Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Китоби “Осори мунтахаби шоирони барҷастаи муосири дунё” дар Ҷумҳурии Чин рӯи чоп омад

Боиси ифтихори ҳамватанон аст, ки дар ин маҷмӯа дар қатори намояндагон манотиқи гуногуни дунё, чакидаҳои хомаи ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Итииҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим ҷой дода шудааст.

Тарҷумаи ҳол ва 9 шеъри Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби профессори Донишгоҳи Осиё, сармуҳаррири маҷаллаи адабии "Reading, Writing and Learning", сафири ИМА оид ба фарҳанги Чини Бузург "Inner Child International", муҳаррири адабии маҷаллаи байналмилалии "Муколамаи муосир" дар Македония, Тсай Земин ба забони чинӣ тарҷума шуда, пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Боиси тазакур аст, чакидаҳои хомаи шоири меҳанпараст Абдуқаҳҳори Қосим то имрӯз ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, сербӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, полякӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар антологияи (тазкираи) Нависандагони муосири Авруосиё 2019-2020, дар антологияи "Поэтикӣ" Садои шоирони ҷаҳон 2020 "Мексика", антологияи шоирон аз 103 давлати дунё - "Хотираҳо аз ҷашнвораи 30-юми байналмилалии шеъри "Меделлин" – Колумбия (Memorias del 30º Festival Internacional de Poesía de Medellín", антологияи “Гогёшии ҷаҳон”, "World of Gogyoshi" - Ҷопон," Антологияи шоирони ҷаҳон - Непал ва маҷаллаҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Чин, Русия, Украина, Туркия, Озарбойҷон, Бангладеш, Лаҳистон, Руминия, Ҳиндустон ва ғайра инъикос гардидааст. 

 

Шоир Абдуқаҳҳори Қосим, ки айни ҳол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад, барои идома додани роҳи устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода тамоми донишу ғайрати худро равона сохта, ҷаншҳои 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзодаро бо дастовардҳои арзанда, дар сатҳи байналмилалӣ пешвоз мегирад.