Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия чорабинӣ баргузор гардид

Дар Сирки давлатии Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти ибтидоии “Тоҷиксирк ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Директори Сирки давлтии Тоҷикистон, раиси ташкилоти номбурда Ашӯр Раҷабов роҷеъ ба марҳилаҳои таърихии давлатдории тоҷикон, асолати миллӣ, ҳуввияту худшиносии миллат тӯли таърих ибрози андеша намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки Конститутсия Тоҷикистон дар миёни 5 Конститусияи дунё беҳтарин эътироф шуда, як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби манзили зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Зеро дар муддати 25 сол 11 маротиба қонуни авф қабул гардид ва ин бори дигар собит сохт, ки мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд устуворона қадам мегузорем.

Дар чорабинӣ инчунин роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, фарҳанги миллӣ, забони модарӣ, эҳтироми калонсолон, ҳифзи шаъну эътибори муассисаи бузурги фарҳангии кишвар ибрози назар гардид.

Дар фарҷом ба се нафар ҳунарманди ҷавон, ки дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби дипломҳо шудаанд, Ифтихорнома тақдим гардид.