Сомонаи пешина | Ҷм, 15 Январ 2021 / 20:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ

football 1

Ҷиҳати иҷрои банди 42, Протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2020 оиди таҳкими сиҳатию саломатӣ ва оммавигардонии варзиш, махсусан миёни кормандону хизматчиёни давлатӣ рӯзи 19.12.2020 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии футболи хурд миёни дастаи "Фарҳангсолор" -и дастгоҳи вазорат ва дастаи "Хушнавоз" -и Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқул баргузор карда шуд.
Новобаста аз он ки кормандону устодон муддате ба бозиҳои варзишӣ машғул набуданд, аммо рафти бозӣ бисёр бо ҷӯшу хурӯш ва шавқангез ҷараён гирифт. Баъди бозӣ тамоми бозингарон изҳори хушнудӣ ва сипосгузорӣ намуда, хоҳиш намуданд, ки чунин бозиҳои варзишӣ бештар роҳандозӣ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай нақшаи чорабиниҳои варзишӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва тасдиқ гардида, тибқи он ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бозиҳои варзишӣ аз қабили футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйимизӣ ва дигар машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд.
Дар чорабиниҳои варзишии мазкур кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои зертобеи он иштирок менамоянд.
football