Сомонаи пешина | Ҷм, 18 Октябр 2019 | 00:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст намуд.

Дар натиҷаи муҳокимаи асарҳои ба Озмун пешниҳодшуда ҳайати Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад‚ ки ҷойи аввал ба ягон асар дода нашавад.

Ҷойи дуюм ба ду пйесаи мазкур дода шуд:

- мазҳакаи Ҷумъа Қуддус «Чашмаи тилло»
- драмаи Шодӣ Солеҳ «Атои Худо»
Ҷойи сеюм низ ба ду пйеса муносиб дониста шуд:
- драмаи Абдувадут Файзиев «Гулдаста»
- драмаи Ҳалим Шариф «Подоши заҳмат»

Се ҷоизаи ҳавасмандкунӣ ба асарҳои драмавии зерин лоиқ дониста шуданд:

 -драмаи Урунбой Усмонов «Муқаддас»
- драмаи Бароат Аҳмадзода «Бахти баргашта»
- драмаи Нарзулло Шарипов ва Алим Икромов «Суд совести»

Боиси зикр аст, ки озмуни мазкур моҳи марти соли ҷорӣ бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир эълон гардида буд. Асарҳои беҳтарини ба озмун воридшуда дар шакли маҷмўа интишор ёфта, ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.