Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМ - ОЙИНАИ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

     Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешваои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми январи соли ҷорӣ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатпешниҳод гардид.

     Бояд зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ин муроҷиати оммавию анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Маҷлиси Олӣмебошад, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд, ки ин аз ҷониби сиёсатшиносон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав аразёбӣ мегардад.

    Дар низоми сиёсии давлатдории миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки тамоми мардуми тоҷик беш аз пеш ба ин санади муҳимму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи кор ва зиндагии доимии хеш қарор медиҳанд. Ироа гардидани Паём аз тарафи Роҳбари давлат ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва стратегияи рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарафманди тоҷик маҳсуб мешавад. Яъне Паём суханони барномавии Пешвои муаззами миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои пурифтихори созандаи давлату миллати шарафманди тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

     Ҳамасола баъди ироа гардидани Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеа рӯҳу нерӯи тозае ба вуқӯъ мепайвандад. Яъне, аз Паём то Паём зиндагии мардуми тамаддунофари тоҷик куллан рангу намои дигар гирифта, ҷомеа бо як дилгармӣ аз пайи иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣва рангин сохтани рӯзгори хеш мешавад. Мавриди зикри хос аст, ки бо дигаргун гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва раванди ҷаҳонишавию гуфтугӯи тамаддунҳо ҳамзамон, дар робита ба таҳаввулоти солҳои охир дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм, иқтисодиёт, сиёсат, энергетика ва дигар самтҳои ҳаётан муҳиму стратегии ҷомеа моро огоҳ месозанд, ки то чи андоза иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат барои рушду нумӯи ҷомеа пешниҳод мегарданд, муҳим мебошанд.

     Роҳбарияти олии мамлакат илму маориф ва фарҳангро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Азҷумла дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватаниазизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хамчунин, озмуни навбатии «Илм – фурӯғи маърифат» дар Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки ин озмун дар самти рушду нумӯи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ заминаи бунёдӣ хоҳад гузошт. Ҳамзамонин ташаббуси наҷибҷавонон ва олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки солҳои 2020 – 2040 – ум эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳмгузор бошанд.

     Соле, ки сипарӣ гардид бо рӯйдодҳои басо муҳиму хотирмон мо ба сифати боз як соли пурбарор дар саҳифаи таърихи давлатдории навини мо сабт гардид. Дар соли сипаригардида миллати тоҷик ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандиро таҷлил намудем, ки ин дар сатҳи байналмилалӣ барои шиносонидани Тоҷикистон хелоҳам муҳим арзёби мегардад. Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон боз ду чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ баргузор шуд, ки ин ду чорабинии муҳими сиёсӣ дар таърихи давлатдории мо муҳиму хотирмон буданд.

     Мавриди зикр аст, ки Паёми Президенти кишвар низ аҳаммияти махсуси байналхалқӣ дошта, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар низоми ҷаҳонӣ ва мавқеъу муносибати онро дар робита ба равандҳои байналмилалӣ ифода мекунад. Бинобар ин, ҳар нуктае, ки дар паём ироа мегардад, натанҳо аз назари таъсиру корбурди дохилӣ, балки аз назари тарзи фаҳмишу қабули берунӣ низ бисёр санҷидаву озмудашуда мебошад, то ин ки манофеи миллиро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва дар айни замон ҳифз намояд. Аз ин лиҳоз, ҳар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мавқеъ ва як ҳуҷҷати бисёр суфтаву баркашидаи сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию дипломатӣ маҳсуб мешавад.

     Гузашта аз ин, Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣандешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ, ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақалиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо саривақт таҳия, тарҷума ва дастрас намоянд”.

     Бояд ёдовар шавем, ки ҳайати кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор дода, дар самти нашри китобҳои илмию оммавӣ, адабию бадеӣ ва сиёсӣ нақши муҳим дошта, барои муаррифии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ дар миқёси кишвар ва берун аз он дар оянда низ корҳои муҳимеро ба анҷом мерасонад.

     Дар заминаи таҳлил намудани Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба чунин хулоса мерасем, ки дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ ироа гардидани Паём ҳам аз назари фасоҳату балоғат ва ҳам аз назари мазмуну таъйинот падидаи муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи давлатӣ маҳсуб гардида, аҳаммияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузориро доро мебошад.

Ғуломзода Қурбон Ғулом,
директори Муассисаи нашриявии “Ирфон”