Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забон дар Бадахшон

Бахшида ба Рўзи забон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанав баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши китобӣ дидан намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳусни оғоз ёфт. Сипас директори Институти гуманитар Ҳоким Қаландаров ба сухан баромада,аз таърихи пайдоиши забони тоҷикӣӣ маълумоти муфассал дод.

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии ахли ҳунар ҳусни анҷом пазируфт.