Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Оинаи таърих” муйян гардиданд

5 октябри соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» ботантан ҷамъбаст гардид.

Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирокчиёни озмунро табрик гуфта, оид ба аҳамияти осорхонаҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳифзи таърихи миллат ҳарф зад. Сипас директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода низ ба кормандони осорхонаҳо муваффақияту комёбӣ таманно намуда, дар бораи раванди таҳияи Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ сухан гуфт. Сипас ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун дипломҳо ва мукофоти пулӣ супорида шуданд.

Дар номинатсияи осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, мамнўъгоҳ, ва маҷмаа ҷои аввал ба Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҷои дуввум ба Муассисаи давлатии муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб ва ҷои сеюм ба Осорхонаи Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук супорида шуд.

Дар номинатсияи осорхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣҷои аввалро Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ дар ноҳияи Спитамен, ҷои дуввумро Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ дар шаҳри Роғун ва ҷои сеюмро Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ дар ноҳияи Қубодиён ба даст оварданд.

Дар номинатсияи Хона-осорхонаҳо Хона - осорхонаи Камоли Хуҷандӣдар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал, Хона - осорхонаи Ширин Бунёд дар ноҳияи Роштқалъа лоиқи ҷои дуюм ва Осорхонаи муттаҳидаи ёдгорию адабии ба номи М. Турсунзодаи Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.

Дар номинатсияи Осорхонаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ҷои аввал ба Осорхонаи мардумшиносии ба номи С. Андрееви Институти таърих, бостоншиносӣва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҷои дуввум ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва ҷои сеюм ба Осорхонаи Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон насиб гардид.

Озмун ба истиқболи чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ду давр баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ - техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо мебошад.