Сомонаи пешина | Ҷм, 15 Январ 2021 / 19:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Беҳтарин довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои дарёфти «Шоҳҷоиза» роҳхат гирифтанд

furugh

Хонандаи синфи  8 Рухшона Норова,  талабаи  синфи 11  Раъно  Насриддинова, корманди нашрияи «Зарафшон» Мафтуна Нозирова аз  шаҳри Панҷакент,  хонандаи синфи 5  Шоина Мабатқадамова аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, омӯзгорон  аз шаҳри Хуҷанд Сарфарозиддин Иморуддинов,  аз ноҳияи Мастчоҳ Гулбаҳор Раҳимова,  аз шаҳри Истиқлол Нӯшофарин Хидирова, хонандаи синфи 11 аз ноҳияи Файзобод Рухшона Бобозода, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сарвиноз Саидова, Шероз Бобохонов, Фарзона Восиева ва Шабнам Одинаева дар даври ниҳоии Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», беҳтарин довталабон дониста шуданд,  барои дарёфти «Шоҳҷоиза» -и озмун   роҳхат гирифтанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз дар сабқат ҷиҳати дарёфти «Шоҳҷоиза»-и озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 12 нафар иштирокчии ҷойҳои  аввал аз рӯйи панҷ номинатсия озмун ширкат намуданд. Аз ин  шумора танҳо 5 нафар -Рухшона Норова, Сарфарозиддин Иморуддинов, Гулбаҳор Раҳимова, Раъно Насриддинова ва  Нӯшофарин Хидирова  бо хоҳиши худашон  иштирок карданд.

Омӯзгори МТМУ №24-и  ноҳияи Мастчоҳ Гулбаҳор Раҳимова аз зумраи нафарони хуштолеъ буд, ки дар номинатсияи  «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик» мавқеи аввалро ишғол  намуда, ба даври «Шоҳҷоиза» роҳхат гирифт.

 

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки аз рӯйи панҷ номинатсия иштирокчиён маҳорати худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзи дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чоруму  панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад карданд.

Масъулини  озмун мегӯянд, ки  пас аз муайян кардани ғолибони ҳамаи зинаҳо рӯзҳои наздик бо баргузории як чорабинии бошукӯҳ ғолибон эълон ва бо мукофотҳои муқарраргардида қадрдонӣ  хоҳанд шуд.

 

    АМИТ «Ховар»