Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

 

Аз 11 то 15 ноябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

12 ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо дар назар аст. Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.

13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони ӯзбек ва тоҷик барномаи Рӯзҳоро боз ҳам рангинтар месозад.