Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамшед Ғанизода: Самти таълим асосан ба эҷод нигаронда шудааст

Дар нишасти матбуотие, ки 12 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти донишкада дар соли таҳсили 2019-2020 барпо гардид, ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат зимни мулоқот бо намояндагони васоити ахбори омма аз дастовардҳои ягона донишкадаи олии таълими ҳунармандие гуфт, ки соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта,  мутахассисони соҳаи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кулолгарӣ ва дизайн дар дараҷаи бакалавр ва магистр тайёр мекунад ва имрӯз дар қатори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд.

Мавсуф қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада дар самти таълим, тарбия, корҳои илмию эҷодӣ, равобити хориҷӣ ва ғайра ба як қатор муваффақият  ноил гардид. Аз ҷумла дар бинои донишкада маркази тестӣ кушода ва бо 30 адад компютер таҷҳизонида шуд. Сессияи имтиҳонотии зимистона дар шуъбаи рӯзона  нисбат ба сессияи гузашта хубтар ҷамъбаст гардида, донишазхудкунии донишҷӯён 95,4 %-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба сессияи гузашта 5,2 % боло рафтааст. Зинаи бакалаврро 256 нафар хатм намуд. Ҷараёни имтиҳони давлатии хатм бомуваффақият гузашт ва бинобар вазъи ба амал омада, яъне дар ҷумҳурӣ паҳн шудани бемории COVID-19 танҳо ба 180 нафар хатмкунанда муяссар гардид, ки дар даври аввал рисолаи бакалаврии худро ҳимоя кунад Аз ин  шумора 10 нафар сазовори дипломи “Аъло” гардиданд. Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ зинаи бакалаври донишкадаро 225 нафар хатм намуд. Феълан, дар донишкада 1784 нафар донишҷӯ, аз ин шумора 1096 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 688 нафар дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд. Дар ин давра ҳайати профессорону олимон ва рассомони донишкада ба мушкилоти рӯз – пандемия нигоҳ накарда, корҳои илмию эҷодии худро идома доданд. Дар маҷаллаҳою рӯзномаҳои илмию оммавӣ зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавии  онҳо ба нашр расида, инчунин 6 китоби дарсӣ, 2 китоб-каталог, 1 монография ва 14 дастури таълимӣ-методӣ таълиф доданд. Маҷаллаи нави илмӣ-эҷодии донишкада бо номи “Мусаввир”, ки охири соли гузашта аз қайди давлатӣ гузашт, имсол нашр мешавад.

Дар ин давра 6 конференсия, аз ҷумла 1 конференсияи илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 6 мизи мудаввар, 16 дарси маҳорати онлайнӣ ва маҳфилҳои бисёри илмии наздикафедравӣ гузаронида шуда, омӯзгорони эҷодкори донишкада дар зиёда аз 50 намоиши сатҳи дохилидонишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷониби онҳо боз 12 намоиши эҷодии инфиродӣ гузаронида шуд.

Ректор  Ҷамшед Ғанизода дар охир қайд кард, ки дар донишкада беҳтарин устодон бо истифода аз методу усулҳои муосири таълим дарс мегӯянд ва самти таълим дар ин ҷо асосан ба эҷод  нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу усулҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ, ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд.