Сомонаи пешина | Сш, 23 Январ 2018 | 01:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2017

IMG 24899 январи соли 2018 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳа дар соли 2017 баргузор гардид. 
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ҳакимзода иштирок дошт.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба фаъолияти соҳаи фарҳанг дар соли 2017 маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки соли 2017 соли рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол аз солҳои хотирмон ба шумор меравад.
«Боиси сарфарозист, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фарҷоми сол ҳуҷҷати тақдирсозе гардид, ба мавқеи фарҳанг ва аҳли ҳунару эҷод таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст», - зикр кард Шамсиддин Орумбекзода ва чанд нуктаро аз Паём манзури ҳозирин намуда, диққати ҳамагонро ба масъалаи мақсаду вазифаи соҳаи фарҳанг дар марҳилаи ҷаҳонишавии он, масъалаи ташаккули маънавиёт ва мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ҷалб сохт.
Вазири фарҳанг иброз дошт, ки нуктаҳои дар Паём зикргардида барномаи фаъолияти минбаъдаи аҳли фарҳангу санъат қарор дода шудаанд.
Сипас, Вазири фарҳанг фаъолияти ҳар як самти соҳаро ба риштаи таҳлил кашида, оид ба бурду бохти он сухан гуфт ва барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг Давлат Сафар дар бораи норасоии кадрҳо дар соҳаи табъу нашр, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Афзалшоҳ Шодиев дар бораи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент Фотима Рофиева оид ба фаъолияти осорхона ва нақшаи таҷлили 60-солагии Осорхонаи ба номи А. Рӯдакӣ сухан гуфтанд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ҳакимзода оид ба бурду бохти соҳаи фарҳанг сухан ронда, иброз дошт, ки сатҳу сифати баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар чорабиниҳои давлативу сиёсӣ баланд гардидаанд, ки ин далели баланд гардидани сатҳи санъати касбӣ дар кишвар аст. Инчунин дар ҳар як чорабинӣ сурудҳои тозаэҷодро манзур менамоянд, ки ин як такони хуб барои бой гардидани репертуари санъаткорон аст.
«Мутаассифона, баъзан ҳофизон барои суруд матнҳои бемазмун ва номуносибро интихоб менамоянд. Ҳатто баъзе санъаткорони ҳирфавӣ матни ашъори шоирони классикро ба таври ғалат истифода мебаранд», - қайд кард Шариф Ҳакимзода. 
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ҳакимзода дар маҷмӯъ фаъолияти соҳаи фарҳангро дар соли 2017 қаноатбахш баҳогузорӣ кард.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаву вазифаҳо барои пешбурди соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар соли 2018 муайян гардиданд.
Дар рафти ҷаласа ба чанд муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг, аз ҷумла ба Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Ансамбли давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» барои фаъолияти назаррас ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Сипосномаи дигар вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.