Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 19:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ Андешаҳо баъд аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба ҳамаи соҳаҳо, бахусус соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, инкишофу такомули онро дар меҳвари фаъолият қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллии он маҳсуб дониста, дар масири таърихи бостонии дар сарчашмаҳо инъикосгардидаи зиёда аз шашҳазорсола, маҳз китобдорию баҳрабардорӣ аз китоб ва китобофарии халқи тоҷикро яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат маънидод кардаанд.

Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тайи чанд соли охир бо мақсади рушди китобу китобдорӣ дар кишвар чанд иқдоми шоистае, аз қабилиқабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҷлили “Рӯзи китоб”, зиёд намудани чопи китобҳои бадеӣ ва дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб, бознашри осори адибони классику муосири тоҷик бо унвони “Ахтарони адаб”, бо теъдоди зиёд нашр намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯи даст гирифтанд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла зикр сохтанд, ки “тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дуршудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Доир ба ин масъала ман дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва азёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд”.

Дар ин самт Пешвои муаззами миллат роҳбарону масъулони соҳаро муваззаф гардонданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати болорафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад. Дар ин росто, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дарсохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳруноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм – таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.

Воқеан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар он новобаста аз касбу ҳунар, сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмию оммавӣ аксари кулли аҳолии кишвар ширкат варзид. Аз ҷумла, дар Низомномаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оид ба ҳадафҳо ва номгӯи иштирокчиёни он зикр шудааст, ки: “Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намоядагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад”.

Ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар нимаи аввали моҳи декабри соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣдар фазои мутантани идона баргузор гардид, нишон дод, ки озмун ба ҳадафи асосии худ расида, теъдоди мутолиакунандагони доимии китоб дар кишвар бамаротиб афзудааст. Ва ин аз он далолат мекунад, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштагони хеш китобдору китобхон мебошанд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур бо фармоиши ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин аз 12 марти соли 2020 комиссияиозмунӣ таъсис дода шуд. Ба озмун 50 нафар донишҷӯ аз факултаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, фарҳангшиносӣ, санъати театрӣ ва режиссура, кино ва телевизион барои иштирок пешниҳод гардиданд.

Дар ҷамъбасти даврҳои донишкадавӣ донишҷӯён Фирдавсҷон Азимзодааз факултаи санъати театрӣ, Гулрухсор Амонова, Наргис Ҳалимова аз факултаи фарҳангшиносӣ, Мадина Зоирова, Умедҷон Юнусалиев, Аюбҷон Саидов, Зиёратшоҳи Ҷӯрахон аз факултаи режиссура, кино ва телевизион ва Назира Доруева, Намруд Қадамшоев аз факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври ноҳиявии озмун аз донишкада 9 нафар донишҷӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат варзид. Аз байни онҳо донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигорӣ Мадина Зоирова дар бахши «Хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик» ва Умедҷон Юнусалиев -донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзноманигорӣ дар бахши “Хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, Намруд Қадашоев дар бахши «Шоирӣ» ва Назира Доруева дар бахши «Хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ширкат варзида, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрӣ донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигорӣ Мадина Зоирова ва донишҷӯи курси 3-юми рӯзноманигорӣ Умедҷон Юнусалиев ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ Мадина Зоирова дар бахши «Хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик» сазовори ҷойи дуюм гардида, ба маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) мукофотонида шуд. Умедҷон Юнусалиев бошад, дар ҳамин бахш бо сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Боиси қаноатмандист, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд ва мардум онро бо шавқу завқ тамошо карданд. Бо итминон метавон гуфт, ки ин намоишҳо барои баланд бардоштани завқи китобхонии мардум, бавижа насли наврас такони ҷиддӣ бахшиданд. Гузашта аз ин, озмуни мазкур барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ҳавасмандгардонии иштирокчиён ва ғолибони озмун, истиқболи гарми онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, баргузории вохӯриҳои самимӣ ва тақдими гулу туҳфаҳои хотиравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Мутмаинем, ки дар соли равон теъдоди иштирокчиёни ин озмун бамаротиб афзуда, он дар фазои сулҳу субот бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад.

Дар охир чанд пешниҳоди худро барои боз ҳамбеҳтару хубтар роҳандозӣ намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ироа медорам:

1. Дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар байни донишҷӯён озмуни донишкадавӣ бо унвони “Китобхони беҳтарин” гузаронида шавад.

2. Дар шартҳои иштирок дар озмун, аз ҷумла омадааст, ки иштирокчӣ бояд аъзои фаъоли китобхона бошад. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳайати ҳакамони озмун директор ё яке аз муовинони ӯ ворид карда шаванд.

3. Ғолибони “Шоҳҷоиза ” аз даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии озмун озод карда шаванд.

4. Ба ҳайати ҳакамон муаллимони варзида ва шинохтаи кишвар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ворид карда шаванд.

5. Дар доираи Озмуни мазкур дар баробари дигар номинатсияҳо, номинатсияи “Китобдорӣ” низ ворид карда шавад.

Бозорбой ХОЛОВ,
Зафари ШАРИФ
омӯзгорони ДДФСТ
ба номи М.Турсунзода