Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паём - наҷотбахши фардои дурахшон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне ироа гардид, ки мо халқи тоҷик дар давраи воқеан ҳам таърихӣ - дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон оид ба рушду нумӯи устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хоҷагии мамлакат ва беҳтаршавию баландбардории дараҷаи некӯаҳволии халқ андешаҳо ва дастуру ҳидоятҳои хешро возеҳу равшан баён намуданд.

Маъмурияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб“ ба мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ дар байни китобдорони китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, инчунин бо донишҷӯёни шуъбаи “Китобдорӣ”-и Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов суҳбати пурмӯҳтавоеро баргузор намуданд. Китобдорон бо эҳсоси баланди ватандӯстию ободкорӣ ҳар як дастуру ҳидояти созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор додаанд.

Мо китобдорон вазифаи худ медонем, ки бо мақсади тарғиби ҳамаҷонибаи захираи китобӣ дар байни хонандагон дастуру супоришҳо ва нишондодҳои муҳими дар Паём дарҷ гардидаро мавриди омӯзиши хонандагон қарор диҳем ва ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа дода барои иштироки фаъолонаи довталабон ба озмунҳои дар пешистода масъулияти баланд зоҳир намуда, дар кори аз худ намудани дастовардҳои илмию технологияи муосири ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовори худро гузорем.

Оқилова Заррина - корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба
номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»