Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 12:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Ба роҳбарият ва кормандони 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар ин лаҳзаҳо мехостам миннатдории самимии худ ва ҳамкасбонамро ба Шумо, муҳтарам Вазир ва тамоми кормандон ва ҳунармандони соҳаи фарҳанги кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар «Соли ҷавонон» иброз намоям.

Соли ҷавонон, ҳамчун ҳадяи таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамеша дар хотираи мо ва ҳар як фарди миллати тоҷик бо лаҳзаҳои пур аз шодию нишот ва саршор аз меҳру муҳаббати аҳли ҷомеа нисбати насли наврасу ҷавон бо ҳарфҳои заррин нақш хоҳад баст.

Дар ин соли пурфайзу бобаракат таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби масъулини соҳа ва бо дастгирии вазорату идораҳо мо тавонистем зиёда аз 17 ҳазор чорабиниҳоро дар самти кор бо ҷавонон дар қаламрави кишвар бо фарогирии зиёда аз 4 миллион наврасону ҷавонон баргузор намоем.

Дар давоми сол мо ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгириҳои Шуморо ҳамеша эҳсос менамудем ва умедвор ҳастем, ки дар оянда низ ҳамчун пайравони Пешвои миллат баҳри бо сатҳ ва сифати воло ва сабку усули нав амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш чораандешӣ менамоем.

Бинобар ин, аз самими қалб ба Шумо ва тамоми кормандони соҳа тансиҳатию хонаободӣ, зиндагии пур аз файзу баракат ва дар амалӣ намудани вазифаҳои хизматиатон муваффақиятҳои беназирро орзумандам.

       Бо эҳтиром,

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон

ва варзиши назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллозода