Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Фалак

 

Шоми 10 октябри соли 2019 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи фалак барномаи консертии идона бо номи «Дил, биё як дам кунем ёд аз Фалак» баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли фолклории Ганҷина ва зиёда аз 20 нафар санъаткорону сарояндагон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Боиси зикр аст, ки 4 августи соли 2007 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октбярро Рӯзи фалак эълон карда буд. Аз ҳамон сол инҷониб ҳамасола дар кишвар дар ин рӯз барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.