Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конститутсия ҳомии рушд ва пешрафти ҷомеа

 

Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатҳои устувору соҳибистиклол ин доштани Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ мебошад. Шаклу сохтори сиёсии ҳар давлат, назму арзишҳои меҳварии хар ҷомеа ва сатҳи тараққиёти ҳар низоми сиёсиро маҳз аз моҳияти Конститутсияи он муайян мекунанд. Яъне, дар ҳақиқат, Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва хуҷҷати муаррификунандаи моҳияту ҳувияти ҳар давлат мебошад. Бинобар ин, соҳиби Конститутсияи хеш ва ҳокимияти устувори конститутсионӣ шудан марҳилаи олии рушд ва ё марҳилаи камоли ҳар давлат ва миллат ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, Ватани азизи мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии худро дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, Конститусияи Тоҷикистон яке аз комилтарин ва пешрафтатарин буда, ба шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё дохил мешавал. Он тамоми меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва тамоми ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад. Ин аст, ки мо дар арсаи байналмилалӣ бо ин санади бахту саодати худ, бо ин пояи устувори давлатдории худ, яъне бо Конститутсияи мукаммал ва пешрафтаи худ ифтихор менамоем.

Аммо барои ба даст овардани чунин Конститутсияи комилу устувор ва барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихори худ миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаро пушти cap кардааст, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт.

Дар садри ин талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои номбардори он, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон меистод; шахсе, ки номаи сарнавишти миллат, санади бахту саодати миллӣ ва шиносномаи таърихии тоҷиконро аз оташи таърих берун кашида, ба дасти миллат супорид; шахсе, ки бо ҷонбозиҳои худ халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ соҳиби аркони давлатдорӣ ва соҳиби давлати соҳибистиқлол намуд.

Дар ҳақиқат сулҳу оромии кишвар омили бунёдии рушду такомули ҷомеа мебошад. Дар ин масъала ба хотир овардани яке аз поягузорони илми иқтисодиёт Адам Смит бисёр бамаврид аст, ки гуфта буд: барои он, ки давлатро аз зинаи пасти ҷаҳолат бо зинаи олии некукориву тамаддун ҳидоят намоед, бояд пеш аз ҳама, сулҳу ризояти ҷомеа, андози сабуку муътадил ва идоракунии тоқатпазирро фароҳам овард. Ин ҳақиқат дар чомеаи Тоҷикистон исботи худро ёфт ва сулҳу ризояти миллӣ ба омили пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ табдил гардид. Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби маҳфилҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун намуд.

Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон низ тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили бунёди теъдоди зиёди муассисахои таълимии зинаҳои гуногун, сохтмон ва ба истифода додани марказҳои фарҳангии ҷавонон, стипендияҳои президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ - «Дурахшандагон», грантҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон чун зуҳуроти ғамхории доимии ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.

Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат ва муҳимтарин ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошанд. Дар роҳи ноил гардидан ба ин ҳадафҳои воло Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дастур додааст, ки аз арзишҳои пурқимати маънавӣ дар тарбия ва ташаккулёбии ҷавонон истифодаи пурсамар бояд намуд.

Итминон дорем, ки шиори ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ ва ватандӯст суханҳои пандомӯзу роҳнамои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни мулоқот бо ҷавонон гуфта буд: «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зимаи ҷавонон вогузор аст. Онҳо Ватанро дар баробари модари худ дӯст доранд, қадр кунанд ва ҳифз намоянд!»

Бика Ёғибекова,
Омӯзгор, мудири Китобхонаи Донишкадаи
давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон