Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин» аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон» оғоз мегардад

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон эълон менамояд.

Корманди Осорхонаи миллӣ Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки озмуни мазкур аз 15 феврал то 15 март баргузор гардида, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мешавад.

Тамоми шаҳрванди хориҷӣ метавонанд дар ин озмун иштирок намояд. Беҳтарин хонандаи ин шоҳасар муайян гардида, ғолибон бо мукофоти пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

Иштирокчиён метавонанд ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ-11 муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 227-15-08; 227-86-47