Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Тоҷикистон-Ватани азизи ман”. Ғолибони номинатсияи навозандаи анъанавӣ ва навозандаи эстрадӣ муайян гардиданд

 

6 ноябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар номинатсияи навозандаи анъанавӣ ва навозандаи эстрадӣ баргузор гардид.

Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов ба ҳунари 9 нафар иштирокчии бахши навозандаи анъанавӣ ва 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи эстрадӣ баҳогузорӣ намуда, ғолибонро дар ин бахш муаян карданд.
Дар бахши навозандаи анъанавӣ ҷои аввал насиби Ансамбли миллии созу навои “Дилнавоз” аз шаҳри Хуҷанд гардид. Ансамбли мазкур соҳиби 44 хол гардида, ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд.

Ҷои дуввуми ин бахш сазовори Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе дониста шуд. Ҳайати ҳакамон навозиши ӯро бо 43 хол баҳогузорӣ карданд.

Ҷои сеюми ин бахшро Шарифҷон Раҳимзода аз шаҳри Душанбе бо 40 хол ва ҷои чорумро Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун бо 39 хол ба даст оварданд.

Дар бахши навозандаи эстрадӣ Муҳаммад Ниёзов аз шаҳри Душанбе бо гирифтани 45 хол ҷои якумро соҳиб гашт.

Ҷои дуввуми ин бахш ба Бахтиёр Оқсақолов аз шаҳри Душанбе лоиқ дониста шуд, ки аз ҷониби ҳакамон бо 43 хол баҳогузорӣ шудааст.

Ҷои сеюм насиби Ҳасан Шарифзода аз шаҳри Шаҳринав (42 хол) ва ҷои чорум насиби Абдукарим Абдураҳмонов (41хол) гардид.

Боиси зикр аст, ки имрӯз, яъне 7 ноябр соати 13:00 дар театри мазкур баҳогузории истеъдоди 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи академӣ сурат мегирад. Инчунин имрӯз даври ниҳоии номинатсияи оҳангсоз бо иштироки 8 нафар довталаби пирӯзӣ низ гузаронида мешавад.

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанг қаблан хабар дода буд, то 9 ноябр ҳамарӯза соати 13:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар номинатсияҳои гуногун баргузор мегардад.

Чамъбасти озмун 16 ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо баргузории галаконсерт ва муайян кардани барандаи шоҳҷоиза, инчунин супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун дар назар аст.