмири бинои вазорат – 66 ҳазор сомонӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон – 150 ҳазор сомонӣ ва баъзе иншооти сохтмонии берунӣ.

Доир ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №177 аз 04.04.17. «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №69 аз 14.04.17. Ситоди фаврии Вазорати фарҳанг оид ба ин масъала ташкил гардида, ҷараёни иҷрои он таҳти назорат қарор дорад.

Ҳамчунин, ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шудаанд, ки ба ин масъалаи муҳим диққати лозими дода, дар иншооти худ корҳои таъмиру омода намудани системаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла ноқилу асбобҳои барқӣ, хатҳои обтаъминкунӣ, гармидиҳӣ ва ғайра саривақт гузаронанд.

Тибқи якчанд супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои тобеъи вазорат, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, бояд ба шабакаи гармидиҳии марказӣ пайваст карда шаванд. Дар доираи имкониятҳои дохилӣ ба шабакаи гармидиҳии марказӣ муассисаҳои зерин пайваст шудаанд: Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов, Мактаб-интернати санъати ба номи М.Атоев, Коллеҷи хореографӣ ба номи М.Собирова, бинои Вазорат. Дар баъзе муассисаҳо, аз ҷумла Филармонияи давлатии Тоҷикистон корҳои мазкур идома доранд.

Давоми сол, ҳамчун кўмаки моддӣ ба баъзе бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби муассисаҳои тобеъ ва худи вазорат амволи гуногун, аз ҷумла мебел, техникаи компютерӣ, либосҳои саҳнавӣ, роҳравҳои қолинӣ, китобҳои гуногун, воситаҳои тақвияти овоз ва ғайра ҷудо шуда буд.

 

X. АУДИТИ ДОХИЛӣ

 

Бо мақсади назорати ҷараёни хароҷоти маблағҳои буҷетӣ,  истифодабарии мақсаднок ва самараноки онҳо дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои буҷетии системаи вазорат дар нуҳ моҳи соли 2017 мутахассисони шуъбаи аудити дохилӣ мувофиқи нақша дар 17 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар як муассисаи консертӣ, ду муассисаи театрӣ, ҳашт муассисаи нашриявӣ,  чор осорхона,  як китобхона ва як муассисаи илмӣ вобаста ба мувофиқати смета (хароҷот)-и маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии  ҳисоботҳои  муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.

Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар ҳаҷми 147571,81 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо ба маблағи 35891,36 сомонӣ, пардохти барзиёди музди меҳнат 14137,0 сомонӣ, зиёд пардохти сафари хизматӣ 3468,0 сомонӣ, камомади молу маводӣ арзишдор — 46463,30 сомонӣ, норасои маблаг дар хазина-2,54 сомонӣ,  дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ 781,34 сомониро ташкил намуда, инчунин ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳо 6180,0 сомонӣ ва  маблағи бақияпулиҳои ба буҷет воридкардашуда 40648,27 сомонӣ.

Айни замон аз  маблағи 147571,81 сомонии ошкоргардида 101877,96  сомонӣ  барқарор карда шудааст.

Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, хотима бахшидан ба бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ва даромадҳои дохилӣ, ройгон тақсим намудани маҷаллаю рўзномаҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ)  тавсияҳо дода шуд.

Инчунин соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат №3/10 аз 18.07.2017 «Оид ба натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар давраи солҳои 2015-2017» ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии корӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ санаи 02.10.2017 аттестатсияи сармуҳосибони муассисаву ташкилотҳои тобеъ, вобаста ба салоҳиятнокии онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон  баргузор гардид. Ба аттестатсия 49 нафар сармуҳосибон фаро гирифта шуданд.

 

XI. КЎМАКҲО

 

Дар иртибот ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-159 аз 10 феврали соли 2014) ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки ба суратҳисоби хона-Интернати наздимактабии № 12 ноҳияи Шуғнон, ки сарпарастии он ба зиммаи Вазорати фарҳанг вогузор гардидааст, ба маблағи умумии 6000,0 сомонӣ барои харидории маводҳои зарурӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Бо мақсади ҳифзи тақвияти иҷтимоии собиқадорони соҳа ва оилаҳои камбизоат дар арафаи ҷашнҳои аз ҷониби вазорат ба собиқадорони соҳа ба маблағи 15278,0 сомонӣ ба  ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 3839,0 сомонӣ ва   ба кормандони дастгоҳи марказӣ ба маблағи 9906,0 сомонӣ яъне дар маҷмўъ 29023,0 сомонӣ  кўмакҳои мақсаднок расонида шудааст.

 

XII. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӣ

 

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар  соли 2017 — 77178,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ  шудааст, аз  ҷумла: барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт — 4951,2 ҳазор сомонӣ,  муассисаҳои таълимӣ — 31248,1 ҳазор сомонӣ,  соҳаи  фарҳанг ва санъат — 36528,7  ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ — 2315,1 ҳазор сомонӣ ва сохмони асосӣ — 2135,0 ҳазор сомонӣ.

Буҷети Вазорати фарҳанг дар соли 2017 бо тағйироту иловаҳо ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадории  марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Соҳаҳо

Нақша

Ҳақиқӣ

Таносуби иҷро

Бо тағйирот

Иҷрошуда

Маблағи  истифоданашуда

%

2016

2017

2016

2017

2016

2017

2016

2017

1

2

3

4

5

Матбуоти даврӣ  ва нашриёт

5630,6

4951,2

5630,6

4951,2

0

0

100

100

Муассисаҳои таълимӣ

24461,2

31248,1

24287,3

28279,9

173,9

2968,2

99,3

90,5

Муассисаҳои   фарҳанг ва санъат

36287,8

36528,7

35838,4

35456,8

449,4

1071,9

98,8

97,1

Дастгоҳи  марказӣ

1884,6

2315,1

1786,8

1983,6

97,8

331,5

94,8

85,7

Сохтмони асосӣ

2250,0

2135,0

2170,0

2075,0

80,0

60,0

96,4

97,2

Ҳамагӣ

70514,2

77178,1

69713,1

72746,5

801,1

4431,6

98,9

94,3

       

Чуноне, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷрои ҳақиқии буҷет дар  соли 2016 — 69713,1  ҳазор сомонӣ ё нисбати  нақша — 98,9%-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 5630,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки — 100%,  таълимгоҳҳо — 24287,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки — 99,3%, ба соҳаи санъат ва фарҳанг — 35838,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки  98,8%, дастгоҳи марказӣ — 1786,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки — 94,8% ва сохтмони асосӣ — 2170,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки — 96,4% маблағгузорӣ шуда буд. Дар соли 2016 — 801,1  ҳазор сомонӣ  ё ин ки 1,1%-и маблағҳо ҷудо нагардида  буд.

Барои ташкилоту муассисаҳои соҳа ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 72746,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 94,3%-и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти  даврӣ ва  нашриёт — 4951,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ — 28279,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 90,5%, соҳаи  фарҳанг ва санъат — 35456,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 97,1%, дастгоҳи марказӣ — 1983,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки 85,7% ва сохтмони асосӣ — 2075,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 97,2% маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ то 25 декабр аз буҷети ҷумҳуриявӣ — 4431,6 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 5,7%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар  миқёси вазорат дар соли 2017 маблағҳои ҷудонашуда аз чунин моддаҳо — сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо  иборат мебошад.

Оид ба маълумотҳои оморӣ, дар соли 2017 — 42 номгўи  китобҳо (нақша — 98, иҷро — 43,0%) ба миқдори — 64,0 ҳазор нусха (нақша — 80,0, иҷро — 80,0%) чоп шудааст. Маблағи фурўш ҳамагӣ — 1880,1,0 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Дар  соли ҷорӣ 62 шумора (тибқи нақша — 70, иҷро — 88,6%) маҷалла бо теъдоди 82360 нусха (нақша — 82800, иҷро — 99,5%) ва тибқи нақша 50 шумора рўзнома (иҷро — 92,6%) бо теъдоди 62082 нусха (нақша — 73800, иҷро — 84,1%) чоп гардида, маблағи фурўш — 355,2 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми фурўши чаканаи китоб дар соли 2017 — 57,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми  маҳсулоти  молии  саноатӣ  дар  соли 201 7- 2191,0   ҳазор  сомониро ташкил дод. Шумораи намоишҳои театрию консертӣ — 90,2% иҷро шудааст (мувофиқи нақша — 1539 адад, ҳақиқӣ — 1388 адад), шумораи тамошобинон — 96,7% (мувофиқи нақша — 419,7 ҳазор нафар,  ҳақиқӣ — 405,9 ҳазор нафар), даромад — 66,1% (нақша — 3905,0 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ — 2580,2 ҳазор сомонӣ), дигар намуди даромадҳо — 1646,1 ҳазор сомониро ташкил намуданд, ки аз нақша 406,1 ҳазор сомонӣ ё  133%  иҷро шудааст.

Ҳамзамон соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории фосилавӣ, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг барои соли 2018 ва параметрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2019-2020, дурнамои андозҳо барои давраи миёнамуҳлат ва буҷети соли 2018 ва дурнамои он барои солҳои 2019-2020 таҳия  гардида, буҷети соҳаҳои Вазорати фарҳанг бо назардошти зиёдшавии музди маош барои соли 2018 дар ҳаҷми 87485,8 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардид.

 

XIII. АСНОДИ РАСМӣ ВА КОРГУЗОРӣ

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат  аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 4589 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 1110 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 12 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 104 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 адад фармон, 4 фармоиш, 10 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 975 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Аз 975 санад — 314 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 612 адади он иҷро гардида, 49-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 269 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 238 адади он иҷро, 31 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 55 адад иҷро гардида, 4 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ин миқдор 6 ариза такроран ворид гардидааст. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 270 нафар қабул гардиданд, 183 адад муроҷиати шаҳрвандон иҷро гардида, 87 адади он мавриди иҷро қарор дорад.

Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 3489 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 1103 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 977 адади он иҷро гардида, 1409 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 3211 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 641 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2570 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд. 

Дар давраи ҳисоботӣ 5 ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардида, 49 масъалаҳои рўзмарра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, 12 адад фармон, 138 адад шартнома ва 245 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.

Айни замон, тибқи нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳлати ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №203, аз соли 2000) ҷиҳати танзими асноди мухталиф, комплекткунонӣ, нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, мураттабсозӣ, феҳристкунонӣ, коркарди илмӣ-техникӣ ва ҳамкориҳои минбаъда бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии Марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бойгонии Марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорат тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст.

Дар айни замон барои пешбурди соҳа баъзе мушкилоте мавҷуданд, ки рушди босуръати соҳаро бозмедоранд.

Дар соҳаи санъат бо назардошти ҷавобгў набудан ба меъёрҳо ва талаботҳои касбиву эҷодӣ ва кадриву фаннӣ дар муассисаҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” зарурати таҷдиди сохтор бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба миён омадааст.

Чандин сол аст, ки бинои театри шаҳри Конибодом ба тармими ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад, ки ин боиси коҳиши фаъолияти ҳайати эҷодӣ ва ҷалби тамошобинон мегардад, вале мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳр чораҳои амалӣ намеандешанд.

Бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти муассисаҳо ва таҳияи барномаи мушаххас нарасидани кадрҳои баландихтисос, аз қабили коргардонҳо, ҳунарпешагони касбӣ, равшанидиҳандагон, пардозгарон, мутрибон, коргардонҳои овоз ва ғайра дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба назар мерасад.

Техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои наклиётӣ дар аксари муассисаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгўй набуда, маблағҳо ҷудо намешаванд.

Дар айни замон набудани манзили зист ва хобгоҳ, нокифоя будани музди меҳнати мутахассисони ҷавон боиси тарк кардани соҳа гардида истодааст.

Дар соҳаи фарҳанг низ нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар баробари маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, ҷалби сармояи хориҷиро тақозо менамояд. Барои таъсиси тифлокабинетҳо барои истифода­барандагони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ (маъюбон) дар назди китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳо, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоли бутафор ва реквизитҳои театрӣ, студияи сабти овоз дар шаҳру ноҳияҳо, ҷиҳозонидани муассисаҳои санъат ва фарҳанг бо созҳои мусиқӣ ва дастгоҳи тақвияти овоз, театрҳо бо воситаҳои нақлиёт, ҷорӣ намудани технологияи нав дар нашриётҳо маблағгузории иловагӣ зарур аст.

Аксари мақомотҳои маҳаллӣ ҷиҳати ба шабакаи интернет пайваст намудани муассисаҳои фарҳангӣ чораҷўӣ намекунанд.

Ба раёсат, шуъба табдил додани шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъалаи муҳимест, ки бидуни ҳалли он эътибору масъулияти аҳли фарҳангро баланд бардоштан хеле мушкил аст.

Барои беҳбудии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии суннатӣ, мукаммал гардонидани базаи илмӣ-техникии дар муассисаи ТоҷикМДМЁ хеле муҳим аст.

Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор иншооти маъмурӣ надошта, тасарруфи ҳудудҳои мамнуъгоҳ ба миён омадааст.

Барои қатъиян ҳифз намудани ҳудудҳо ва иншооти Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, таъмини кормандон бо утоқҳои корӣ, таъсис ва муҷаҳҳаз намудани фонди муассиса бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Вазорати фарҳанг нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, минбаъд ҳам баҳри амалӣ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 тамоми нерўи зеҳнӣ ва имкониятҳоро равона менамояд.