Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки фаъоли Коллеҷи фарҳанг дар таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Рӯдакӣ

5 ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои фарҳангу маориф, занону ҷавонон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Дар аввал Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Акрамзода Рустам аҳли нишастро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамеша дар асоси талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолият намоянд ва ба зиндагии босаодат ноил гарданд.

Баъадан, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамзаалӣ Юсуфӣ баромад намуда, Конститутсияро ба сифати ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба қуллаи мурод донист ва дар анҷоми суханронияш аҳли нишастро бо солгарди навбатии қабули Конститутсия шодбош гуфт.

Дар қисми дуюми ҷамъомад Барномаи мукаммали фарҳангию фароғатии устодону донишҷуёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва дигар ҳунармандони ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар аксарияти бахшҳои чорабинии идонаи сатҳи ноҳиявӣ устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо роҳбарии шахси масъул, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавии таълимгоҳ Ҷаъфаров Ҷаъфар фаъолона иштирок намуданд. Махсусан, дар бораи Конститутсия ва моддаҳои он маълумоти муфассал додани донишҷӯён таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба худ ҷалб намуд. Инчунин, сурудҳои “Ватан”, “Қарзи ватандорӣ” –ро донишҷӯёни муассисаи таълимӣ дар сатҳи баланд иҷро намуданд, ки тамошобинон ба ифтихори ҳунару истеъдоди онҳо кафкубиҳои зиёд заданд. Суруди “Холи руят” –ро омӯзгори Коллеҷи фарҳанг Қурбоналӣ Шомаҳмадов бо ҳунари баланди овозхонӣ иҷро кард.

Воқеан ҳам хушиҳои зиндагии мардум аз рушди фарҳангу ҳунар вобаста аст, ки ин гуфтаҳоро дар чорабинии идонаи сатҳи ноҳиявӣ аҳли ҳунару фарҳанг, махсусан устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов таҳти роҳбари директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис бори дигар исбот намуданд.

Миралӣ Воҳидов