Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 23:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конфронси адабӣ дар мавзуӣ «Сада-ҷашни ҳамбастагӣ”

«Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннати оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд». Эмомалӣ Раҳмон.

Ифтихор ва шукргузор аз онем, ки имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ дубора эҳёву таҷлил мешаванд. Вокеъан ҳам Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҷашнҳои суннатии аҷдодони моанд, ки рӯзгори ҳамешагӣ, фалсафаи ҳаёт, афкору ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хислатҳои равонии ҷомеаро таҷассум менамоянд. Сада низ басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешавад ва бешубҳа, боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, хосса насли наврас мегардад.

Ҳамин аст, ки барои боз ҳам ошнои пайдо намудани насли ҷавон ба ҷашнҳои миллии аҷдодони хеш дар толори машваратии Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” конфронси адабӣ дар мавзуӣ «Сада-ҷашни ҳамбастагӣ” бо гурӯҳи васеъи хонандагон баргузор гардид. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхона Абдулҳакимзода Саодат кушода, ҳамагонро бо ин иди хуҷаста табрик намуд.

Сипас аъзоёни маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ривоят ва қироати шеърҳо хотири ҳозиринро шод намуданд. Зикр гардид, ки Сада моро ба саду як расму оини худ ошно месозад, Сада ҷашни ниёгони мост, ҷашни мардумони озодаву сарбаланди мост.

Хоҷаева Ситора - корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»