Сомонаи пешина | Пш, 19 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян гардиданд

9 январи соли 2017 зимни баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳа дар соли 2017 ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» , ки қаблан муайян гардида буданд, бо дипломҳои Озмун қадрдонӣ шуданд. 

Муассиси Озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгўи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну мўҳтавои онҳо мавзўъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирифта, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтад; дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки кишварро барафрўзанд; ҳамчунин бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.

Дар озмун муаллифони асарҳои бадеии тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2017 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, иштирок намуданд.
Адибони зерин ғолибони озмун дониста шуданд:

Раҳмат Назрӣ барои китоби назми «Замзама»,
Муҳаммад Ғоиб барои китоби назми «Сесаду шасту шаш ғазал»,
Сайдали Маъмур барои китоби назми «Борони сабз».
Ато Мирхоҷа барои китоби насри «Андозчини рӯзадор»,
Тоҳирӣ Маҳмадризо барои китоби насри «Даъват»,
Абдуғаффаор Абдуҷаббор барои китоби насри «Зоопарк».

Нарзулло Тиллозода барои китоби «Турнаҳо», 
Муслиҳиддин Маҳмадалӣ барои китоби «Пайроҳаи мурод»,
Рабоат Худойдодова барои китоби назми бачагона «Чашмаи дил ».

Гулчеҳра Муҳаммадиева барои китоби «Афсонаи товус»,
Рустам Ваҳҳобзода барои китоби «Шеър ва дониш»,
Қурбон Восеъ барои китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият».