Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 16:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ХИЗМАТИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ВА ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

Имсол аз таъсиси Артиши миллии мо, ки сипари боэътимоди давлат, таҳкимбахши Истиқлоли миллӣ, муҳофизи ваҳдати сартосарии мардум, ҳимоятгари марзу буми кишвар, таъмингари ҳуқуқу озидиҳои шаҳрвандон, кафили амнияту суботи Ватан, мояи ифтихори кулли мардуми кишвар аст, 28 сол сипарӣ мешавад. Набояд фаромӯш созем, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи 28 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд.

Дар ҳақиқат, таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Он дар даврони ҳастии худ борҳо собит намудааст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздаш гузошташударо, ки пеш аз ҳама, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар мебошад, сарбаландона иҷро мекунад. 28 сол мешавад, ки Атиши миллии мо таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи Ватани маҳбубамон, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳои истиқлол, пойдору мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки ҳамчун вазифаи муқаддасу пуршараф аз шартҳои асосии таъмини оромиву осоиштагии давлат ва ҷомеа маҳсуб мешаванд, устуворона қадам ниҳода истодааст.

Бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. Вазъи воқеии имрӯзаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ куллан тағйир ёфта, шароити хизмат батадриҷ беҳбуд меёбад. Сол ба сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Сабаби асосии он афзудани шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ мебошад. Бинобар ҳамин, Ҳукумати ҶТ ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимӣ қарор додааст.

Имрӯз аксарияти ҷавонони бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст ва бо амри дил ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда истодаанд. Ин падида ифодагари ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони тоҷик буда, эҳсоси ватанпарастии онҳо торафт боло рафта истодааст, зеро хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳеҷ як давлате бидуни Артиши миллӣ устувору поянда нахоҳад монд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ин мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишвар, махсусан насли ҷавон мебошад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон яке аз муҳимтарин мактабҳои обутоби ҳаёт аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар яки мо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзем. Ин вазифаҳои муҳимро мо вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, муваффақ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтар он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора гуфтаанд: «Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлоли миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад». Хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар, барои некӯаҳволии фарзандон ва ободии рӯзгори худи инсон аст.

Ҳамаи мо дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем, халқи мамлакатро бовар кунонем, ки бо хизмати намунавӣ ва бо меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва нерӯи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем. Бо дилу ҷон ба Ватан хизмат карда, доимо бар он кӯшем, ки мамлакатамон ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоишта ва хуррамбоғи фароғату роҳати пирон ва дунёи равшану босафои кӯдакон бошад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст».

Зоҳид САИДОВ,
Ҳасан АЗИЗОВ,
“Илм ва ҳаёт”