Сомонаи пешина | Пш, 21 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тоҷикистон маркаҳои ҷашниро ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи Маҳатма Ганди, нашр намуд

 

8 ноябри соли 2019 дар Тоҷикистон маҷмӯи чор намуди маркаҳои ҷашнӣ бахшида ба 150-солагии зодрӯзи Махатма Гандӣ бароварда шуд. Муаррифии маркаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шамсиддин Орумбекзода, Абдураҳмонзода Адолат, муовини Сардори Хадамоти алоқа ва Ҷаноби Вираҷ Сингҳ, Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон, баргузор гардид.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар баромади худ аз равобити таърихии Ҳиндустон ва Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, ки онҳо фарҳанги муштарак доранд. Вай илова намуд, ки нашри маркаҳо ба ифтихори Маҳатма Ганди, ки барои тамоми башарият тараннумгари сулҳу субот буд, ифтихори Тоҷикистон аст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҷаҳон ҳамеша Махатма Гандиро бо риояи принсипҳои ӯ, дар ёд хоҳад дошт. Ҷаноби Вираҷ Сингҳ дар баромади худ қайд кард, ки Маҳатма Ганди ва фалсафаи ӯ ба бисёр пешвоёни ҷаҳон, аз ҷумла Нелсон Мандела аз Африқои Ҷанубӣ дар муборизаи озодихоҳӣ, таъсир расонидааст.

Вазири фарҳанг дар осорхона инчунин намоишгоҳеро таҳти унвони "Ҳаёти ман паёми ман аст" дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Маҳатма Гандӣ ифтитоҳ кард. Намоишгоҳ шумораи зиёди ҷавонони тоҷикро ҷалб кард.