Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Юсуф Раҳмон: «Ҳар нафаре, ки ба манфиати хоинони миллат фаъолият мекунад, ошкор шуда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад»

Танҳо дар як моҳи охир 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  бо  гурӯҳҳои иттилоотӣ аз ҷониби  иғвогарон ва ҷинояткорон дар хориҷи мамлакат ҳамкорӣ доштанду маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро бар зидди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо ирсол мекарданд, дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба хабарнигорон иброз дошт.

-Дар оянда низ ҳар нафаре, ки ба манфиати хоинони миллат фаъолият мекунад, ошкор шуда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, — афзуд  Прокурори генералӣ.

Зикр шуд, ки вақтҳои охир гурӯҳҳои иттилоотӣ аз ҷониби  иғвогарон ва ҷинояткорони дар хориҷи кишвар буда зиёд гардида, онҳо мехоҳанд дар  ҷумҳурӣ  нотинҷӣ ва нооромиҳо ба вуҷуд оранд. «Бояд гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Прокурори генералӣ-ин таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таъмини амният дар мамлакат  мебошад.  Аз ин рӯ имрӯз мо, кормандони Прокуратураи генералӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки  таъсиррасонии гурӯҳҳои иттилоотӣ ба мафкураи мардум кам гардад»,- гуфт Юсуф Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 23 ҳазору 460 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.  Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон  рӯ ба пастшавӣ ниҳода, соли 2020 нисбат ба соли 2019 119 адад камтар ҷиноят содир шудааст.