Сомонаи пешина | Дш, 21 Январ 2019 | 11:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертӣ барои пиронсолон

 

28 январи соли 2018 ба муносибати ҷашни Сада дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» чорабинии фарҳангӣ ва хайриявӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорони Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ба номи Аҳмад Бобоқулов» дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Ҳамсафар» ташкил гардид.
Мақсади асосии чорабинӣ руҳбаланд ва дастгирӣ намудани пиронсолон ва маъюбон буд.
Дар барномаи ҷолиби консертӣ донишҷӯён бо сурудҳои пурмазмун ва оҳангҳои дилнавоз хотири пиронсолон ва маъюбонро болида гардониданд.