Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нақши Сармеъмори давлати навини тоҷикон дар таҳия ва қабули Бахтномаи миллат

Дар ҳар як давру замон барои ба низом даровардани сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин ё он давлат қонунҳое амал менамоянд, ки дар низоми давлатдорӣ саҳми калидӣ доранд. Аз ҷумла, дар олами мутамаддин Конститутсия ҳуҷҷати асосӣ ва тақдирсози давлатҳо ва миллатҳо ба шумор рафта, он ҳуқуқу ормонҳои сокинони бумиро дар ҳама ҳолатҳо ҳимоя менамояд.

онститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таърихи тўлонӣ надошта, акнун 25-сола мешавад. Ҳарчанд ин рақам санаи бузурги таърихро нишон надиҳад ҳам, вале мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист, ки дар ин миён чанд марҳилаи муҳими таърихиро аз сар гузаронад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»
Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Маҳз бисту панҷ сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, дар ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши назаррас бозид.

Бо ташаббуси сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар гашт, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ рўйи кор ояд.

Дар солҳои нахустини қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо давраи мушкили ҷангро аз сар гузаронид. Маҳз аз солҳои аввали ҳамин давраи бениҳоят ҳассоси таърихӣ ва замоне, ки як хато метавонист давлат ва миллати тоҷикро пора – пора карда, ба парокандагӣ орад, роҳбарии ин ҷумҳурии ҷавону дорои тамаддуни куҳанро шахсе ба уҳда гирифт, ки барои оромию суботи он ҷони худро ба гарав гузошт.

Дар ин солҳо даргириҳо миёни гурӯҳҳои мухолиф шиддат меёфтанд. Муқобилони сохти конститутсионӣ дар сангарҳо истода, барои несту нобуд кардани ҳамдигар маврид меҷустанд. Аммо Раиси Шўрои Олии ба тозагӣ интихобшуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо дониши мукаммал, маърифати баланди инсонӣ, ҷасурию нотарсӣ, шуҷоатмандӣ ва албатта, бо қадамҳои нахустини устувори хеш, фикрҳои бикр ва ҷаҳонбинии баланд гурӯҳҳои ба ҳам зидро ба мувофиқа орад. Аллакай аз рўзҳои нахустини қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин марди ҷасуру далер корро тибқи Қонуни асосӣ, Бахтномаи миллат ба роҳ монда, ҳамчун сарвари як давлати воҳид сараввал ҳуҷчатҳои муҳимеро ба тасвиб расонд, ки бо шарофати амалӣ гардидани онҳо ҷурми бештари нафарони дар даргириҳо ширкатварзида бахшида шуд.

Ин омилҳои башардўстона имконияти воқеӣ муҳайё намуданд, ки ҳанӯз солҳои аввали давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сармеъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии тоҷикон шинохта шавад. Сипас, бо роҳбарии ин марди заковатпеша марҳила ба марҳила заминаҳои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии давлат гузошта шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки инфрасохтори давлати навини тоҷиконро бунёд созад. Пеш аз ҳама, он пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам намуд. Албатта, дар навбати худ Конститутсия ва истиқлолият ба ҳар шаҳрванд имконияти мусоид ва воқеӣ фароҳам оварданд, ки озодии инсон, виҷдон, фаъолияти самарабахши меҳнатӣ, зиндагии хубу гуворо, арҷ гузоштан ба тамаддун ва арзишҳои миллӣ таъмин гардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комил як санаи тақдирсоз ва таърихие мебошад, ки бо шарофати амалӣ гардидани он сарнавишти Ватану миллат, давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои мамлакат дар як давраи муайян равшан гардид. Тоҷикистон ҳамчун як давлати дорои тамаддуни куҳан дар харитаи ҷаҳон эҳё шуд. Истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ормонҳое ба шумор мераванд, ки қаблан мардуми тоҷик онҳоро чанд садсола орзу мекард.

Табиист, ки барои ба даст овардани истиқлолият ва қабули Конститутсияи миллии хеш қисмати зиёди мардуми сайёра ҷонбозиҳо карданд ва имрўз ҳам барои мушарраф гардидан ба онҳо хуни садҳо ҳазор нафар нисор мегардад. Агар ба саҳфаи таърих назар афканем, мебинем, ки миллати тоҷик низ тўли ин солҳо борҳо истиқлолияти комилро соҳиб гардида, боз онро дар натиҷаи нофаҳмиҳо ва задухўрдҳои қабилавӣ, нажодӣ ва гурўҳӣ аз даст додааст.

Ин ганҷи бебаҳоро бори дигар миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо ба даст овард. Дар ин давра дар ибтидои асри 21 «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гардид. Хулоса, аз 9 сентябри соли 1991 эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ақсои олам бештар аз 200 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол, баробарҳуқуқ, дунявӣ ва ягона эътироф карда, ба расмият мешиносанд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ, СҲШ ва даҳҳо созмону ташкилот ва шўроҳои байнидавлатӣ мебошад, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон дар онҳо мавқеи бонуфузи хешро пайдо намудааст.

Дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби иззату эҳтиром шуда метавонад, ки истиқлолияти воқеӣ ва давлати миллии озоду мустақили хешро дошта бошад. Соли 2021 барои мардуми тоҷик соле мебошад, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамояд. Албатта, дар ин муддат чӣ қадар тағйирот, бунёдкорию созандагӣ ба анҷом расидаанд. Ҳамаи ин амалҳои наҷиби бунёдкорию созандагӣ бо шарофати дастуру ҳидоятҳо, пешниҳодҳои судманд ва таъсирбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат чанд сол аст, ки барои тарғибу ташвиқи ҷиддӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, маърифатнокӣ, худшиносию худогоҳӣ, дўстдории ин марзу бум ва баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ идома доранд. Аз ҳамин рў барои тадбиқ намудани ин амалҳои созанда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва берун аз он озмунҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ бо муваффақият гузаронида мешаванд.

«Фарҳанг ҳастии миллат аст»- таъкид менамоянд Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронию маърўзаҳояшон. Мисоли равшани инро мо дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебинем.

естивал-озмунҳое, ки бо дастур ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, таконбахш ва тақвиятдиҳандаи ҳувияти миллии мо буда, Тоҷикистонро пайваста ҳамчун давлати воҳид ва арҷгузоранда ба ҳунару расму оини аҷдодӣ муаррифӣ менамоянд. Чунончӣ, ҷашнвораи «Меҳргон», фестивал-озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», чорабиниҳо оид ба фарҳангҳои миллӣ: рўзҳои «Фалак», «Шашмақом» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тайи ду-се моҳи охир баргузор гардиданд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки имрўз дар ҷаҳони муосир Тоҷикистонро тавассути сиёсати фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва қадрдонӣ менамоянд.

Дар ин радиф сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «дарҳои кушод», ки муносибатҳои моро ба ҷаҳониён воқеӣ, шаффоф, ҳаматарафа судовару воқеӣ баён менамояд, исботи асосӣ ба шумор меравад. Бо шарофати ин сиёсати инсондўстона дар ақсои олам шумораи шарикони ҳамкори судманд барои Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар ҷумҳуриамон баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ва ё ширкат варзидани Тоҷикистон дар фестивал-озмунҳои сатҳи байналхалқӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Мо хушбахт аз онем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва давлати навини худро бо тарбияву баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, ки заминаи асосии ҳар давлату миллат мебошанд, бунёд мекунем. Ба ин васила имконияти воқеӣ муҳайё мешавад, ки дар оянда ҳар яки онҳо муаррифи ин миллат, давлат ва Ватани азизамон бошанд. Меҳан ё Бахтномаи миллат аз ҷумлаи он муқаддасотест, ки инсон худро дар домони он осудаву роҳат эҳсос намуда, ҳамеша бо муқадасоташ онро мояи ифтихору сарбаландии худ қарор медиҳад.

Музаффар ДАВЛАТЗОДА,
муовини Вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон