Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 17:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Лахш расид

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»-ро ба ноҳияи Лахш расониданд.

Бо ин иқдом, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷкистон, Шарифзода Манучеҳр ҳамчун роҳбари гуруҳ дар якҷоягӣ бо Муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон, мутахассиси пешбари раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Забиров Фаррух ва дигарон ба ноҳияи Лахш равона карда шуданд.

Масъулини ноҳияи Лахш хабар доданд, ки дар ҳукумати ноҳия аз ҳисоби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва командони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст. Аъзои гурӯҳи мазкур ин туҳфаро аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд.

Мақсади асосии чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.