Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Варақаи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии мамлакат дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардидаро мавриди корбарӣқарор дода, дар баргузории ҳамаи ҷашнҳои давлатӣ ва чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузошт.

Аз ҷумла, бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва пурра гардонидани репертуари театрҳои касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳайати ҳакамон аз 15 асари пешниҳодшуда 6 асарроба ҷоизаҳо сазовор донистанд.

Бо тавсияи Шӯрои бадеӣ дар соли гузашта 13 асари драмавӣ ва 11 асари мусиқӣ харидорӣ шуд, ки ин асарҳо дар театрҳои кишвар таҳия ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ истифода гардиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор гардида, дар даври якуми озмун дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2493 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз ин миқдор 713 нафар ба даври дуюм ва 146 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Даври сеюм аз 9 то 12 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Бо қарори ҳайати ҳакамон аз 146 иштирокдор 66 нафар (26 навозанда, 27 сароянда, 12 композитор, 1 шоҳҷоиза) боҷоизаҳо сарфароз шуда, бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон ба 12 нафар мукофот дода шуд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти нави фарҳанги мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба истифода додани бинои нави Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ яке аз ин рӯйдодҳо мебошад.

14 сентябри соли 2020 дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бо ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.

24 сентябри соли 2020 дар маркази ноҳияи Восеъ Қасри фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Толори Қаср аз 350 ҷойи нишаст иборат буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ шароити мусоид фароҳам аст.

Аз 15 то 25 октябри соли 2020 дар иёлоти Ню-Ҷерсии ИМА Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ бо иштироки 18 кишвар тариқи онлайн доир гардид, ки дар ин ҷашнвора бори аввал Тоҷикистонро Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо намоиши “Дирафши ковиёнӣ” –и А.Фирдавсӣ муаррифӣ намуд.

Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский аз 9 то 20 ноябри соли 2020 ба шаҳрҳои Киров, Йошкар-Ола ва Москваи Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ анҷом дод.

Барои пешгирии бемории сироятии коронавирусиCOVID-19 мутахассисон,ҳунарпешагон, аҳли эҷоди муассисаҳои театрию консертии вазорат бо мардум дар шакликорҳои маърифатӣ, эҷоди суруду оҳангҳо, расонидани кӯмакҳои моддӣ, даъват ба сабру таҳаммул ва тақвияти эҳсоси рӯҳбаландӣкор карданд.

Дар соли гузашта дар театрҳои касбии кишвар 46 асари нав рӯи саҳна омад. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 18 намоиш ва дар театрҳои музофот 28 намоиш ба саҳна гузошта шуд.Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ 7 асари навро рӯи саҳна овард, ки ин аз фаъолияти пурсамари муассисаи мазкур гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 36 суруду оҳангҳои тоза ва 23 рақси нав эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуд.

Дар муассисаҳои фарҳангииҷумҳурӣ1796 нафар норасоии кадрҳо ба назар мерасад, ки 9,9%–ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 330 нафар ё 11,2%, вилояти Суғд 349,5 нафар ё 10,4%, ВМКБ 87 нафар ё 8,9%, ШНТҶ 215 нафар ё 13,9% ва шаҳри Душанбе 175,5 нафар ё 9,2%, китобхонаҳои соҳаи илму маориф 521,75 нафар ё 10,9%, осорхонаҳои тобеи вазорату идораҳо 13 нафар ё 12,1% мебошад.

Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар робита ба ин, номинатсияҳои ҷашни «Сада», матоъҳои миллии «Атласу адрас», «Кашидадӯзӣ», мусиқии «Фалак», сози миллии “Рубоб”, ёдгории таърихии “Қалъаи Ҳулбук”, маҷмааи меъмории “Кохи Наврӯз”, номинатсияи муштараки “Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин” барои шомил намудан ба ин Феҳрист мавриди корбарӣқарор доранд.

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра 83 номгӯй китоб, бо теъдоди 121685 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.Дар соли гузашта аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳашт ҷилди тозанашри силсилаи 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” ба нашр расид.

Дар соли равон дар доираи ду Ҳаракати “Корвони китоб -2020” захираи 14 китобхонаи марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бо 10775 нусха осори нашрӣ мукаммал гардонида шуд.

Баҳри ба хонанда наздик ва дастрас намудани китоб аз тарафи Муассисаи нашриявии “Адиб” дар пойтахт ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш-фурӯшҳои китоб мантазам баргузор гардид.

Соли гузашта шумораҳои рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон», «Фирӯза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма» бо замимаҳояш “Офтобак” ва “Зангула”, «Хорпуштак», «Баҳори Аҷам» ва «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд.

Тибқи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ дар Вазорати фарҳанг 376 рӯзнома, ки аз инҳо 112 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, ки аз инҳо 114 давлатӣ ва 131 ғайридавлатӣ, 319 матбаа, ки аз инҳо 37 давлатӣ, 282 ғайридавлатӣ, 71 нашриёт, ки аз инҳо 10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ, 11 агентии иттиллоотӣ, ки аз инҳо 1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ, 48нуқтаи фурӯши китоб, ки аз инҳо 3 давлатӣ ва 45 ғайридавлатӣба ҳисоб гирифта шудаст. (мутаносибан 25,88% - давлатӣ, 74,12% ғайридавлатӣ).

Дар соли 2020 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017, №97 “Дар бораи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди феҳрасти ягонаи давлатӣ” 31 рӯзнома (20 давлатӣ – 11 ғайридавлатӣ), 31 маҷалла (28 давлатӣ – 3 ғайридавлатӣ), 28 матбаа (3 давлатӣ – 25 ғайридавлатӣ), 4 нашриёт (1 давлатӣ – 3 ғайри давлатӣ), 1 агентии иттилоотӣ (0 давлатӣ – 1 ғайридавлатӣ) ва 4 нуқтаи фурӯши китоб (0 давлатӣ – 4 ғайридавлатӣ) фаъолияташонро тамдид намуданд.

25 декабри соли 2020 бо мақсади дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2020” ҷамъбаст шуд. Ба озмун 39 унвон китобҳои тозанашр пешниҳод гардид. Ғолибон дар номинатсияҳои китобҳои назм, наср, публисистика ва назму насри бачагонабо дипломҳои Вазорати фарҳанг ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи нақшаи қабули довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия 43 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дохил шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам, тибқи нақшаи чорабиниҳои вазорат дар соли 2020, озмунҳои «Муаллими беҳтарини сол», «Донишҷӯи беҳтарини сол» ва «Хонандаи беҳтарини сол» гузаронида шуда, ба ғолибони озмун аз тамоми муассисаҳои таълимии вазорат мукофотпулӣ ва дипломҳо супорида шуд.

Дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд. Соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаро дар маҷмӯъ 1247 нафар хатм намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бошад, 576 нафар нафар хатм намуданд.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 202 кори илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки иборат аз 23 китобу дастур, 42 мақолаи илмӣ, 98 мақолаи илмию оммавӣ ва 39 нашри электронӣ мебошанд.

Дар соли 2020 аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории зичи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои “Рубоб” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Ҷашни Сада” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон). “Кашидадӯзӣ” (якҷо бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон), “ЛатифаҳоиНасриддин Афандӣ” (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва номинатсияи миллии “Фалак”омода гардида, ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор мутаносибан 70,6%-бостонӣ, 23,4%-меъморӣ ва 6%-монументалиро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣаз тарафи мутахассисонивазорат дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ташхиси мероси фарҳангӣ ба анҷом расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2020 3 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуда, 15 нафар довталабон ба мансаб таъин гардиданд ва 11 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат ба аттестатсия фаро гирифта шуданд.

Дар дастгоҳи марказӣ ва 52 муассисаи системаи вазорат теъдоди кормандон мувофиқи ҷадвали корбаст 3488 нафарро ташкил медиҳад, ки айни замон 3031 нафар фаъолият карда истодаанд.

Дар иншоотҳои сохтмони асосӣ - Қасри фарҳанг барои 500 ҷой дар ноҳияи Нуробод, Қасри фарҳанг барои 400 ҷой дар ноҳияи Шаҳринав ва Маркази фарҳанг барои 200 ҷой дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ аз моҳи марти соли гузашта корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуда, идома доранд. Айни замон чор барномаи соҳавӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардида истодааст: «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангиғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020».

Дар соли 2020 ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 5309 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардид. Дар ин давра 214 адад ариза ва дархосту пешниҳоди шаҳрвандон ба вазорат ворид гардидааст, ки 208 адади он ба иҷро расида, 6 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 195 нафар шаҳрвандон қабул гардиданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро равона хоҳад намуд.