Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Такмили фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавии гуфтугӯи тамаддунҳо

 

9 январи соли 2018 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Такмили фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавии гуфтугӯи тамаддунҳо» доир гардид.
Семинари мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни раёсату шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ, беҳ гардидани шароити моддиву маънавӣ, баланд гардидани маданияти омма, рушди бемайлони соҳаи фарҳанг ташкил гардида, мавзӯи асосии он ба нуктаҳои ба фарҳанг нигаронидашудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барномаи фаъолияти минбаъдаи аҳли фарҳангу санъат аст, бахшида шуда буд.
Семинари мазкурро сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Курбон Ғуломзода ҳусни оғоз бахшида, атрофи дурнамо ва шароити кунунии соҳа ибрози андеша намуд. Сипас, сармутахассиси раёсати мазкур Нуралӣ Мирзоалиев, дар мавзӯҳои «Вазъи татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ», «Нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар устувор гардонидани рукнҳои фарҳанги миллӣ, «Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва «Барасмиятдарории асноди коргузорӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ» гузоришҳои муфассал дод.
Ҳамчунин дар рафти семинар мудирони шуъбаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баромадҳои пурмӯҳтаво намуда баҳри пешрафти кори соҳа ва роҳҳои ислоҳи баъзе камбудиву норасоиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳод ва суханронӣ намуданд. Зимни музокираҳо ба масъалаҳои гуногун аз қабили таҳияи ҳисоботи хаттию оморӣ, таҳияи сомонаҳои раёсатҳо, муассисаҳои зерсохтор ва истифодаи почтаи электронӣ барои мукотибот байни сохторҳо, таҳияи модели китобҳои замонавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Боиси зикр аст, ки семинари мазкур, ки кормандони соҳаи фарҳангро аз гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ ҷамъ овард, барои воқиф гардидани иштирокчиён аз муваффақияту пешравиҳои якдигар ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда гирифтани дасти ҳамдигар мусоидат менамояд.