Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 17:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ». Таҳти ин унвон китоби устодони Академияи идоракунӣ ба нашр расид

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайнак Сайнаков, Амид Комилбеков, Насриддин Воҳидов китоби дарсии «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ»-ро бо забони давлатӣ таҳия ва ба нашр  расониданд. 

Тайёр намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ дар ҷумҳурии мо дар давраи Истиқлол ба роҳ монда шуда, имрӯз дар чанд донишгоҳ ва донишкадаҳо факултетҳо ва шуъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ амал менамоянд, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва хизмати дипломатӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети дипломатия ва сиёсат мавҷуд аст, ки ҳамасола  онро теъдоди зиёди донишҷӯён ва магистрантон аз рӯи ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ – зинаи бакалавр ва магистр хатм менамоянд. Маҳз ҳамин сабаб гардид, ки барои факултетҳо ва шуъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ бо забони давлатӣ маводи таълимӣ таҳия карда шавад.

Китоби мазкур дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимии фан тартиб дода шуда, мазмуни он ба талаботи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дигар дастурҳои методии соҳаи маориф ҷавобгӯ мебошад. Пас аз омӯзиши мазмуни маводи мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки муаллифон тавонистаанд бо истифода аз сарчашма ва адабиёти илмию дарсӣ маводи муфассали таълимӣ омода намуда, меъёру талаботи сохтор ва таркиббандии китобҳои дарсиро риоя кунанд.

Дар китоб мавзӯъҳо ва масъалаҳои асосии таърихи муносибатҳои байналхалқӣ, аз давраи кадим сар карда, то ташаккули системаи Версал-Вашингтон пурра баррасӣ гардидааст. Дар он давраҳои асосии таърихи рушди муносиботи қавму қабилавӣ, минтақавӣ, байниминтақавӣ, байнидавлатӣ ва байналхалқӣ, фаъолияти сиёсию дипломатии шахсони намоён ва мазмуни назарияҳо, консепсияҳои асосии муносиботи байналхалқӣ то оғози давраи навтарини таърих инъикос ёфтаанд.

Дар навишти маводи таълимӣ аз адабиёти илмии соҳавӣ, маводи таълимию методӣ васеъ истифода шудааст. Дар чунин ҳаҷм ва намуд тайёр кардани маводи таълимӣ то ҳанӯз аз ҷониби омӯзгорони макотиби олии кишвар сурат нагирифтааст, бинобар ин тавсияи онро дуруст ва саривақтӣ ҳисобидан мумкин аст.

Дар китоб диққати махсус ба сохтори системаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, инчунин нақши бузургдавлатҳо дар ташаккули сохтор, кушода додани мафҳумҳои асосии курс, аз ҷумла қувваҳо, тавозуни  қувваҳо, тартиботи ҷаҳонӣ, мувозинати байналхалқӣ, муътадилӣ, кондоминиуми бузургдавлатҳо ва ғайра дода шудааст.

Китоб барои донишҷӯёну магистрантон, аспирантону докторантон ва омӯзгорони самти муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия ва доираи васеи шавқмандони таърихи муносибатҳои байналхалқӣ пешбинӣ гардидааст. 

АМИТ «Ховар»