Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва маркази рассомии Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн

8 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар вазъи тантанавӣ дар назди бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маркази бачагонаи рассомӣ ва майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Раҷабалӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Фирдавсӣ Хушзода Шералӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед, донишҷӯёну омӯзгорони муассиса ва муҳассилини маркази бачагонаи рассомӣ иштирок намуданд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён бо тарҳ ва намои муосир таъмир шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити буду бош мебошанд. Он аз чор ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, утоқҳои маишӣ, ошхонаҳо, толор, китобхона ва утоқи ҷомашӯӣ мебошад. Дар баробари ин дар бинои хобгоҳи донишкада маркази бачагонаи рассомӣ ташкил карда шуда, дорои беҳтарин шароит барои таълим мебошад. Майдони варзишии ба истифода дода шуда барои гузаронидани бозиҳои футбол, волейбол ва басткетбол пешбинӣ шудааст.