Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 10:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб

05.04.21Бо мақсади нигоҳдошт ва омӯзишу тарғиби арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, донишҳои умумибашарӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юм то 9-уми апрели соли 2021 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони “Хуҷаста бод Истиқлол!”-ро баргузор менамояд.

Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии наврасон ва ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки санаи 2-юми апрел дар театри мазҳакаи-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи ш.Кӯлоб кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар фестивал шоири дустдоштаи бачагон Ҷура Ҳошимӣ иштирок намуда аз эҷодиёти хеш барои кӯдакону наврасон шеърҳо қироат намуд. Ҳамзамон муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб Орзу Ҳомидиён, мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Одинаев Абдураҳим, шоири ҷавону умедбахш Файзи Ашур бо сухани табрикотӣ тамоми ҳозиринро бахшида ба кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» шодбош намуданд. Сипас Озмунҳои бахшида ба фестивал омода гардидаи китобхонаҳои оммавӣ ва муҳассилини макотибҳои шаҳр аз ҷумла: «Намоиши китобӣ» ва «Дастони моҳир» ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд дар рафти чорабинӣ ҷамъбаст гардиданд.

Абдулҳакимзода Саодат
корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти 
Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ
дар шаҳри Кӯлоб»