Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ  ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва Фестивали заргарӣ» таҳти унвони «Ҳунар омӯз» доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода,  дар маросими ҷоизасупорӣ доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат сухан карда гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ба татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани иқтидори саноатии мамлакат, муаррифии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд. 

Муовини Сарвазири мамлакат ҳамзамон зикр намуд, ки солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба бахши хусусӣ, бахусус ҳунармандону косибон дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳо пешниҳод намуданд, ки ба рушди соҳа ва бештар гардидани шумораи коргоҳу корхонаҳои заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Мусаллам аст, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои   баргузории  фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки  бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст, бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Тоҷикистон-Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Эҳё ва тарғибу ташвиқи  ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои  нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин васила рушди бахши сайёҳӣ аз хадафҳои асосии озмун мебошад. Зеро баргузории чунин озмунҳо  имкон медиҳад, ки ҳунармандон маҳсулоти беҳтаринро  пешниҳоди харидорон ва сайёҳон гардонанд. Тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунари сангтарошӣ ва заргарӣ саривақтӣ  ва барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим мебошад, зеро дастранҷи ҳунармандони асилро метавон ҳамчун армуғони беҳтарини миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» аз рӯи се номинатсия –«Корхонаи истеҳсолӣ»,  «Ҳунарманди касбӣ»  ва «Ҳунарманд» ҷамъбаст гардида, дар номинатсияи «Корхонаи истеҳсолӣ» ширкати «Рухом» зинаи якум, «Асрори санг» зинаи дуюм ва соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Ҳасанов зинаи сеюмро касб намуданд.

Дар номинатсияи «Ҳунарманди касбӣ» сангтарошон Ғолибҷон Усмонов зинаи аввал, Эдӣ Фароғатов зинаи дуюм ва Ҳакималӣ Камолов ҷои сеюмро гирифтанд. Дар номинатсияи «Ҳунарманд»   Абдолбек Қурбонбеков ҷои якум,   Маҳмуд Бобоев, ҷои дуюм ва Достонбек Турсунов ба гирифтани  зинаи сеюм мушарраф гардиданд. Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ғолибон бо диплому сипосномаҳо  ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.