Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 18:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАЪРИФАТ ҶИЛОИ ТОЗА МЕГИРАД

Андешаҳо дар ҳошияи Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” 

Озмуни имсолаи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - ро, ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат дар сатҳи баланд баргузор шуд, метавон тантанаи комили рушди китобхонӣ ва суханварии тамоми қишрҳои аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Ҷамъбасти имсолаи озмун нишон дод, ки ҳам довталабон ва ҳам аъзои ҳакамон ба ин чорабинии муҳими фарҳангӣ-маърифатии ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли гузашта тайёрии ҷиддӣ дидаанд.

Озмун дар баробари кашфи чеҳраҳои нави китобхону сухандон дар фазои илмиву маърифатии Тоҷикистон, боз ба бештари масъалаҳои ҷойдошта, ки ҳалли онҳо ногузир мебошанд, равшанӣ андохт. Аз ҷумла, чуноне ки аз суханронии довталабон маълум гардид, яке аз шартҳои асосии бо таври бояду шояд муаррифӣ намудани сатҳи малакаи китобхонӣ ва санъати суханварии иштирокчиён, қабл аз ҳама, аз дастрасии онҳо ба адабиёти тибқи оинномаи озмун пешниҳодшуда вобаста буд ва баъзе аз довталабон бинобар сабаби надоштани чунин имконият натавонистанд ба он бо тайёрии комил ҳозир шаванд. Яъне, ин ҷо сухан дар бораи таъмини китобхонаҳои ҷумҳурӣ, бахусус китобхонаҳои музофотӣ бо адабиёти ниёзи хониш, лоақал китобҳое, ки дар оинномаи озмун барои иштирокчиёни он пешбинӣ шудааст, меравад. Чӣ бояд кард, ки солҳои минбаъда ин мушкилот бартараф гардад. Ба андешаи мо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки тавассути баргузории таҳқиқоти иҷмолӣ дороии китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти барои хониш пешниҳоднамудаи озмун, муайян карда шавад, сониян, дар сурати ҳузур надоштани китобҳои пешниҳодшуда дар фонди китобхонаҳои мамлакат ва ё мавҷуд будани теъдоди ками онҳо, ба роҳ мондани нашри такрории ин китобҳо мувофиқи мақсад аст.

Масъалаи дигар, ки ҳалли он метавонад барои боз ҳам хубтару беҳтар ташкил ва баргузор намудани озмун ва, ҳамзамон, барои рушди фаъолияти китобдории мамлакат ҳамаҷониба мусоидат намояд – дар оинномаи озмун ворид намудани номинатсияи нав – «Китобдорӣ» мебошад. Чуноне ки, таҷрибаи имсолаи озмун нишон дод, масалан, номинатсияи «Шоирӣ» ҳамчун минбар тавонист барои муаррифии истеъдоди навқаламони тоҷик хизмати шоистаро ба анҷом расонад. Номинатсияи «Китобдорӣ» низ метавонад дар радифи дигар номинатсияҳо барои кашфи истеъдодҳои нави соҳаи китобдории тоҷик, ки имрӯз китобхонаҳои мамлакат ба чунин мутахассисони донишманду чашми кордон сахт эҳтиёҷ доранд, мусоидат намояд. Хурсандибахш аст, ки касби китобдорӣ бо тору пудаш ба мазмуну муҳтаво ва ҳадафу вазифаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пайванди ногусастанӣ дорад ва дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои асосии китобдорон ҳам бо истифода аз чорабиниҳои мухталифи китобдорӣ ҳарчи беҳтару бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба китобу китобхона ва баланд бардоштани майлу рағбати китобхонии онҳо мебошад. Илова бар ин, китобдорони тоҷик, бахусус китобдорони ҷавон тавассути иштирок дар озмун метавонанд сатҳи дониши тахассусӣ ва қобилияту кордонии худро дар самти бунёд ва такмили захираи китобхонаҳо, коркарду гурӯҳбандӣ, мураттабсозиву феҳристнигорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи махзани китобӣ, роҳҳои муассиру самарабахши ҷалби хонандагон ба китобу китобхона, ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ дар китобхона, сари вақт иҷро намудани маълумотномаҳои хаттиву шифоҳӣ бо дарназардошти талабу дархости хонандагон, истифодаи воситаҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди хизматрасонии китобдорӣ ва дигар масоили марбут ба китобу мутолиа ва китобдориву китобшиносиро ба намоиш гузоранд ва ё муаррифӣ намоянд. Ин иқдом метавонад, на танҳо барои беҳтар шудани фаъолияти китобхонаҳои мамлакат, бахусус китобхонаҳои деҳот ва таъмини онҳо бо китобҳои дархӯри замон ва арзандаи хониш мусоидат намояд, балки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи касби китобдорӣ ва арҷгузорӣ ба суннати қадимаи китобдориву китобхонии миллати сарбаланди тоҷик, такони ҷиддӣ диҳад.

Барои натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳарсолаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба ақидаи мо, бисёр хуб мешуд, ки бо иштироки аъзои ҳакамон ва бо ҷалби олимону адибон, мутахассисону коршиносони соҳа ҳамоиши илмӣ баргузор карда шавад ва маводи ин ҳамоиш, якҷоя бо афкору андешаҳои ҳар узви ҳакамон дар шакли мақолаву гузоришҳои илмӣ дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ ва нашр карда шавад. Интишори чунин маҷмӯа, аз як ҷониб, барои ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба мутасаддиёну ташкилкунандагон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ин мавод метавонад барои омӯзиши фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯёну омӯзгорони бахшу факултаҳои китобдории донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат кумак расонад.

Бе муболиға метавон гуфт, ки ташкил, баргузорӣ ва бо таври шоиста ҷамъбаст шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз дастовардҳои назарраси даврони истиқлол дар соҳаи китобдориву китобшиносии тоҷик маҳсуб меёбад.

Шариф КОМИЛЗОДА,
муовини директори Пажӯҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Бознашр аз рӯзномаи Ҷумҳурият, 2020, 30 декабр, № 250-251, саҳ. 6.