Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Беҳтаринҳои таълим дар Рӯзи Конститутсия қадрдонӣ карда шуданд

 

5 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ва ҷамъбасти Озмуни “Муаллими беҳтарини сол”, “Донишҷӯи беҳтарини сол” ва “Хонандаи беҳтарини сол ” дар соли 2019 чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид .

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, роҳбарияти муассисаҳои олии касбӣ ва таълимии соҳаи фарҳанг, устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ҷамшед Ғанизода ҳусни оғоз ёфт. Мавсуф аҳли толорро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа ҳарф зад.

Сипас чанд нафар устодони донишкада дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла “Таърихи пайдоиши Конститутсия” “Конститутсия - ҳомии рушд ва пешрафти ҷомеа” маъруза карданд.

Баъдан Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, оид ба аҳамияти ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки онро ба таври дигар бахтнома ва шиносномаи миллат меноманд, ҳарф зад.

Сипас ғолибони озмуни “Муаллими беҳтарини сол”, “Донишҷӯи беҳтарини сол” ва “Хонандаи беҳтарини сол ” дар соли 2019 бо диплом ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Нафарони зерин сазовори унвони «Муаллими беҳтарини сол» дар соли 2019 дониста шуданд:

1. Розиқов Тағоймурод-омўзгор, профессори кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
2. Боронова Саодат Боймаҳмадовна – омўзгори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
3.Каримов Саъдулло Салимович-омўзгор, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;
4. Ахмедов Раҳимбердӣ Маматқулович - омўзгори фанни нақшнигории Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;
5. Ҳошимов Далерҷон Маъруфович – омўзгори шуъбаи «Созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;
6. Ризоева Малика Маҳмадуллоевна – омўзгори фанни забон ва адабиёти Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова;
7. Атоев Абдураҳмон Ваҳобович - омўзгори фанни таърихи халқи тоҷики Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бўйдоқов;
8. Назиров Муҳаммадаюб Зоирович- омўзгори фанни назарияи мусиқии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кўлоб ба номи Кароматулло Қурбонов;
9.Ҳамдамова Назира Ғайбуллоевна-омўзгори назарияи мусиқии Коллеҷи санъати ш. Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз;
10.Раҷабов Далер Хасанович–омўзгори синфи кларнети Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ;
11.Турсунова Азиза Тешабоевна – омўзгори синфи фортепианои тахассусии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев;

Донишҷўён ва хонандагони зерин ғолиби Озмуни «Донишҷўи беҳтарини сол» ва «Хонандаи беҳтарини сол» дар соли 2019 дониста шуданд:

1.Юсупов Кароматулло - магистранти курси 2-юми шуъбаи режисёри намоишҳои театрикунонидашуда ва идҳои факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
2.Саидов Абдусамад Абдуғаффорович – донишҷўи курси 3-юми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашии Доншкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
3.Олимӣ Фархундаи Ашуралӣ - донишҷўи курси 4-уми шуъбаи мусиқишиносии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;
4.Давлатзода Муҳаммад Баҳодур – донишҷўи курси 3-юми шуъбаи «Созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ», ихтисоси сози гобойи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;
5.Қодирова Мадина Қосимовна- донишҷўи курси 1-уми ихтисоси рўзноманигории Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бўйдоқов;
6. Шамсов Бежан Фурқатшоевич– донишҷўи курси 4-юми шуъбаи рақси эстрадии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова;
7.Муҳаммадиева Айана Илҳомовна - донишҷўи курси 3-уми ихтисоси «Зебошиносӣ»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;
8. Холов Исроил Шеравганович-донишҷўи курси 3-юми шуъбаи иҷрокунандагии созии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кўлоб ба номи Кароматулло Қурбонов;
9.Акрамова Сурайё Муҳаммадалиевна-донишҷўи курси 3-юми шуъбаи созҳои оркестри халқии Коллеҷи санъати ш. Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз;
10.Исоқова Карашма Ҷамшедовна - хонандаи синфи 9-уми шуъбаи созҳои миллӣ, ихтисоси чанги Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ;
11.Машрапов Муҳаммадалӣ – хонандаи синфи 10-уми шуъбаи созҳои оркестрӣ, синфи қонуни Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев.