Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти ҳисоботии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе

1245878963256Рӯзи 12 апрели соли 2021, соати 10/00 бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони консертии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов консерти ҳисоботӣ баргузор менамояд.