Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаи миллӣ соли 2021 реҷаи нави корӣ ҷорӣ намуда, акнун ҳамарӯза тамошои он имконпазир гардид

Аз 1 феврали соли равон  реҷаи кории  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  тағйир ёфта, вуруд ва тамошои он ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 имконпазир гардидааст.  Аз ин пеш   Осорхонаи миллӣ рӯзҳои душанбе фаъолият накарда,   реҷаи кории он аз рӯзи сешанбе то шанбе, аз соати 10:00 то 17:00 ба роҳ монда шуда буд.  Осорхонаи миллӣ дар рӯзҳои якшанбе аз соати 11:00 то 16:00  фаъолият мекард.

Аз ҷониби роҳбарият ҷадвали фаъолияти муассиса таҷдиди назар шуда, тамоми шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷии мамлакат, аз ҷумла кормандони вазорату идора, кумитаву муассисаи давлатӣ, инчунин сафорату ташкилоту созмонҳои хориҷии дар мамлакат амалкунанда метавонанд тибқи реҷаи нави корӣ ба тамошои Осорхонаи миллӣ раванд.

Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз намуд, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гардиши нигораҳои фонд имрӯз роҳрав ва толорҳои намоишӣ аз ҳисоби экспонатҳои нодири фонди муассиса, аз ҷумла мусаввараҳо, пайкара ва нимпайкараҳо, сиккаҳо, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, хушнависӣ, ашёи сафоливу мисӣ (офтоба, кӯза, лаълӣ), хунарҳои мардумӣ (сӯзанӣ, рӯйҷо, болинпӯш) бозёфтҳои бостоншиносии тиллоӣ (сикка, гӯшвора), инчунин бозёфтҳои ёдгории Саразми бостон мукаммал гардидаанд.

Тамошобинон метавонанд тавассути тамошои нигораҳои дар сатҳи баланди касбӣ пурранамудаи роҳбарият ва кормандони илмӣ, инчунин ба роҳ мондани сайрҳои осорхонавии роҳбаладони муассиса бо бозёфтҳою ёдгориҳои таърихӣ ва осори арзишманди ниёгонамон аз наздик шинос шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон  20 марти соли 2013 дари худро ба рӯи тамошобинон боз намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи хурдсолону калонсолон табдил ёфтааст.

Осорхона маконест, ки мероси таърихию фарҳангиро дар худ нигоҳ дошта, баёнгари таърихи гузашта ва имрӯза буда, дар ҳаёти фарҳангии ҳар давлат нақши муҳим мебозад. Осорхонаҳо аз азал ҷойи дӯстдоштаи одамон ба шумор мерафтанд, чунки  ҳамеша муҳити «интихоби озод» — ро барои тамошобинон пешниҳод менамоянд.

Тавассути тамошои нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон тамошобинон метавонанд бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик шинос шуда, савияи дониши таърихии худро баланд бардоранд ва ба ин васила худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллии хешро тақвият бахшанд.