Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили адабӣ-мусиқӣ бахшида ба 90-солагии Аҳмад Бобоқулов

15 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов” бахшида ба 90-солагии Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов маҳфили адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил наздикони Аҳмад Бобоқулов ва устодони Консерваторияи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аҳмад Бобоқулов (соли таваллуд 17 январи 1931 ш.Сталинобод, соли ваф. 1990 Душанбе), сароянда (тенори лирикӣ, драмавӣ), донанда ва иҷрогари мақомҳо, Артисти Халқии СССР (1971), профессор (1977) дар хонаводаи устоди мусиқӣ (Бобоқул Файзуллоев) ба дунё омада, омўзишгоҳи мусиқии Душанбе, шўъбаи вокалии Консерваторияи Москва (1954), аспирантураи консерваторияи мазкурро (1962) хатм намудааст.

Фаъолияти пурбори иҷроию эҷодии устод дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ (солист,1954-1956, 1966-1981), Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1956-1966), роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1978-1981), досент, профессор, мудири кафедраи вокалии Институти давлатии омўзгории Тоҷикистон (факултаи санъат то соли 1973), устоди факултаи вокал ва театрӣ, операвии Институти давлатии санъати  Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ифои вазифа намуда,  дар санъати операи миллӣ ва ҷаҳонӣ партияҳои мураккабу муассирро аз операҳои С.Баласанян «Бахтиёр ва Ниссо» (1954, Бахтиёр) А.Рубинштейн «Иблис» (1955, Синодал), Ш.Сайфиддинов «Пўлод ва Гулрў» (1957, Пўлод), Я.Сабзанов «Бозгашт» (1967, Содиқ), З.Шаҳидӣ «Духтаре аз Душанбе» (1967, Хуршед), Р.Леонковало (1967, «Ширинкорон» Канио, С. Урбах «Домоди сохта» (1968, Замон), З.Шаҳидӣ «Комде ва Мадан» (1964, Мадан), Ш.Сайфиддинов «Рўдакӣ» (1976, Рўдакӣ), «Айнӣ» (1983, Айнӣ) ва ғайра иҷро карда, дар вусъати ҳунари иҷроии ин созҳо як таҳввулоти муассире ворид кардааст.

Барои таъсирнок ва ҳаяҷонбахш баромадани образ аз имкониятҳои вокал моҳирона истифода мебурд, мекўшид, ки бо  овози ширадору таъсирбахш нозуктарин тағйироти ботинию зоҳирии қаҳрамонашро ифода созад.

Фаъолияти консертиаш низ бою рангин  буд . Арияҳои мураккаб ва романсҳои қадимию  сурудҳои тантанавиро самимона иҷро кардааст. Дар иҷрои ў овоз, оҳанг ва сухан бо ҳам ҷўр шуда, якҷоя эҳтиросоти гуногуни инсониро ифода мекунад.

Маҳорати иҷроии устод Аҳмад Бобоқулов дар талқини мероси мусиқии мардумӣ, классикаи тоҷик «Шашмақом» падидаи нотакрор буда, сирру ниҳодҳои иҷроии овозхонии суннатиро аз падараш, донандаи бузург Ф. Шаҳобов омўхта, дар фаъолияти овозхониаш бо тозаҳунарӣ истифодаю такмил додаст. Аҳмад Бобоқулов дар ҷараёни кор ва иҷрогариаш дар дастаи ансамбли мақомхонии Кумитаи радио ва телевизион ба сарояндагон имконот, таҷриба, маҳорати муассири иҷроию эҷодиашро омўзонда, шохаҳои муҳими созию овозии «Шашмақом»-ро барои хазинаи тиллоии тоҷик сабт намуда, инчунин сулолаи нави хонандагони мусиқии касбӣ ва касбии суннатиро тарбия кардааст.

Устод  муаллифи чанд дастури омўзишӣ барои овозхонони ҷавон, дарёфти нозукиҳои сирҳои хоси санъати овозхонии устодона («Асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор») аст.

Аҳмад Бобоқулов бо барномаҳои консертӣ дар тамоми шаҳру вилоятҳои Иттиҳоди Шўравӣ, мамлакатҳои Шарқу Ғарб – Эрон, Афғонистон, Канада, Австрия, Олмон, Покистон, Ҳиндустон, Индонезия ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ намуда, дастоварду рангомезиҳои хоси мусиқии тоҷиконро муаррифӣ кардааст.

Барои хидматҳои шоистааш дар рушду санъати иҷроии тоҷик  Аҳмад Бобоқулов бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рўдакӣ (1966), Борбад (1990), Орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, вакили анҷуманҳои 16, 17, 18 – ПК Тоҷикистон, иштирокдори се симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд, 1978, 1983, 1987), Фестивал ва симпозиуми ҷаҳонии мусиқӣ ба ифтихори 1400-мини зодрўзи Борбад, даҳҳо рўзҳои адабиёт, ҳунар, фарҳанги тоҷик дар Чумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, мамолики хориҷист.

Ба хотири хидматҳои бузургаш дар равнақи санъати касбии мусиқии тоҷик Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

Дар махзани маводҳои мусаббати Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар сурудҳои зебову нотакрори ин ҳунарманди зиндаёд бо номи «Республикаи ман», «Ғарибӣ», «Зи сўзи сина» ва ғайра маҳфуз аст. Хонандагони муҳтарам метавонанд онҳоро дастрас намоянд.