Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои рушди илму маориф ва фарҳанг зоҳир карда шуд. Махсусан ишора гардид, ки «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Дар ин робита Пешвои миллат омӯзиш ва татбиқи ташаббус ва таҷрибаи муфиди мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар бисёр муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки «бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад». Ҳамзамон дар Паём натиҷаҳои судманд, ҳадафмандиву нишонрасии озмунҳои қаблии дар қаламрави мамлакат баргузоршуда «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боқаноатмандӣ ёдрас шуд ва чуноне, ки Пешвои миллат ишора карданд: «Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад».

Дар Паём қайд гардид, ки «таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад» ва ишора шуд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд ва мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем. Илова бар ин, хотирнишон шуд, ки соли гузашта барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон шумораи гирандагони стипендияи президентӣ зиёд карда шуда, барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 ступендияи ин гурӯҳ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдом аз ғамхориҳои навбатии Президенти мамлакат дар самти дастгирии илму маориф дарак медиҳад.

Дар Паём ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд ва дар ин робита ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки нерӯи нави илмӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатикунонии мамлакат бештар саҳм гирад. Ҳамчунин дар Паём олимони мамлакат вазифадор карда шуданд, ки корҳои илмиву таҳқиқотии хешро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Ба касе пӯшида нест, ки масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон дар сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои миллат ҷойгоҳи намоёнро ишғол мекунад ва ин гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша аз меҳрубониву ғамхориҳои Сарвари давлат бархӯрдоранд. Дар Паёми имсола, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Илова бар ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидаанд, мутаносибан ба андозаи 20 ва 50 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамзамон дар Паём таъкид шуд, ки «арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад». Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд.

Пешвои миллат дар поёни Паёми хеш аҳаммияти ҷашнҳои бузурги миллиамонро, ки дар шинохти воқеии фарҳангу тамаддуни миллати сарбаланди тоҷик нақши мондагор доранд, самимона тавзеҳ дода, таъкид карданд, ки «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».

Ин ва дигар таъкиду супоришҳои Президенти мамлакат дар самти тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, пешгирӣ намудани терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, метавонанд ба ҳайси масоили мубрами замони муосир мавриди арзёбӣ қарор гиранд ва ҳамчун барномаи мукаммал барои муназзамсозии рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, бахусус илму маориф ва фарҳанг мусоидат намоянд.

Шариф Комилзода,
муовини директори Пажӯҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент