Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Театри опера ва балет ду намоишро ба Самарқанд мебарад

 

Аз 13 то 19 октябри соли 2019 ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари ҳунарӣ мераванд.

Шоми 14 октябр дар Театри вилоятии мусиқӣ ва драмаи ба номи Ҳамид Олимҷон бо иштироки ҳунарпешаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Самарқанд барномаи консертӣ бо номи “Шоми дӯстӣ” баргузор мегардад.

Аҳли театр ба тамошобинони самарқандӣ намоиши “Найрангҳои Майсара” ва “Бузаки ҷингилапо”-ро тӯҳфа мебаранд. Ҳар ду намоиш бо коргардонии Ҳунарпешаии шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна омадааст.