Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 09:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили илмию фарҳангӣ дар ДДФСТ

1.04.21.2Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 31-уми марти соли равон  бахшида  ба  50 — солагии фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодии номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна Гулчеҳра Нуъмонова барномаи илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳири Маҳмадризо, чеҳраҳои маъруфи фарҳанг ва санъати кишвар Қурбони Собир, Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷон Шодиев, Лутфулло Давлатзода, аввалин хатмкардаҳои донишкада Иматхудо Амрихудоев, Шамсиддин Шаҳобиддинов, Бобохон Шулашов, Абдушукур Саломов, Умар Алиев — профессори факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд.

Чорабинии илмию фарҳангиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки муаллима Гулчеҳра Нуъмонова яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва ҳунари ҷумҳурӣ буда, солҳои тӯлонӣ бо фаъолияти густурдаи худ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва ҳунари мамлакат саҳми муносиб гузоштаанд. Мавсуф баъди хатми мактаби миёна ба факултаи санъати Донишкадаи далатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, бо таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таҳсилро дар шуъбаи актёрии факултаи театрӣ — бадеӣ идома доданд ва соли 1974 ин шуъбаро бо дипломи аъло хатм намуданд.

Маҳорату малака, таҳлили масоили илмӣ ва тахассусӣ, шинохту ташхиси мушкилоти соҳа ва дигар хислатҳои наҷиби муаллима Нуъмоноваро ба назар гирифта, раёсати вақти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ӯро барои таҳсил ба шуъбаи аспирантураи Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи ба номи Н. Черкасови Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург) фиристод. Таҳсил дар бузургтарин боргоҳи фарҳангу санъати шӯравӣ диди илмӣ ва бадеӣ-эстетикии Г. Нуъмоноваро тавсеа бахшида, ӯро ба дараҷаи кадри ба талаботи замон ҷавобгӯи соҳаи фарҳангу санъат тарбият кард. Ин буд, ки баъди хатми аспирантура ба кори эҷодӣ, ҳунарӣ ва омӯзгорӣ пардохта, аз вазифаи муаллими кафедраи нутқи саҳна то ба дараҷаи декани факултаи театрӣ-бадеӣ сабзид.

Ректори донишкада тазаккур дод, мавсуф дар баробари фаъолияти фарҳангӣ ва роҳбарӣ, ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ низ ҷалб шуда, соли 2004 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои дифои Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми маориф дар ҷомеаи ташаккулёбандаи тоҷик» ҳимоя намуд.  Ҳамзамон, бо истифода аз таҷрибаи бойи фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ дар раванди шинохт, ташхис, нигаҳдорӣ, ҳифз ва муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ ва фаромиллӣ саҳми муносиб гузоштаю гузошта истодааст.  Зиёда аз сӣ  мақолаи илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ — оммавӣ, инчунин  китобҳои  дарсиву  бадеиаш,  ки  бо  забонҳои  хориҷӣ  низ  чоп  шудаанд,  дар ташаккули маърифати донишҷӯён нақши созгор дошта, ба онҳо ғизои  маънавӣ  мебахшанд. Гуфта шуд, ки дониш, маҳорату малака, таҷриба ва собиқаи кории Г. Нуъмонова барои насли наврас ва ҷавони ҷомеаи театрӣ намунаи ибрат буда, мактаби таъсисдодааш беназир аст.

Намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳири Маҳмадризо иброз дошт, ки таҷрибаи мактаби эҷодию ҳунарӣ ва илмии дохиливу хориҷӣ ва дар айни замон ҳамкорӣ ва сабақгирӣ аз бузургтарин ходимони давлатию ҷамъиятӣ, арбобони фарҳангу санъати миллӣ, назири Меҳрубон Назаров дар фаъолияти минбаъдаи муаллима  Нуъмонова самари хуб дода, ӯро дар ҷодаи санъат ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба омода намуд. Муаллима дар солҳои гуногун ба ҳайси муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод фаъолият намудаанд. Зикр гардид, ки муаллима Гулчеҳра Нуъмонова  барои  хизматҳои  бисёрсолаи  бенуқсон  дар  соҳаи  маориф,  саҳми  арзанда гузоштан дар  таълиму  тарбияи  насли  наврас,  тайёр  намудани  кадрҳои  болаёқат  ва  иштироки  фаъолона  дар  ҳаёти  ҷамъиятӣ  бо  нишони сарисинагии  Аълочии  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадрдонӣ  шудаанд.

Дар бахши илмии чорабинӣ Гулчеҳра Нуъмонова мавзӯи “Ҳаракати саҳна ва методикаи таълими он” — ро матраҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки асосҳои ҳаракати саҳна иҷрои амали вазифаҳое мебошад, ки ба тарбияи дурусти шогирдон дар касби актёрӣ боис мегардад. Баъди ба низоми кредитӣ гузаштан, талабот нисбат ба барномаҳои дарсӣ дигар гашта,  ба омӯгорон ва роҳбарияти кафедра барои таҳияи барномаҳои нави таълимӣдастур дода шуд. Бо роҳбарии мудири кафедра аз бахши фанҳои тарбияи пластики “мавзуният”, “Харакати саҳна” ва “шамшерзанӣ” (мураттиб Г. Нуъмонова), инчунин барномаҳо аз фанҳои “ҳусни баён”, “нутқи ровии телевизион”, “нутқи саҳна” (мураттиб С. Боев) бо диди нав таҳия гардиданд.

Муаллими калони кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна Собир Боев дар ин бахш китоби “Асосҳои ҳаракати саҳна” — и И. Э. Кохро, ки Гулчеҳра Нуъмонова аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, рӯнамоӣ намуд. Зикр кард, ки Гулчеҳра Нуъмонова ҳангоми дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор карданаш ҳам ҳеҷ гоҳ аз тахассуси ҳунари актёрӣ дур набуд. Ҳангоми сафар ба кишварҳои хориҷӣ ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои давлатӣ, ба ҷустуҷӯи навгониҳои санъати актёрӣ, бахусус тарзи ҳаракати  хоси мардумони дигар баромада, тарзи сару либос, рафтори ҷанговарони асрҳои гуногунро шинохта, барои бой гардонидани дастурҳои илмии худ маводи зиёде ҷамъ оварда, роҳҳои разму набардҳои Эрону Юнон, Руму Миср ва дар маҷмӯъ мардуми чаҳон, ки нависанда ва драматургҳои  шинохта,  мисли  Эсхил, Софокл, Шекспир, Шиллер, В. Гюго  дар асарҳояшон равшан тасвир намудаанд,  шинохтану донистан  ва  аз пайи амалу омӯзиши онҳо шуданро  муҳим мешуморад. Инчунин, тавони иҷрои саҳнаҳои ҷангӣ аз таърихи Англия, Фаронса, Испания, Русия ва тохтутози муғулу  истилои арабро дар китоби “Асосҳои ҳаракати саҳна” нишон  додааст.

Гуфта шуд, ки муаллима ҳамчун муҳаққиқи соҳаи фалсафа бештар ба ҳаракатҳои мавзун, трюкҳои ҷанги саҳнавӣ, нигоришҳои кайҳонӣ оварда, метафораи зебои саҳнаро дар рангомезии “сояҳо”, “ҳаракатҳои локомоторӣ” ва “мавҷ” — ро дар дарёи ҳунар инъикос намудааст.

Сипас, ҳамкурсону шогирдон, аз қабили Умар Алиев, Иматхудо Амрихудоев, Шамсиддин Шаҳобиддинов, Бобохон Шулашов, Абдушукур Саломов, Қурбони Собир, Ортиқи Қодир ва Муҳаммадҷон Шодиев суханронӣ намуда, аз замони донишҷӯӣ ва давраҳои гуногуни фаъолияти якҷояи кориашон хотироти ҷолиб нақл намуданд.

Дар бахши фарҳанги ҳамоиш шеърҳои “Устод”, “Модар”, “Аё модар…”, рақсҳои “ҳиндӣ”,“Завқи ҷавонӣ”, “Шодиёна” ва оҳангҳои халқӣ бо унвони “Попурӣ” дар иҷрои устодону донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонда шуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ