Сомонаи пешина | Сш, 23 Январ 2018 | 01:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Семинар-тренинг дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат

 

10 январи соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони шуъбаву бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои ин вилоят дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-тренинг баргузор гардид. 
Семинари мазкур бо мақсади беҳтар гардидани шароити моддиву маънавӣ дар шӯъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят, ба кор ҷалб намудани кадрҳои баландихтисос ва кормандони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо ташкил гардида, мавзӯи асосии он ба нуктаҳои ба фарҳанг нигаронидашудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барномаи фаъолияти минбаъдаи аҳли фарҳангу санъат аст, бахшида шуда буд.
Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Курбон Ғуломзода оид ба дурнамо ва шароити кунунии соҳа изҳори ақида намуд. Сармутахассиси раёсати мазкур Нуралӣ Мирзоалиев дар бораи масъалаҳои ҷойдошта дар иҷрои вазифаҳо, омода намудани ҳисоботи оморӣ ва хаттӣ, таҳкими робитаҳо бо маркази иттилоотии Вазорат ва дигар мавзӯъҳои муҳим сухан ронд.
Боиси зикр аст, ки чорабинии мазкур бори дигар диққати кормандони соҳаи фарҳангро дар маҳалҳо ба вазифаҳои муҳими аҳли фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавии он нигаронида, онҳоро барои иҷрои самимии вазифа ва гузоштани саҳми арзанда дар ин ҷода рӯҳбаланд намуд.