Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 17:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Артиши миллӣ - рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ

Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсосоти баланди миллӣ таҷлил мегардад.

Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб конфронси хонандагонро дар мавзӯи «Қувваҳои мусалллаҳ кафили бехатарӣ» бахшида ба 28- умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас директори Китобхонаи вилоятӣ Обидзода Саймуҳаммад Рустам ҳозиринро бо фарорасии 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҷавононро барои хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзу дастовардҳои даврони Истиқлолият ва тамоми арзишҳои Тоҷикистони азиз даъват намуд.

Ҳамзамон дар чорбинӣ Умедҷон Мирзоев - ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ҳомиёни Ватан”, Аминов Бобохон - иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳалимова Нилуфар - лейтенанти калони Коллеҷи милитсия баромад намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки ҷавонони имрӯзаи мо бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли хеш ҳамеша ифтихор намоянд ва барои ҳимояи марзу буми он ҳамеша омода ва тайёр бошанд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, баъди анҷоми қисмати расмии он аъзоёни маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва курсантони Коллеҷи милитсия бо қироати шеър ва савту суруд хотири ҳозиринро шод гардониданд. Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ва хонандагони фаъол бо тӯҳфаҳо ва “Ифтихорнома”- ҳои таъсиснамудаи маъмурияти китобхона сарфароз гардонида шуданд.

Абдулҳакимзода Саодат