Сомонаи пешина | Яш, 19 Август 2018 | 01:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нарзинисо Алиева: Сирки Узбекистонро дар Душанбе хеле гарм истиқбол гирифтанд

 

Барномаи ҷолиби сиркии ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон тӯли чанд рӯз аст, ки дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон рӯзе ду маротиба манзури тамошобинон мегардад. Ҳарчанд аз оғози намоишҳо қариб 10 рӯз гузашта аст, талабгорони тамошои барномаи сиркӣ хеле зиёд ҳастанд. Гурӯҳ-гурӯҳ мардуми дар интизори навбат истода ва толори пури тамошобин гувоҳи ин гуфтаҳост.

Барномаи ҷолиби гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатии Ӯзбекистон аз намоишҳои гимнастҳо бо лассо, гимнастҳо бо халқа, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат аст. Барномаи навбатӣ, ки 7 январ пешкаши мухлисон шуд, бо кафкӯбиҳои дурудароз ва «бале»-гӯиҳо қабул гардид. Хусусан тамошобинони хурдсол, ки барномаи сиркӣ барояшон дар таътили зимистона ҳадяи хубе буд, ҳар намоишро бо шавқу завқ ва ҳатто бо таҳайюр тамошо мекарданд.

Директори гурӯҳи эҷодии Сирки давлатии Ӯзбекистон Нарзинисо Алиева иброз дошт, ки онҳоро дар Душанбе хеле гарм истиқбол гирифтанд. «Тоҷикҳо ва ӯзбекҳо мардуми ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ҳастанд. Мутаассифона, бо баъзе сабабҳои сиёсӣ риштаи муносибатҳо чанд вақт гусаста буд. Шукрона, ки имрӯз ин мушкилот аз байн рафта истодааст ва раванди имрӯзаи таҳкими робитаҳо умед аз ояндаи нек медиҳад. Шояд барои ҳамин ҳам моро ин қадар гарму самимӣ пазируфтанд, зеро баъди 25-сол гӯё аввалин муждаи дӯстиро овардем », - иброз дошт Нарзинисо Алиева.

Нарзинисо Алиева Артисти халқии РСС Тоҷикистон аст. Зодаи шаҳри Душанбе, хатмкардаи Студияи марказии санъати сиркии шаҳри Москва аст. Соли 1985 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. «Соли 1978 моҳи апрел мо Сирки давлатии Тоҷикистонро кушодем, охири ҳамон сол ба ман унвони Артисти халқии Тоҷикистонро доданд», - ба хотир овард ҳунарпеша.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо сабаби аз фаъолият бозмондани Сирки давлатии Тоҷикистон Нарзинисо Алиева ба Сирки шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон меравад. Соли 1995 бо даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Сирки давлатии Ӯзбекистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Дар Сирки давлатии Ӯзбекистон 400 нафар фаъолият мебарад. Дар як рӯз то 6 намоиш пешкаши тамошобинон мешавад, зеро дар шаҳри Тошкент 1500 мактаб ҳаст. «Коллеҷи эстрадию сиркии шаҳри Тошкент» барои тайёр намудани кадрҳои ҷавон дар соҳаи сирк саҳми асосиро мегузорад», - гуфт Нарзинисо Алиева. Ӯ инчунин иброз дошт, ки нияти таклиф намудани ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва таҳияи барномаҳои муштараки сиркиро доранд. «Инчунин мехоҳем, ки барномаи Сирки давлатии Ӯзбекистонро ба мардуми вилоятҳои Суғду Хатлон низ намоиш диҳем»-илова намуд Алиева.

Нарзинисо Алиева ба фаъолияти гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатии Тоҷикистон баҳои хуб дода, изҳори андеша намуд, ки сирки мазкур дар ояндаи наздик ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гашт. Ҳамаи 12 нафар ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон, ки бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадаанд, шогирдони Нарзинисо Алиева мебошанд. Онҳо ҳамроҳи худ 3 сагча, 2 пони, 2 маймунча ва 1 оҳу овардаанд. «Мо ҳайвонҳои ромшудаи бисёртар оварданӣ будем. Аммо як қисми онҳо дар сарҳад аз ташхиси тиббӣ гузашта натавонистанд», - қайд кард директори гурӯҳи эҷодии Сирки давлатии Ӯзбекистон.

Ҳаводорони санъати сиркӣ метавонанд то 31 январи соли 2018 аз барномаи Сирки давлатии Ӯзбекистон, ки дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад, баҳра баранд.